ХАБАРИ ДОҒ

Чанд моҳ пештар аз истгоҳи назди бозори н.Данғара ба 1 таксии шахсӣ нишаста, барои дар ҷанозаи хешам иштирок кардан, роҳи деҳаи Фалҳободи ҷамоати деҳоти Кангурти н.Темурмаликро пеш гирифтам. Аз Данғара то Кангурт 30 километр роҳ мебошад. Дар назди деҳаи Фалҳобод аз таксӣ фаромада, ба ронанда 10 сомонӣ дароз кардам. Таксичӣ 5 сомон гирифту 5 - сомонии дигар бақия гардонда дод. Аз таксичӣ пурсидам, ки бародар ин қадар роҳи дарозро тай кардем, чаро роҳкироро кам гирифтӣ? Таксичӣ гуфт: бародар мошини ман бо газ ҳаракат мекунад, газ арзон шудааст, роҳкиро ҳам арзон шудааст.

Аз ҷамоати деҳоти Киров то бозори «Фаровон»-и ш.Бохтар 10 километр роҳ аст. Ҳар рӯз аз истгоҳи ҷамоат то бозори «Ҳоҷӣ Шариф» ва бозори «Фаровон» 20-25 таксӣ ва машруткаҳои шахсӣ ба мусофиркашӣ машғуланд. То бозори «Ҳоҷӣ Шариф» нархи роҳкиро 3 сомонӣ, то бозори «Фаровон» 4 сомонӣ буд. Арзиши гази моеъ, бензин ва солярка арзон шуду ронандаҳо нархи роҳкироро бардоштанд. Ронандаҳои бевиҷдони баднафс 1 сол зиёд мешавад, ки аз рӯи мақоли «Гӯр сӯзад, дег ҷӯшад» амал карда, то бозори «Ҳоҷӣ Шариф» ва бозори «Фаровон» аз 2 тараф омадурафт 6 сомонӣ мегиранд. Ба кӣ арзу дод гӯем, намедонем.

То бозори «Ҳоҷӣ Шариф» ва бозпас 5 сомонӣ диҳем, ронандаҳо ҷангу ҷанҷол мебардоранд.

Кош мисли дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои мо низ автобус ҷудо мекарду мо баҳузур автобуссавор ба Бохтар омаду рафт менамудем.

Ҳазратқул Бобохонов,

ҷамоати Киров,

н.Вахш

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter