ХАБАРИ ДОҒ

 

Мо бисёр чизҳои бебаҳо дорем, ки аз доштанаш худамон дарак надорем. Яке аз ин доштаҳомон ҳамин Шиноснома аст, ки моро шаҳрванди Тоҷикистон нишон медиҳад. Мо зӯри ин Шиносномаи худро ҳам нашинохтаем.

 Медонем, ки шиносномаи шаҳрванди Амрико, Инглис, Эрон, Исроил... доштан хуб чизест. Лекин оё бо шиносномаи Амрико мешавад Эрон, ё Куриёи Шимолӣ, Куба... рафт? Бо шиносномаи Эрон Исроил рафт ва баракс чи?... Шиносномаи кишвари зӯр шаҳрвандро зӯр намекунад. Шаҳрванди зӯр шаҳрванди кишвари пухта аст.

 Шиносномаи Тоҷикистони мо аз кам шиносномаҳо дар ҷаҳон аст, ки дар ҳама ҷойи рӯйи Замин пазируфта шудаст. Хоҳӣ Амрико рав, хоҳӣ Эрону Куриёи Шимолӣ. Куҷо хоҳӣ рав.  Барои чунин шудани Шиноснома, барои роҳҳои бози мо, ҳазорон кас кор кардаанду мекунанд. Ва решаи ҳамаи корҳо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст. Сипос аз якояки онҳое, ки ин сиёсатро пиёда кардаанд, аз Президент сар карда, то вазири хориҷиву консулу сафирҳои мо....

Савфат Бурҳонов,

Олмон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter