ХАБАРИ ДОҒ

Ҷоизаи О. Ҳошим ва Муқаддас Набиева...

  • Чоршанбе, Дек 28 2022

 Бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақоми кормандони соҳаи фарҳанг, рушду такомули санъати касбӣ ва театрӣ дар вилоят Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар риштаи мусиқии суннатии фалак ба номи Одина Ҳошимов, дар бахши санъати эстрадаи миллӣ ба номи Муқаддас Набиева, дар риштаи санъати театр ва ҳаҷв ба номи Аловуддин Абдуллозода ва дар бахши санъати рақси миллӣ ба номи Туйдӣ Бобиева гузошта шудааст.

Ғолибони ҳар номина бо Диплом, медал ва 5000 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Барои дарёфти ҷоиза ҳунармандони аз 18 то 50-солае, ки дар муассисаҳои фарҳангии қаламрави вилояти Хатлон на кам аз 5 соли охир фаъолияти эҷодӣ доранд, метавонанд довталаб бошанд.

Рамазон Насриддинзода,

сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter