Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод мақолаи «Тарбузфурӯши фиребгар», ки дар шумораи - №29 (722) ҳафтаномаи «СССР» рӯзи 2.07.2022 нашр гардида буд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳар сол дар арафаи идҳои Қурбон ва Рамазон болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ на танҳо дар бозори ноҳия, балки дар тамоми бозорҳои дигар шаҳру ноҳияҳо ба чашм мерасад. Бо нархе, ки муаллиф тарбуз харидааст, дар соли ҷорӣ аз 15 сомонӣ вобаста ба андозаи маҳсулот то 25 сомонӣ ба фурӯш бароварда мешуд. Маҳсулоти дарназардоштаи Ҳокими Сафар аз дигар шаҳру ноҳияҳо ва бозорҳои ҷумҳурӣ барои фурӯш ба ноҳия оварда мешавад. Вобаста ба танзими нарх тибқи нақшаи чорабиниҳо МИҲД ҳафтае 2 маротиба аз тарафи кормандони бахши рушди иқтисод ва савдо санҷишҳо гузаронида шуда, зери назорати доимӣ қарор дорад.
Тибқи маълумоти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия аз тарафи мутахассисони марказ оиди фурӯши маҳсулоти полезӣ дар марказҳои хизматрасонӣ ва бозорҳои ноҳия, аз ҷумла дар бозори «Истиқлол»-и деҳаи Мискинободи шаҳраки «30-солагии Истиқлол» мунтазам бо соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Инчунин, аз тарафи духтури бозори номбурда барои сари вақт муайян намудани нитрит ва нитрати маҳсулотҳое, ки ба фурӯш бароварда мешавад, пеш аз фурӯши он санҷиш гузаронида мешавад.
Н.Маҳмадзода,
муовини раиси н. Файзобод