ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 20 Июн 2019 11:51

   22.06.2019 соати 6:00 дар назди Шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахти кишвар машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ  бо иштироки беш аз 5 ҳазор нафар доир карда мешавад. Ин машқи дастаҷамъона дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҳаракати олимпӣ-23 июн баргузор хоҳад гашт.

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ ба ифтихори Рӯзи ҳаракати олимпӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳандозӣ карда мешавад.

 

Панҷшанбе, 20 Июн 2019 10:50

   Шоми 21.06.2019 дар майдони 800 солагии Маскав, саҳни Театри опера ва балети ба номи с.Айнӣ барномаи калони фарҳангӣ баргузор мешавад, ки он ба Рӯзи байналмилалии мусиқӣ- (Fête de la Musique)-Ҷашнвораи Диҷейҳо бахшида шудааст.

    Чуноне ки ба мухбири мо дар Маркази фарҳангии «Бохтар» хабар доданд, барномаи иҷроӣ дар саҳни театри мазкур аз соати 18:00 то соати 22:00 идома хоҳад ёфт. Ҷашнвора тавассути Маркази Фарҳангии Бохтар ва Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон баргузор гашта, даромад озод аст.

 

 

Панҷшанбе, 20 Июн 2019 10:44

    Шикояти сармоягузори украинӣ Виталий Костюк ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ боиси аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хориҷ шудани 2 мансабдори баландпоя гашт.

    Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати сармоягузори Украинӣ Виталий Костюкро дар хусуси аз ҷониби сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар в.Суғд Сангинзода Мирзоравшан ва муовини сардори шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентӣ дар в.Суғд Неъматзода Шариф Камол поймол намудани ҳуқуқояш ҳангоми бозгашт мавриди пайгирӣ қарор дод.

    Чуноне ки сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, тибқи хулосаи санҷиши хизматӣ кирдори ғайриоинномавии Сангинзода Мирзоравшан ва Неъматзода Шариф Камол муайян гардида, онҳо аз вазифаи ишғолнамудаашон озод ва аз хизмат дар ҳайати Агентии назорати маводи нашъаовар хориҷ карда шуданд. Нисбати рафтори шахсони мазкур, ки айни замон аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор тафтиш мегардад, баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.

 

Панҷшанбе, 20 Июн 2019 09:57

   Сар аз 15.06.2019 ҳар 1 сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, аз ширкати Tcell барои 10 рӯз SIM-корти сайёҳии ройгон ва бе бақайдгирӣ мегирад. Чунин созишнома аз ҷониби милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД ҶТ  ва оператори телекоммуникатсионии Tcell ба даст оварда шуд. 

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, SIM-корт ба ҳамаи сайёҳони болиғ дар шуъбаи милитсияи сайёҳӣ, дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ва дар ҳамаи нуқтаҳои наздисарҳадӣ дода мешавад, инчунин барои гирифтани SIM-корти сайёҳӣ ба идораи милитсияи сайёҳӣ муроҷиат кардан мумкин аст. Ҳамчунин сайёҳон метавонанд пеш аз омадан ба кишвар тавассути ширкатҳои сайёҳӣ барои гирифтани SIM-корт ба милитсияи сайёҳӣ ариза фиристанд. Дар тавозуни ҳар 1 корт 100 дақиқа вақт барои зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет барои истифода дар давоми 10 рӯз мавҷуд аст. Ҳамчунин соҳибони чунин кортҳои сайёҳӣ метавонанд пурра ройгон ба телефони милитсияи сайёҳӣ занг зананд. 

   Гуфта мешавад, ки операторҳои маркази дархостӣ ба сайёҳон бо якчанд забонҳои хориҷӣ маълумот медиҳанд: русӣ, англисӣ, чинӣ ва ғ. Илова бар ин, соҳибони SIM-кортҳои сайёҳӣ ба SMS-огоҳонии чорабиниҳои асосии фарҳангӣ ё ҳолатҳои рафънопазир, офатҳои табиӣ дар кишвар пайваст карда шудаанд, ки дар бораи рӯйдодҳои охирин дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. 

   Барои гирифтани SIM-корти сайёҳӣ, шаҳрвандони хориҷӣ бояд шиноснома ва раводиди электрониро пешниҳод кунанд (агар SIM-корт пешакӣ дархост карда шавад). Рақами телефони милитсияи сайёҳӣ дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: 770 55 55 55

 

Чоршанбе, 19 Июн 2019 11:56

 

Шарифхони Тағоймурод-журналисти маскуни ш.Маскав, ки ба ватан баргаштааст, дар саҳифааш бонги изтироб зад, ки:

-Ҳой, мардум! Ҳафтаи гузашта, чанд рӯзамро сарф карда, ба зиёрати мазори Султон Увайси Қаранӣ ба н.Ховалинг рафтам. Вале дар газетаи СССР хондам, ки ин бузургвор дар ин ҷо гӯронда нашудааст. Пас, ман киро зиёрат кардам? Кӣ ба ман ин моҷароро шарҳ медиҳад?

Аз СССР: Воқеан ҳам аксарияти мазороти Тоҷикистон мазорҳои ифтихориянд, яъне дар онҳо ягон бузургвори ислом хоб нест. Мазори ифтихорӣ ин аст, ки мардуми мухлиси ин бузургворон, ки имконияти зиёрати қабри ишонро дар қораи Араб надоштанд, инҳоро бунёд кардаву тавоф мекарданд. Дар мазҳаби мо, зиёраташон қабул буд. Зимнан аз Шумо низ қабул аст! 

Дар ин бора чанд шумора аст, ки Ҳотам Асозода дар газетаи мардумии СССР менависад. Матлаби зер низ ба ҳамин мавзуъ бахшида шудааст. Мо Метавонем!

 

Абӯмуҳаммад Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Мӯсо Ризо с.845-847 дар Мадинаи мунаввара чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хонаводаи онҳо баъди чанд муддати зиндагӣ дар Мадина ба шаҳри Сомаррои Ироқ мекӯчанд. Муаррихон сабаби аз Мадина ба Сомарро тағйир додани макони иқоматро дар он дидаанд, ки эътибору шӯҳрат ва мақоми Ҳодӣ-падари Ҳасан, рӯз ба рӯз афзудан гирифт ва ин ҳолат ба халифа писанд намеомад ва ягона роҳи дар муҷодала нашудани худро бо халифа дар кӯчидан дид. Ӯ баъди 10 соли ба Сомарро омаданашон аз дунё гузашт. Тибқи васият ӯро дар хонае, ки мезист, ба хок супурданд. 

Номи дигари ш.Сомарро Мадинат-ул-аскарӣ буд, яъне онро шаҳри аскарҳо мегуфтанд. Дар ин шаҳр аскарони халифа иқомат доштанд. Ҳатто худи халифа дар ин шаҳр макони иқомат дошт. Калимаи аскарӣ дар номи Ҳасан ҳамчун ишорае ба макони зист илова шуд. Дар сарчашмаҳо номи модари Ҳасани Аскариро Савсан меоранд. Бархе аз маъхазҳо Ҳадиса гуфтаанд. Мутаассифона, дар бораи модари Ҳасан маълумоти аниқе мавҷуд нест.

 

Мазори Имом Ҳасани Аскарӣ куҷост?

Имом Ҳасан с.873-874 мелодӣ дар синни 28-29 солагӣ аз олам чашм пӯшидааст. Баъди вафоти ӯ дар Бағдод овозае паҳн шуд, ки имом баъди истеъмоли таоми заҳролуд фавтид. Дарвоқеъ, мухолифони хонадони Пайғамбар (с) ба ҳар кор қодир буданд. Баъди вафот ҷасади ӯро дар хоки Ироқ ба хок супориданд. Ва писари 5-солаи ӯ Муҳаммад (лақабаш Маҳдӣ)-ро ба маснади хилофат интихоб карданд. Бо вуҷуди он ки Имом Ҳасан имоми 11-уми аҳли ташайюъ аст, байни пайравони аҳли тасаннун маҳбубияти хос дорад. Ҳатто аз рӯи ихлоси баланд болои кӯҳи баланди н.Ш.Шоҳин (Шӯробод)-и вил.Хатлон маконеро бо номи ин шахси фозил мақбараи Имом Аскарӣ ном гузоштаву ба зиёратгоҳ табдил доданд. 

 Мардуми зиёд тобистону тирамоҳ болои кӯҳ баромада, вориди ғоре мешаванд, ки дохилаш назди чашмаи мусаффо қабри хоксоронае ба чашм мерасад. Ва ин қабрро ба Имом Ҳасани Аскарӣ нисбат дода, зиёрат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки меҳмонон ҳангоми зиёрат дар сӯрохии кӯҳи торик дуқат шуда, тахмин 30 метрро тай карда, то қабри ифтихориие, ки Имом Аскарӣ нисбат дода шудааст, мерасанд. Ҳини вуруд ба дохили ғор аз болои сари зоирон чакраҳои оби мусаффо мечаканд. Аҷобаташ ин аст, ки аз ғор берун шудан замон дар либос осоре аз чакраҳои борон мушоҳида намешавад.

Ҳотам Асозода

Махсус барои СССР

 

Чоршанбе, 19 Июн 2019 11:50

 

Шояд 30-солагии Истиқлолияти миллӣ ва давлатиамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ бо номи шевову зебо ва шарафманди аслии хеш, яъне ТОҶИК ҷашн мегирем?! Ё боз 30 соли дигар мазоҳу истеҳзои варианти русии насаби миллат мемонем???

Чоршанбе, 19 Июн 2019 11:41

 

Чоршанбе, 19 Июн 2019 11:19

 

1. Р.Абдураҳим: Кенҷаев президент!!!

25.10.1992, соати 6:00-и субҳ ба бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ дастаҳои ҷиноӣ аз ш.Турсунзода ҳамла карданд. Ба ин дастаҳо Раиси собиқи ШО Сафаралӣ Кенҷаев фармондеҳӣ мекард. Дастаи ҷиноии 300-нафараро, ки бештарашон шаҳрвандони Узбакистон буданд, қумандонҳои саҳроии ш.Турсунзода ва н.Шаҳринав сарварӣ доштанд. Дастаҳои мусаллаҳ бинои Ҳукуматиро зери тирборон гирифта, баъди ворид шудан ба бино, ҷевонҳо, говсандуқ (сейф)-ҳоро шикаста, пулу пайса меҷустанд. Маҳз ба ин хотир ман онҳоро на "Фронти халқӣ", балки дастаи ҷиноӣ унвон мекунам. Рустами Абдураҳим бо даъвати Кенҷаев аз ш.Кӯлоб ба ш.Турсунзода омада, ҳамроҳи ӯ ба ш.Душанбе рафт. Кенҷаев ва Р.Абдураҳим бо ҷангиёни худ, субҳ бинои Кумитаи радио ва ТВро тасарруф намуданд. Р.Абдураҳим тавассути Радиои Тоҷикистон С.Кенҷаевро президенти Тоҷикистон эълон кард.

 

2. Рустамро кушта, пас оташ мезананд...

Тақрибан соатҳои 9 роҳбарияти ҷумҳурӣ ҳам бедор шуда, аз қумандонҳои саҳроии мухолифин даъват карданд, ки шаҳрро аз вуҷуди ҷинояткорон тоза кунанд. Озодсозии Кумитаи Радио ва ТВ ба зиммаи Абдуғаффор Худойдодов вогузор шуд, ки яке аз бераҳмтарин фармондеҳони мухолифин будӣ. Ба мулло Абдуғаффор аён шуд, ки Кенҷаев дар дивизияи 201-и ФР паноҳ бурдаву Р.Абдураҳим бошад ба самти кӯчаи Бухоро гурехтааст. Худойдодов фавран ба ҷустуҷӯи ӯ мебарояду пайдо мекунад. Ҷангиёни мухолифин Р.Абдураҳимро қапида, ба ҳудуди автобазаи 3 оварда, вориди утоқе карда, 7 нафар ҷангӣ аз автомат тирборонаш намуданд. Пас аз ин ҷасади хуншори ӯро дохили халта карда, ба маҳаллаи ДОК бурданд. Ҷасадро дохили қуттии партовгоҳ дохта, оташ заданд. 

...Нохудогоҳ дар сари одам фикре хутур мекунад, ки оё мешавад исломистонро мусалмон ҳисоб кард? Инҳо бештар шабеҳи ҳайвон дар пӯсти одамӣ буданд...

Давлатхоҷа Назиров,

доктори илмҳои фалсафа, узви ИНТ, афсари мустаъфии КДАМ

Таваллуди Рустамона

Оҳангсоз, машшоқ, яке аз таъсисдиҳанда ва иштирокчиёни фаъоли Фронти халқии Тоҷикистон Абдураҳимов Рустам, 5.05.1938 дар деҳаи Момандиёни н.Мӯъминобод таваллуд шудааст. Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.1993, баъди кушта шуданаш), Аълочии маориф ва фарҳанги Тоҷикистон. Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо соли 1966 хатм кардааст.

Солҳои дароз дар авбошзотарин мактаби миёнаи №6, шаҳри Кӯлоб, аз забони англисӣ дарс мегуфт. Вале бештар бо корҳои фарҳангиву сурудхонӣ ва конкурсҳо банд буд. Воқеан ҳам хатмкунандагони ин мактаб, ки дар водии Кӯлоб обрӯи вежае доштанд, аз сутунҳои Фронти халқӣ гардидаву дар соҳибобрӯ шудани муаллими англисиашон саҳм гузошта буданд.

Аз соли 1991 мудири маркази илмӣ-методии Хонаи эҷодиёти халқ ва аз соли 1992 сардори Раёсати фарҳанги собиқ вилояти Кӯлоб. Мавсуф дуторнавози моҳир низ буд. Савту ромишҳои эҷодкардаи ӯ «Навои Хатлон», «Хайрбод», «Гулгашти Самарқанд», «Нӯшбод», «Навои Момандиён», «Сӯзи булбул», «Аллаи Модар», «Дарди ишқ», «Баргрез», «Фироқ», «Гулафшон», «Ҷилваи кокул», «Сӯзи дил» ва ғ.ҳ., мухлисони зиёд пайдо кардаанд. Зиёда аз 40 оҳанги раҳматии Рустам дар хазинаи тиллоии радио ва ТВи ҷумҳурӣ маҳфузанд. Навозишҳои ӯро фирмаи «Мелодия» ба тариқи стерео дар қарта сабт намуда, дастраси умум гардонидааст. Иштирокчии фестивалҳои байналмилалии мусиқанавозон дар РСС Қазоқистон (с.1987) ва шаҳри Ленинград (с.1988). Қасри фарҳанг ва мактаби мусиқии №1-и шаҳри Кӯлоб, чандин мактаб дар навоҳии Шӯрообод ва Мӯъминобод ба номи Рустами Абдураҳим гузошта шудаанд.

 

саҳ 3 аз 12

Китобҳо

Flag Counter