ХАБАРИ ДОҒ

Файзобод: дарвозаи Заркамар ба талабот ҷавобгуй аст!

  • Чоршанбе, Янв 25 2023

МИҲД н.Файзобод ба самъи шумо мерасонад, ки матлаби шаҳрванд Ҳокими Сафар, ки дар шумораи №51 (744) - и ҳафтаномаи СССР аз 22.12.2022 зери унвони “Танзимро кӣ назорат мекунад?” нашр гардидааст, бори дигар дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии н.Файзобод ва БДА - и ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Муаллиф дар мақола оид ба шоҳроҳи Ҷамоати шаҳраки “30- солагии Истиқлоли давлатӣ”- и ноҳия (собиқ Ҷамоати деҳоти Мискинобод), дарвозаи даромадгоҳи деҳаи Заркамар, гарон будани нархи роҳкиро ба самти шаҳраки Обигарми ш.Роғун ва танзими ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи шаҳраки Лолагии ноҳия навиштааст. Бори дигар ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки роҳи мазкур дар ҳолати хуб қарор дошта, танҳо рӯзҳои якшанбе аз сабаби фаол будани бозори “Истиқлол” ба ронандагон мушкил пеш меояд. Албатта, бобати ҳалли ин проблемаи ронандагон мақомот ҷораҳои заруриро андешида истодааст.

Вобаста ба дарвозаи даромадгоҳи деҳаи Заркамар бояд ҳаминро зикр кард, ки дарвоза бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар асоси лоиҳаи ангоравӣ бо баланди беш аз 5 метр ва паҳноии зиёда аз 9 метр бунёд гардида, ба талаботи замон ҷавобгӯй сохта шудааст.

Вобаста ба гарон будани нархи роҳкиро бошад, ҳаминро бояд гуфт, ки қимат шудани роҳкиро ин ба гарон шудани нархи сӯзишворӣ дар кишвар вобаста буда, бо коҳиш ёфтани нархи маводи сухт роҳкиро низ арзон мешавад.

Дар мавриди шоҳроҳи шаҳраки Лолагии ноҳия бошад зикр кардан ба маврид аст, ки, ҳамарӯза кормандони БДА - и ноҳия барои танзими ҳаракат дар роҳ чораҳои заруриро меандешанд. Хушбахтона дар ин фасли сармо кормандони БДА - и ноҳия рӯзу шаб дар шоҳроҳ барои танзими ҳаракат дар роҳ ба мардум хизмат менамояд.

Н. Маҳмадзода, муовини раиси н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter