ХАБАРИ ДОҒ

Шиори разилонае, ки солҳост дар рушду нумӯъи мо монеъагиҳо эҷод мекунад аз забони касифи баъзан нимчамуллоҳои интернетӣ садо мезанад.  Ҷомеаи мо бемор аст. Сахт бемор. Решаи ин бемориро дар зарбулмасалу мақолҳои мардумӣ метавон пайдо кард. Бубинед мақолу зарбулмасалҳое, ки ба занон рабт доранд, чиро ифода мекунанд:

-Занро бизан, агар намурд бо табар бизан...

-Зана худаш чию гапаш чӣ?

-Мӯдарози камақл.

-Зан - тухми шайтон.

-Ҷойе, ки марди 7 сола аст, зани 70 сола омин намекунад.

-Дарахти макри зан 100 реша дорад,

Фалак аз дасти зан андеша дорад...

-Духтар моли мардум.

Ин ҳарфоро аз кӯдакӣ шунида, муносибати хуб доштан ба занҳо ғайриимкон аст.

Ё худи ҳамин қасам хӯрдан, ки: "Зан бошам агар ин кора накунам"...

Бояд бигӯем ки агар ин кора анҷом надиҳам, инсон набошам.

Зан пеш аз ҳама ИНСОН аст.

Барои ман нишони солимии ҷомеа ин сатҳи арҷгузорӣ ба занону кӯдакон аст.

Ҷомеае, ки ба зан-модар, зан-хоҳар, зан-ҳамсар арҷ намегузорад, рӯ ба таназзул хоҳад овард.

Даврон Аминӣ,

ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter