Нависанда Неъмати Бобоҷон 20 марти соли 1942 дар деҳаи хушманзараи Қалъачаи Калон, дар оилаи деҳқони заҳматкаш ба дунё омадааст. Ӯ аз овони наврасӣ ба эҷод майл пайдо карда, чакидаҳои қаламаш дар давраи мактабхонӣ дар рӯзномаи шаҳрӣ чоп мешуд.
Неъмати Бобоҷон пас аз хатми дабистон ба Институти омӯзгории ш.Душанбе дохил шуда, мактаби ҳизбии ш.Тошкандро ҳам хатм кард. Баъдан аз соли 1977 то 1982 ҷонишини муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳозира «Ҳақиқати Суғд»), сипас мухбири махсуси рӯзномаи мазкур то соли 1992 буд. Пасон то соли 1995 муҳаррир – ташкилотчии рӯзномаи байниноҳиявии «Заҳматкаш», баъдан то соли 2002 сармуҳаррири «Паёми Истаравшан» шуда кор кардааст. Ҳаҷвияҳояш саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриро зеб медоданд. Маҷмӯаҳояш бо номҳои «Бозор зинда бошад», «Кӯчахандонак», «Кори тоҷикон кушода нашуд», «Гӯр мансаб шавад», «Зиндаятим», «Зани аскар», «Сталин - бобо», «Хонаи умед» чоп шудаанд.
Аз соли 1996 узви ИНТ буд. Аз апрели соли 2002 раиси бахши Истаравшании ИНТ шуда, дар тарбияи соҳибистеъдодҳои ҷавон ва чопи китобҳо саҳми зиёд гузоштааст. Ӯ дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Зуфархон Ҷавҳарист.
Китоби калони «Асарҳои мунтахаб»-ашро бахшида ба 80 солагии адиб аҳли байту хешовандон чоп карданд. Ҳол он, ки мебоист зодрӯзи адибро МИҲД шаҳр таҷлил намуда, яке аз кӯчаҳои деҳаро ба номаш номгузорӣ мекард. Чаро накарданд?!
Ба ғайр аз ин соли равон 80-солагии узви ИНТ шоир Султонмурод Ҳоҷибоев, 90-солагии нависанда Баҳодур Файзулло ва 100- солагии академик Раҷаб Амонов дар пеш аст. Ҳукумати ш.Истаравшан бояд адибони хешро фаромӯш накунад!
Одинаи Ҷумъазод,
китобдӯст