ХАБАРИ ДОҒ

 

Ислом 2 мазҳаби бузург, таҳаммулпазир, инсондӯст, сулҳҷӯй, маърифатпарвар ва созанда дорад – исмоилия ва ҳанафия, ки хушбахтона, ҳар 2 беш аз 1000 сол боз дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза аз нуфузи хоса бархурдоранд.

Агар дар тӯли тамоми таърих аз номи дини ислом ба сари мардуми тоҷик ҷабре омада бошад, пас ҳатман ҳузури нохуҷастаи мазҳабҳои дигар дар миён будааст.

Имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки баъзе касон таълимоти мазҳаби худро аз дигар ҷараёнҳо фарқ накарда, арзишҳои онро зери по менамоянд ва ҷомеаи орому осудаи Тоҷикистони азизамонро ноором карданӣ мешаванд.

Ҳамватанони азизам, ҳанафиёну исмоилиён!  Биёед ба арзишҳои дар тӯли қарнҳо озмудашудаи ҳамин 2 мазҳаби худ содиқ монем, онҳоро гиромӣ дорем, иваз накунем, ба иғвоҳои шахсони шӯрапушту тафриқаандоз дода нашавем, даст ба дасти ҳам диҳем ва оромию осудагии давлату миллати худро нигоҳ дорем.

Ягон мафкураи дигар ба дарди мо намехӯрад. Бовар кунед!

Ато Мирхоҷа,

шоир

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter