Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен мақолаи шаҳрванд Каримов Рустам таҳти унвони «Қабристон ё баҳона», ки дар газетаи «СССР» ба чоп расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Бояд гуфт, ки қабристонҳои деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол аз асри XV то инҷониб фаъолият менамояд. Қабристон дар ин муддат барои ҷой намудани майитҳо бо сабаби набудани ҷой душворӣ мекашид, аз ин лиҳоз бо дархости мардуми деҳа қабристонҳои куҳна ҳамвор карда шуда, ҷойҳои нав барои дафн намудани майитҳо омода карда истодаанд. Барои тозаю обод нигоҳ доштани гирду атрофи қабристон мардуми деҳа дастгирӣ менамоянд.
Дар деҳаи Сафедтеппа қабристони дуввум дар маҳаллаи Чӯш ҷойгир буда, аз асри XIII фаъолият менамояд. Қабристони мазкур низ ба ҷой ниёз дорад, аз ҳамин лиҳоз мардуми маҳаллаи мазкур барои обод намудани қабристон корҳои ободониро низ оғоз намудаанд.
Темурҷон Нӯмонзода,
раиси н.Спитамен