ХАБАРИ ДОҒ

Бохтар: масъулияти шаҳрнишинӣ мелангад…

  • Чоршанбе, Апр 19 2023

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Бохтар мақолаи «Чаро Кӯлоб тозаву Бохтар ифлос аст?»- ро, ки дар газетаи СССР нашр шуда буд, бо иштироки васеи фаъолони шаҳр, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, имомхатибон, директорони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ҷаласа раиси шаҳр бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ ба ифтихори 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ ба сокинони шаҳр, омӯзгорон, табибон, кормандони ташкилоту идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, ҷавонон ва аҳли толор муроҷиат намуд, ки дар ин кор бетараф набошанд. Ба ифлос шудани кӯчаю хиёбон, роҳравҳо, гулгаштҳо, ҷойҳои фароғатӣ, гирду атрофи биноҳои баландошёна роҳ надиҳанд ва масъулияти баланди шаҳрнишинӣ ва шаҳрдориро риоя намоянд.

Дар робита ба ин дар назди раиси шаҳр ситоди фаврӣ баргузор гардида, гурӯҳҳои корӣ бо роҳбарии муовинони соҳавӣ вазифадор карда шуданд, ки барои дар муҳлати кутоҳтарин ислоҳ намудани мушкилоти зикргардида тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Вобаста ба ин масъала ҳашари умумишаҳрӣ эълон гардида, бо мақсади тақвият бахшидани корҳои ободонию сабзкорӣ бо кӯмаки раисони маҳаллаҳо ва фаъолони шаҳр, ба ҳолати 3 марти соли ҷорӣ нақшаи ниҳолшинонӣ 11642 адад ё худ 50,6 фоиз иҷро гардида, аз он сояафкан 4300 адад, ҳамешасабз 3710, гулу гулбуттаҳо 495646 адад ва дигар навъ дарахтони нодири каталпа, каштан, туя, можевелник, сосна, сирийский дрог ва серена ба анҷом расонида шуда, ҷиҳати ба шаҳри сабз ва гулҳо табдил додани ш.Бохтар ин иқдомҳо пайваста вусъат дода мешаванд.

Ҷиҳати пешгирӣ аз сохтмонҳои худсарона қайд кардан зарур аст, ки нақшаи генералии ш.Бохтар дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2011, № 660 тасдиқ гардида, иншооте, ки айни замон дар шаҳр сохта шуда истодаанд, дар доираи нақшаи генералӣ ва бо мувофиқаи муаллифи нақшаи генералӣ - Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар»-и ш.Душанбе амалӣ карда мешаванд.

Ф.Баротзода,

и. в. Раиси ш.Бохтар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter