Прокуратураи вилояти Суғд ваҷҳҳои дар мақола зери унвони “Директори бе таҷриба чӣ лозим?”, ки дар ҳафтаномаи СССР таҳти №46 (739) аз 17.11.2022 ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Санҷиши прокурорӣ нишон дод, ки бо фармоиши мудири шуъбаи маорифи н.Мастчоҳ аз 04.11.2022, А.Раҷабзода ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ҳамин ноҳия бар хилофи “Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъин карда шудааст.
Аз ҷумла, тибқи талаботҳои мазкур шахсе, ки ба вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таъин карда мешавад, бояд собиқаи кории омӯзгории на кам аз 7 сола дошта бошад. Аммо бар хилофи ин талабот А.Раҷабзода, ки собиқаи кории омӯзгории ҳамагӣ 3 сола дорад, бо фармоиши зикршуда ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 н.Мастчоҳ таъин карда шудааст.
Бинобар ғайриқонунӣ қабул шудани фармоиши мазкур аз тарафи прокуратураи вилояти Суғд ҷиҳати бекор кардани он эътироз оварда шудааст.
Ф.Хоҷазода,
прокурори вилояти Суғд,
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3