Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи ҳафтаномаи “СССР” зери унвони “Н.Хусрав: Бемасъулиятӣ дар соҳаи маориф!”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади санҷиши далелҳои дар он дарҷшуда зери роҳбарии муовини вазири маориф ва илм З.Абдулзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, муассисаҳои таълимии н.Носири Хусрав, аз ҷумла муассисаҳои таълимии дар мақола номбаршуда мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Дар мақола, нахуст, сухан доир ба таъмири Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия меравад. Бояд зикр кард, ки биноҳои муассисаҳои таълимӣ дар тавозуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, бояд аз ҳисоби буҷети мақомот таъмир карда шаванд. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба Вазорати маориф ва илм барои таъмири муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағ ҷудо намегардад.
Гурӯҳи кории вазорат дар н.Н.Хусрав аз муассисаҳои таълимии №№1, 6, 7, 11, 12, 16, 20, 25, 26 ва гимназияи №1-и ноҳия дидан намуда, дар қатори масъалаҳои дар мақола матраҳшуда ба масъалаҳои риояи интизоми меҳнат дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омодагии омӯзгорону хонандагон ба дарс, аз ҷониби хонандагон бо худ овардани китобҳои дарсӣ, давомоти хонандагон, вазъи пур намудани журналҳои синфӣ, тозагии синфхона ва гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ, норасогии омӯзгорон ва китобҳои дарсию бадеӣ, шумораи хонандагон дар синфҳо ва муассисаҳои таълимӣ, вазъи кабинетҳои технологияи иттилоотӣ ва истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, ҷорӣ намудани таълими равиявӣ дар синфҳои 7-11, омодагӣ ба фасли зимистон, истифодаи мақсадноки заминҳои наздимуассисавӣ ва ғайраҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, дар толори МТМУ №26-и ноҳия бо иштироки директорони муассисаҳои соҳаи маориф ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он З.Абдулзода дар қатори баррасии натиҷаи санҷиши гурӯҳи корӣ ва мақолаи ҳафтаномаи “СССР” доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд ва истифодаи усулҳои нави таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, иқдомҳои роҳандозишуда аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва чанде дигар ёдовар шуда, инчунин, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда аз ҷониби гурӯҳи кории вазорат супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон