Салом, СССР - и азизу додраси мо! Гап дар он аст, ки маводи пешниҳод намудаамон сари вақт дастраси кормандони рузнома намегардад ва мо онро маҷбурем такроран тавассути почтаи электронӣ ирсол намоем. Аз минбари баланди ин рӯзнома аз масъулони Хадамоти алоқаи кишвар пурсиданием, ки кай хизматрасониҳои интернетӣ ва алоқаҳои мобилӣ муназзам мегардад. Дигар ин ки ба муроҷиати мо кормандони ширкати Тcell баҳонаи барқ ва ваъдаи "корбарӣ карда истодаанд"-ро пеш меоранд.
Барои мисол: 1 чумлаи ҷавобии хонум Ҷамила, ки соати 10:28 ба мо ирсол карда шуд, соати 16:14 омада расид. Худ қазоват кунед...
Ин дар ҳолест, ки Президенти кишварамон ин масъаларо ҳам дар Паёми хеш ва ҳам дар ҷаласаи васеи ҳукумат мавриди баҳс қарор дода, масъулинро ҳушдор карда буданд, то дар ин самт корро ҷиддӣ ба роҳ монанд.
Мирмасъуд Қурбонов,
н.Деваштич