ХАБАРИ ДОҒ

Телефони худ не, духтарашро шикаст...

  • Чоршанбе, Дек 21 2022

 

 

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 07.02.2009, №622 муроҷиати шаҳрванд Қурбонов Ҳамро бо номи «Барои телефони худам ҷарима шудам», ки дар рӯзномаи «СССР» аз 0610.2022, №40 (733) нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Муайян гардид, ки бо ҳукми суди н.Шаҳринав аз 14.09.2022 Қурбонов Ҳамро бо моддаи 255 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои қасдан несту нобуд кардани молу мулки ғайр, ки боиси ба ҷабрдида расонидани зарари ҷиддӣ шудааст) гунаҳгор дониста, ба ӯ бо татбиқи моддаи 63-и ҳамин Кодекс ҷазои ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 6400 сомонӣ таъин карда шудааст.

Бо таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.10.2022 ҳукми суд бетағйир, шикояти кассатсионии Қурбонов Ҳ. беқаноат мононда шудааст.

Тавре аз маводи парвандаи ҷиноятӣ бармеояд, Қурбонов Ҳ. барои он маҳкум карда шудаст, ки рӯзи 3 июли соли 2022, соати 7:30 дақиқа ҳангоми дар саҳни ҳавлии манзили истиқоматии худ, воқеъ дар н.Шаҳринав, Ҷамоати деҳоти Сабо, деҳаи Қади ҷӯйбор буданаш, аснои ҷанҷол телефони мобилии тамғаи «SAMSUNG Galaxy А12»-и духтараш Қурбонова Гулбаҳор Ҳамроқуловнаро аз дасти наберааш гирифта, ба замин зада, шикаста, ба ҷабрдида зарари ҷиддӣ расонидааст.

Тибқи экспертизаи судӣ-молшиносӣ аз 04.08.2022, №476 арзиши телефони зикргардида 1963 сомониро ташкил медиҳад.

Ваҷҳи муроҷиати Қурбонов Ҳ. оиди он ки ӯро барои телефони мобилии худаш ҷарима кардаанд, қобили қабул намебошад. Зеро аз протоколи гирифтани далели шайъӣ, аризаву нишондодҳои дар рафти тафтиши пешакӣ ва судӣ додаи ҷабрдида Қурбонова Г.Ҳ. муайян шудааст, ки телефони мобилии тамғаи «SAMSUNG Galaxy A12»-po ҷабрдида аз «Алифсармоя» ба маблағи 2700 сомонӣ, яъне бо маблағи пулии худ харидорӣ намудааст.

Ш.Лутфуллозода,
муовини якуми
раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter