ХАБАРИ ДОҒ

«Доғи судӣ» бояд бекор шавад

  • Чоршанбе, Дек 21 2022

 

    Салом ба СССР-и азиз! Пешниҳоди чанде аз бародарони гиромӣ – хонандагони газетаи мардумиро дар бораи бекор кардани талаби маълумотномаи «доғи судӣ»-ро хонда хурсанд шудам. Зеро ҳамин талаби маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ ҳангоми ба кор ё донишгоҳ дохил шудан, ҳатто пеш аз сафари хориҷа қариб, ки дарди сар шудааст.

Биёед аввал аҳолии кишвар, пасон теъдоди маҳбасшудагонро ҳисоб кунем, дар қиёс шумораи собиқ маҳбусон назар ба аҳолии коршоям хеле кам мебарояд. Тасаввур кунед, ки 1 ҷавон бо ҳазорон орзу донишгоҳро хатм карда, ба халқу Ватанам хизмат мекунам гуфта, ба кор меояд, вале маълумотнома аз ВКД талаб мекунанду Худоё накарда, ҷурме дошта бошад, «ту доғи судӣ дорӣ!»- гуфта ҳукмашро мебароранд. Бо ҳамин рӯҳияи ҷавононро мешикананд.

Маҳмуд Муҳаммадӣ,

н.Шаҳритус,

Тел: 936006400

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter