Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Файзобод вобаста ба мақолаи «Замин ҳасту қарор не...», ки аз 06.01.2022, №1 (694) дар рӯзномаи «СССР» бо қалами Ҳокими Сафар оиди ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони мағозаи китоб рӯйи чоп омадааст, итиллоъ медиҳад, ки баъди нашри мақолаи мазкур бо муаллиф аз ҷониби мутахассисони соҳаи замин суҳбат гузаронида шуд.
Қитъаи замини дарназардоштаи муаллиф ба заминҳои зери сохтмони Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии хоҷагии ба номи А. Назиров тааллуқ дорад ва ба моддаи 172-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замине, ки таҳти истифодаи КВДТ ба номи А. Назиров қарор дорад, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи қокимияти давлатии н.Файзобод бегона карда намешавад.
Муаллиф қаблан низ бо чунин мазмун ба мақомоти дахлдор муроҷиат намуда буд ва барои сохтмони иншооти номбурда аз дигар мавзеъ қитъаи замин пешниҳод гардид, вале ӯ пешниҳоди мутахассисонро рад намуда, дидаю дониста қитъаи замине, ки тақсимоташон тибқи тартиби муайянгардида дар салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, дархост менамояд.
Бинобар ин, ба муаллиф аз ҷониби мутахассисон маслиҳат дода шуд, ки метавонад дар ҳолати розигӣ додан аз дигар мавзеъ хоҳишаш қаноатманд гардонида шавад.
Н.Маҳмадзода,
муовини раиси н. Файзобод