ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Баҳодур хабари маргат бароям бисёр сахт буд. Аз беморият огаҳӣ доштам, вале умед доштам шифо меёбӣ. Вақте Зокир занг заду хабари маргатро дод, дар роҳ аз Душанбе ба суйи Бохтар будам. Боварам наомад, фейсбукро кушодаму хабари Шамсуллоро хондам. Бароят сахт гиристам. Пеши назарам ҳамеша шӯхиҳоямон меомаду хандаҳоят. Сағераи самсабилат мегуфтам, ҷавоби кӯтоҳ - "пиржурналист" гуфта, механдидӣ.

Дӯстам то ҳол дар шокам, боваранокарданист, ки дигар дар байнамон нестӣ. Дигар дар ҷамъомаду нишастҳои матбуотӣ бо шӯхиҳоят аз буданат дарак намедиҳӣ. Дӯст, бародар, ҳамкасби азиз, роҳат сафед, хонаи охиратат обод бод! Худованд раҳмату мағфиратат кунад!

Сайраҳмон Назриев,

журналист,

ш.Бохтар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter