ХАБАРИ ДОҒ

Балҷувон: вокуниш сари вақт аст!

  • Чоршанбе, Нояб 30 2022

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки мақолаи дар ҳафтаномаи СССР аз 27.10.2022, №43 (736) таҳти унвони «Мо ва мансаби мо» бо сарлавҳаи «Раисони газетахон...» ва «Раисони газетанахон...» чопшударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Ёдрас менамоем, ки ҳафтаномаи СССР дар н.Балҷувон хонандагони зиёд дошта, матлабҳои дар он нашршуда бо назардошти таҳлилӣ ва танқидӣ буданашон диққати бештари қишри ҷомеаро ба худ ҷалб намудааст. Махсусан, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ ҳар ҳафта шумораҳои нашршудаи ҳафтанома дастраси масъулин гардонида шуда, вобаста ба самтҳои инъикосгардида бо дарназар гирифтани масъалаҳои ба н.Балҷувон дахлдошта тадбирҳои фаврӣ равона карда мешаванд.

Дар баробари ин, ба рӯзномаҳои дигари даврӣ низ чунин муносибат ба роҳ монда шуда, дар ин доира Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.02.2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» асоси фаъолият қарор дода шудааст. Яъне ҳар 1 мақолаи танқидӣ ва ё таҳлилии нисбати ноҳия дар воситаҳои ахбори омма нашршуда ва ё нишондодашуда мавриди корбарии масъулин қарор дода шуда, вокунишҳо сари вақт гардонида мешаванд.

Раиси ноҳияи Балҷувон ҳар ҳафта бо назардошти мутолиаи мақолаҳои дар рӯзномаҳои даврӣ, махсусан ҳафтаномаи СССР чопшуда, гарчанде ба н.Балҷувон дахл надошта бошанд ҳам, дар ҷаласаҳои назоратии назди раис бо иштироки тамоми сохторҳои ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро вазифадор менамоянд, ки дар сурати мавҷудияти камбудиҳо дар самтҳои алоҳида, ки дар рӯзномаҳои даврӣ чоп гардидаанд, чораҷӯиҳои фавриро ба роҳ монанд. Яъне раиси н.Балҷувон дар баробари ҳалли дигар масъалаҳои ҷойдошта барои мутолиаи мақолаҳои дар рӯзномаю ҳафтаномаҳо чопшуда вақти муайян чудо намуда, ҳамаи онҳоро омӯзиш намуда, мавриди баррасӣ ва корбарӣ қарор медиҳад.

Бахтиёр Сафарзода,

раиси н.Балҷувон  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter