ХАБАРИ ДОҒ

Ховалинг: раис газета мехонад

  • Чоршанбе, Дек 14 2022

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.02.2009, таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии ВАО» маводи таҳлилии нашргардидаро дар газетаи СССР бо иштироки шахсони масъули мақомоти иҷроия мавриди баррасӣ ва хулосабардорӣ қарор дод.

Ба иттиллои ҳайати эҷодӣ ва ихлосмандони рӯзнома расонида мешавад, ки барои пурмуҳтаво ва фарогирии масъалаҳои доғи рӯз, ки бо таҳлилу арқоми мушаххас ба хонанда пешниҳод карда мешаванд, ҳар як шумораи рӯзнома шахсан аз тарафи раиси ноҳия мутолиа гардида, барои ислоҳи камбудиву норасоиҳои ба ҳаёти ноҳия вобаста сари вақт ба масъулин дастурҳо дода мешавад.

Тавре дар мақола дарҷ гардидааст, ба 2 маводи дар рӯзнома нашршуда ба идораи нашрия вокуниш нишон дода шуда, расман тариқи хаттӣ ҷавоб гардонида шудааст.

Аз нашрҳои ҳарҳафтаинаи рӯзнома вобаста ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия огоҳ гардида, мақомот ҳатман вокуниш нишон медиҳад, агар маводи нашршудаи бевокуниш бошанд номгӯяшро пешниҳод кунед, бо тариқи хаттӣ ҷавоб гардонида мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чун ҳарвақта мудом аз нашри маводи таҳлиливу танқидии васоити ахбори омма воқиф гашта, барои ислоҳи камбудиҳо ва пешниҳоди вокуниш чораҳои амалӣ меандешад.

М.Маҷидӣ,

раиси н.Ховалинг

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter