ХАБАРИ ДОҒ

Салом СССР! Ман Лайло Ғуломова, омӯзгор ҳастаму 2 фарзанд дорам. Шавҳарам аз мо ҷудо шуда, оилаи дигар барпо кард. Ман бо писаронам, ки яке 4 сола буду дигарӣ 2-сола ба хонаи падарам дар н.Дустӣ, деҳаи Бадахшон баргаштам. Фарзандонамро худам ба воя расондам. Дар ҳавлии падарам ба ғайри ман 2 янгаам бо кӯдаку келину набераҳо зиндагӣ мекунанд. 

Писаронам Алихон, таваллудаш соли 1996 ва Амирҷон, соли таваллудаш 1998 аст. Моҳи октябри соли 2017 аз тарафи комиссариати ҳарбии н.Дӯстии вилояти Хатлон омада, ҳарду писарамро ба хизмат бурданд. Пасон ба ман ваъда доданд, ки ба шумо қитъаи замин ҷудо мекунем. Аммо аз ин байн 6 сол гузашт, то ҳол аз замин ягон хабар нест. 

Таҳияи Оламгули Мазлум,  

журналист 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter