ХАБАРИ ДОҒ

 

Зери ҳамин унвон дар ҳафтаномаи «СССР», №17 аз 04.05.2023 мақолаи бонуи фарҳангию асилзода Манижа Саидисломзодаро мутолиа намудам.

Манижабону ҳақиқатан масъалаи асосии ба зиндагии мусулмонон вобастабударо қайд намудааст. Чи хеле, ки дар мақола омадааст, ҳоло аксар одамон ба масъалаи ҳалолу ҳаром бепарво буда, бештар мекӯшанд, ки маблағу маводи бисёре дошта бошанд. Барои онҳо роҳу сарчашмаҳои пайдоишаш фарқе надорад.

Ҳам худ луқмаи ҳаром мехӯраду ҳам фарзандонашро бо луқмаи ҳаром ба воя мерасонад.

 Дар деҳа зиндагӣ дорам. Мебинам, ки баъзе ашхос замини давлатро аз меъёри муқаррарнамуда зиёдатӣ истифода мебаранд, ё баъзе қитъаҳои заминро ба дигарон мефурӯшанд. Бадии кор дар он аст, ки ходимони дин вокунише нишон намедиҳанд, баръакс дар паҳлӯи онҳо, тарафдори онҳо мебошанд.

Ба ин мақола Шурои Уламо, ходимони дин, шахсони муътабар бояд вокунише нишон дода, паҳлӯҳои дигари ҳаёти мусулмононро доир ба масъалаҳои ҳалолу ҳаром шарҳу эзоҳ диҳанд, то ки аҳли ҷомеа ба ин масъала дуруст сарфаҳм равад.

Гар ту мехоҳӣ мусулмон зистан,

Нест имкон ҷуз ба Қуръон зистан.

Бегмат Маҳмадов,

н.Тоҷикобод  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter