ХАБАРИ ДОҒ

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Норак мақолаи танқидии дар нашрияи «СССР» аз 20.10.2022, №42 (735) зери сарлавҳаи «Раисони газетахон» ҷой дода шудааст, мавриди муҳокима қарор дод.

Масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Норак рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, № 622 «Оид ба мустаҳкам намудани низоми иҷроия, баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа»-ро зери назорати доимӣ гирифта, баҳри дар амал татбиқ намудани он корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.

Бояд қайд намуд, ки аз тарафи хадамоти матбуоти раиси шаҳри Норак ҳамарӯза пешравию дастовардҳои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангиро дар сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр интишор менамоянд. Боиси қайд аст, ки аз ҳисоби музди маоши кормандони мақомоти иҷроия аз ҷумла раиси шаҳр ба рӯзномаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ба маблағи 4916 сомонӣ обуна шудаанд, ки аз ин шумора 2 нусхаро газетаи мардумии «СССР» ташкил медиҳад.

Бо дастуру супоришҳои бевоситаи раиси ш.Норак иҷроиши Нақшаи обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ барои соли 2023 ба ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ 100 фоиз таъмин карда шуда, 130 нусхаро газетаи мардумии «СССР» дар бар мегирад.

З. Ҳакимзода,

муовини раиси ш.Норак

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter