30.12.2022. Дар даромадгоҳи н.Айнӣ назди кӯпруки мошингузар мошинае, ки гази моеъ мекашид ба садама дучор гашта, роҳро банд мекунад. Агар ҳодиса пагоҳи рӯз рух дода бошад, мусофирону ронандагон дар ин ҳавои сард асабӣ гашта, то соати 7-8-и бегоҳ дар интизори кушодашавии роҳ истоданд. Дар 2 тараф мошинҳои зиёде чунон бетартибона ҷойгир шуданд, ки ҳангоми равона шудан ба якдигар монеъа эҷод намуда, боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ мегардиданд.
Нозирони БДА дар н.Айнӣ вазифадор буданд, ки дар чунин ҳолат тартиботи дурусти мошинҳоро ба амал оварда, дар ҷойҳои бехавф ва кушод мошинҳоро манъ кунанд, аммо чунин амал мушоҳида нашуд. Мусофирону ронандагон шукрона доштанд, ки ҳаво сард бошад ҳам, боришот нест. Агар боришоти барф мебуд дар ин мавзеъ чӣ қадар нооромиҳо рух медод. Ошхонаҳои маркази ноҳия дар чунин ҳолат бояд хизматрасонии хуб мекарданд, аммо бегоҳӣ ҳама аз кор монданд…
03.01.2023. Шабона дар ағбаи Шаҳристон то маркази ноҳия барфи баланд борида, роҳро чанд соат манъ намуд. Бо меҳнати шабонарузии кормандони ширкати IRS роҳ аз барф тоза гардида, равуои нақлиёт 04.01.2023 ба роҳ монда шуд. Муттаассифона, дар натиҷаи дуруст набудани назорат аз тарафи кормандони БДА н.Айнӣ дар мавзеъҳои садамавии роҳ тамбашавии мошинҳо боз аз 2 тараф рух дода, нақлиёт бетартибона ҷойгир шуда, боиси садамаҳои нав мегардиданд. Роҳ мушкилгузар буд. Агар кормандони БДА бо масъулони роҳ алоқа карда, мошинҳоро дар нуқтаи назоратии ноҳияи Айнӣ, ҷои кушоди бехавф манъ мекарданд, тамбашавии мошинҳо дар ҷои хафнок ба амал намеомад.
Ҷамолиддин Ҷалолиён,
н.Айнӣ