Ба маълумоти Шумо мерасонем, мақолаи Раҳимов Моҳир Рустамович, ки дар ҳафтаномаи «СССР» аз 02.02.2023, №4 (479) таҳти сарлавҳаи «Мушкилот дар қонун аст ё дар татбиқи он?» ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Бояд қайд кард, ки ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ва маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад, дар моддаи 209 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин дар моддаи 126 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ барои танҳо ба фурӯш баровардани маҳсулоти бесифати хӯрокворӣ, ки дар таркибашон ба андозаи зиёд моддаҳои кимиёвӣ, заҳрдор, консерогенӣ ва омехтаи биологӣ доранд, аз ҷумла маҳсулоти дар хона тайёршуда, ки муҳлати истеъмолашон гузаштааст, пешбинӣ менамояд.
Боиси тазаккур аст, ки барои фаро расидани ҷавобгарии ҷиноятӣ бо моддаи 209 Кодекси ҷиноятӣ муҳим нест, ки шахс қаблан ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида бошад ё дар давоми соли пас аз таъини ҷазои маъмурӣ чунин ҷиноят содир намояд. Яъне ҷавобгарии ҷиноятӣ бо ин модда новобаста аз мавҷуд будани нн шартҳо фаро мерасад.
Бинобар ин, ваҷҳи муаллифи мақола дар хусуси он, ки танҳо баъди бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан, мумкин аст шахс бо моддаи 209 Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардад, ба муқаррароти зикргардидаи қонунгузорӣ мувофиқат намекунад.
Вобаста ба ваҷҳи дигари муаллиф оид ба он ки судҳои ҷумҳурӣ ба масъалаи банду басти кирдори гунаҳгорон баҳои дурусти ҳуқуқӣ надода, ба судшавандаҳо ғайриқонунӣ ҷазои ҷиноятӣ таъин менамоянд ва дар натиҷа онҳо беасос доғи судӣ мегиранд, бояд қайд намуд, ки Суди Олӣ бо мақсади баратараф шудани камбудию норасоиҳо, инчунин таҷрибаи якхелаи таъини ҷазо мунтазам ба категорияи алоҳидаи парвандаҳо ҷамъбасти амалияи судӣ гузаронида, аз натиҷаи он ба мақомоти тафтиши пешакӣ ва судҳо тавсияҳо пешниҳод менамояд.
Ш. Лутфуллозода, муовини якуми раиси Суди Олии ҶТ