ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 13 Июн 2019 14:07

   15.06.2019 дар ш.Душанбе 5-умин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт. Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.

     Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, барои иштирок дар кори ҳамоиши мазкур сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои узв, аз қабили Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун,  Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Корея,  Қирғизистон, Муғулистон, Аморатҳои Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон, Фаластин, Русия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Шри-Ланка ва кишварҳои нозир, аз ҷумла Беларус, Индонезия, Филиппин, Малайзия, Украина, Америка, Япония, ташкилотҳои байналамилалии нозир, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Анҷумани парламентии кишварҳои туркзабон, созмони шарик-Созмони Ҳамкории Шанхай ва меҳмони ҳамоиш-Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ба ҳам меоянд.

   Гуфта мешавад, ки ҷараёни кори Ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро 650 нафар намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ, рӯзномаву маҷаллаҳо, радио, телевизион ва бунгоҳҳои хабарӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, ИМА,Чин, Канада, Баҳрайн, АМА, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Русия, Ироқ Иттиҳоди Аврупо ва ғайра инъикос мекунанд.

   Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст. Мақоми олии қабули қарор нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узв буда, он дар чор сол як бор баргузор мегардад. Охирин ҳамоиш 21 майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида буд.

Раёсат дар Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашта буд.

   Кохи Наврӯз  макони асосии баргузории ҳамоиши МҲТБО буда, дар он маркази матбуотӣ ташкил шуда, марказ бо таҷҳизоти муосир барои пӯшиши рафти  кори иҷлос муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

 

Панҷшанбе, 13 Июн 2019 13:28

  Аз 1 июн то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли 2019 дар 2 марҳила дар ҳудуди ш.Душанбе амалиёти «Кӯкнор-2019» гузаронида шуда, дар ин робита тибқи қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ Ситоди шаҳрӣ оид ба роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият барои ташкил ва гузаронидани  амалиёти «Кӯкнор-2019 тибқи замимаи 1 таъсис гардидааст.

   Ин амалиёт бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ш.Душанбе, гузаронида мешавад. Ба Ситоди шаҳрӣ дастур дода шудааст, ки дар ҷараёни баргузории амалиёти «Кӯкнор-2019» на камтар аз 1 маротиба дар 1 моҳ ҷаласа гузаронида, ҳамзамон дар ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани амалиёт, ба масъалаҳои ошкору пешгирӣ ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадор, шахсони ба хариду фурӯши ғайри-қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ташкил ва нигоҳ доштани ҷойҳои истеъмол ва фурӯши онҳо, воридоти онҳо ба шаҳр (баровардан аз шаҳр) машғуланд, диққати махсус диҳад.

 

Чоршанбе, 12 Июн 2019 15:43

 

(Раиси МММОҶТ аз Тоҷикони боздоштшуда дифоъ кард)

Чоршанбе, 12 Июн 2019 15:25

   Аз 1.06.2019 дар кишвар мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот-«Ҷоми Пешвои миллат» оғоз гардида, он дар 4 марҳила баргузор хоҳад гашт. Даври ҷумҳуриявии мусобиқаи мазкур дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом, ҷом ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

   Таврое ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, марҳилаи интихобии якум, санаи 10 июн то 8 июли соли 2019 ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус доир мегардад.

    Марҳилаи интихобии дуюм, аз санаи 8 июл то 25 августи соли 2019 дар сатҳи ноҳия, шаҳр бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии якум (бо баргузории фестивали оммавӣ), марҳилаи интихобии сеюм аз санаи 5 то 25 сентябри соли 2019 ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии ҶТ дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва ш.Душанбе бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии дуюм (бо баргузории фестивали оммавӣ) ва марҳилаи (ниҳоӣ) чорум аз 1 то 5 октябри соли 2019 дар ш.Душанбе дар асоси ҷадвали макони баргузории мусобиқаҳо ба ифтихори Рӯзи забони давлатии ҶТ бо баргузории Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот ташкил ва баргузор карда мешавад.

   Маблағи умумии ҷоизаи “Ҷоизаи Пешвои миллат оид ба шоҳмот” 100 (сад) ҳазор сомонӣ аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешбинӣ гардида,  барои ҷойи якуми даставӣ 30000 сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25000 сомонӣ, ҷойи сеюми даставӣ 20000 сомонӣ  ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи 3 синну сол 25000 сомонӣ пешниҳод мегардад.

 

 

Чоршанбе, 12 Июн 2019 13:43

    Вазорати маориф ва илми ҶТ вобаста ба он ки тӯли чанд ҳафта ва рӯзҳои охир дар миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна сару садоҳо дар атрофи то 14.06.2019 тамдид ёфтани мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ зиёд шуда истодааст, вокуниш кард. Дар баёнияи вазорати номбурда, ки рӯзи 11.06.2019 нашр шуд, вазорати маориф ва илми ҶТ аз кормандони касбу кори гуногун, омӯзгорон, падару модарон, хонандагону донишҷӯён, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва умуман, ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш менамояд, ки аз ин тасмимоти гирифтаи вазорат ҳар гуна ҳангомаи бардурӯғ насозанд.

   Вазорати маориф ва илми ҶТ бо такя ба 1 қатор қарорҳои Ҳукумати ҶТ ва таҷрибаи кишварҳои дигари ҳамсоя, аз ҷумла мегӯяд, ки қаблан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар дарс аз 1-уми сентябр оғоз гардида, 7-уми июн ба анҷом мерасид. Давомнокии таҳсил 34 ҳафтаи таълимиро (дар синфҳои якум 33 ҳафта) ташкил медод, вале бо сабаби ба рӯзҳои ид рост омадани 12 рӯзи он, амалан соли таҳсил 32 ҳафтаро фаро мегирифт. Инчунин, соли таҳсил ба 2 нимсола ҷудо мегардид: нимсолаи аввал аз 1 сентябр то 31 декабр ва нимсолаи дуюм аз 1 феврал то 7 июн. Дар давоми соли таҳсил ба хонандагон ду маротиба-аз 1 то 31 январ таътили зимистона ва аз 7 июн (бе назардошти давраи имтиҳонот) то 31 август таътили тобистона муқаррар гардида буд, ки ба маҳдудияти истифодаи барқ дар ҷумҳурӣ вобастагӣ дошт.

   Масъалаи дигар, ки миёни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдро ба миён овардааст, манъи чорабиниҳои «Занги камолот», «Хайр боғча» ва «Хайр Алифбо» мебошад. Хусусан, масъалаи таҷлили «Занги камолот» чанд соли охир ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш оварда, дар ин замина падару модарони хатмкунандагон барои ба танзим даровардани чорабинии мазкур ба унвонии Вазорати маориф ва илми ҶТ таклифу пешниҳодҳо менамуданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 4-5 соли охир дар робита ба таҷлили «Занги камолот» зиёфатороиву туҳфаситонӣ, омадан бо мошинҳои шахсӣ ба муассисаи таълимӣ, ба сайру гашт ва ё тарабхона рафтани хонандагон мушоҳида мешуд, ки маблағҳои зиёдеро беҳуда талаф медод. Ҳамзамон, бо иштироки хатмкунандагон садамаҳои нақлиётӣ ба вуқӯъ меомад, ки дар натиҷа нафарони зиёде зарар медиданд ё ҳатто ҳалок мегаштанд. 

   Садҳо далелҳо ва гузоришу мактубҳо аз номи падару модарон, сохторҳои қудратӣ ва мардуми баору номуси тоҷик дар он солҳо ба унвони Вазорати маориф ва илм дар робита ба бесарусомониҳои чорабинии «Занги камолот», «Хайр боғча» ва «Хайр Алифбо» ворид гардида буд, ки аз вайрон гаштани низоми ин чорабиниҳо, хусусан «Занги камолот» дар муассисаҳои таълимӣ шаҳодат медоданд.

    Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки зина ба зина барои пурра аз байн бурдани чорабиниҳои номбаршуда аз тамоми имкониятҳо истифода намояд. Ҳоло ин чорабиниҳо ба пуррагӣ аз байн бурда шуда, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ба ивази онҳо омодагии хонандагон ба имтиҳонҳо ва дарсҳои машваратӣ роҳандозӣ шудааст, ки ба манфиати хонанда, падару модарон, омӯзгорон ва тамоми ҷомеа мебошад.

 

 

 

Чоршанбе, 12 Июн 2019 12:36

 

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, журналист Шарифхони Тағоймурод-сокини ноҳияи Муъминобод, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия бо сафари корӣ қарор дошт, дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки найрангбозии ҳамватанони худ-Тоҷиконро дар шаҳру вилоятҳои Русия дида, нангам меояд. Фарзи мисол, дар аэропорти Внуковои шаҳри Москва барои 1 кило бор бояд расман 300-400 рубли русӣ супорӣ, аммо Тоҷикони мо аз баднафсӣ чӣ кор мекунанд? Барои ҳамин миқдор кг 3000-4000 рубли русӣ (аз 500 сомонӣ болотар!) талаб мекунанд. Ин ба ақли ҳич кас рост намеояд! Масалан, агар ту дар пакет 1 кг семичка ё қурут дошта бошӣ, бояд ҳатман барои Тоҷикони баднафси худамон 3000-4000 рубл супорӣ, вагарна бе бор-дасти холӣ меоӣ!!! Чунин маймунбозиҳои ҳамватанони мо нисбати худи ҳаммиллатони мо дар Русия бениҳоят зиёд аст!!! Аммо ба кӣ мегӯӣ??? Бовар дорам, дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав-пойтахти Русия, намояндагии ширкатҳои Тоҷик-эйр ва Сомон-эйр…аз ин гуна ғоратгариҳо ва «мошшеничество» комилан огоҳанд, аммо касеро парвое нест: Бихуру бигард!!! Хуллас, агар каме «тупой» бошӣ, дасти холӣ ба Тоҷикистон меоӣ!

 

Чоршанбе, 12 Июн 2019 12:26

Ба масту девона салом диҳем?

Ассалому алайкум, домуллои мӯҳтарам! Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба 1 саволи банда посух диҳед:

-Оё ба одами маст (майзада) ва бемори рӯҳӣ салом додан, ё ба саломи ӯ алейк гирифтан дуруст аст? Барои ҷавобатон пешакӣ ташаккур!

Ҳоҷӣ Абдуллоев,

нафақагир, ш.Душанбе

 

Салом ин дуост!

Посух: Дуруд ва раҳмати Худо бар Шумо бод! Аввалан бояд донист, ки Паёмбарамон (с) фармудааст, ки мусалмон болои мусалмон 6 ҳақ дорад:

1.Ҳар гоҳ бо бародарат мулоқот кардӣ, ба ӯ салом бидеҳ.

2.Ҳар гоҳ туро ба хонааш даъват кард, қабул кун.

3.Ҳар гоҳ эҳтиёҷ ба насиҳат дошта бошад, насиҳат кун.

4.Ҳар гоҳ атса зад ва худоро ҳамд гуфт, ту низ ба ӯ бигӯ, худо ба ту раҳм кунад.

5.Ҳар гоҳ бемор шуд, хабаргирӣ бирав.

6.Ҳар гоҳ фавт кард дар ҷанозааш иштирок бикун.

Пас маълум шуд, нафаре маст ҳам, ки бошад, агарчи кирдораш хуб нест, ё роҳи интихобкардааш хатост, лек бародари мову шумост, лиҳозо, ба маст ё девона салом додан ё ҷавоби саломро гардонидан дуруст аст. Салом ин дуъо аст, ба маънои саломатӣ, оромиш, осудаҳолӣ… Агар ин гуна нафарҳоро мо бубинем ва он кореро, ки шайх малики Динор кардааст, бикунем, хеле хуб мешавад.

Нақл аст, ки малики Динор дар киштие савор буд ва сафари баҳрӣ дошт. Дохили киштӣ чанд нафаре дар ҳолати мастӣ буданд. Шахсе омаду гуфт: «Эй шайх, чӣ мешуд, ки дар ҳаққи ин бадбахтон дуъои баде мекардӣ?». Шайх дасташро баланд карду гуфт: «Худоё, инҳоро дохили ҷаннат бигардон». Он нафар гуфт: «Шайх, ин чӣ дуъо буд? Охир, инҳо арзиши ин дуъоро надоранд!». Шайх гуфт: «Дуъои ман таъвил дорад. Аввал Аллоҳ инҳоро ислоҳ мекунад ва баъд дохили ҷаннат…».

Мо низ дар ҳаққи ин гуна нафарон бояд дуъогӯ бошем, ки аз ин роҳ пас гарданд.

 

Чаро аз додани закот худдорӣ мекунем?

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман ба домуллои гиромӣ, Ҳоҷӣ Мирзо дар бораи ушр ва закот савол доданиям. Имрӯз гурӯҳе аз ҳоҷиён аз додани ушру закот худдорӣ менамоянд. Солҳои охир мардум ушру закотро надода, тавофи Каъба мекунанд. Ин дуруст нест, охир! Наход, барои додани ушру закот қонуну фармони ҳукуматӣ қабул кунем?! 

Фахриддин Салимов,

н.Фирдавсӣ

Чоршанбе, 12 Июн 2019 12:15

27.05.2019 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”, раиси Раёсат Икромӣ С.С. бо Директори генералии Низоми миллии кортҳои пардохтии (НМКП) «Мир» Владимир Комлев вохӯрӣ анҷом доданд. Бояд қайд намуд, ки дар вохӯрӣ бо намояндагони Низоми миллии кортҳои пардохтии (НМКП) «Мир» ва БДА ҶТ «Амонатбонк» оператори низоми пардохти миллии "Корти миллӣ", ҳамоҳангсозии тарафайн ва шартномаи ҳамкорӣ дар самти пардохтҳо сурат гирифт, ки мақсад аз имзои Созишнома таҳкими равобити байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федерасияи Руссия ҷиҳати муомилоти ғайринақдӣ бо кортҳои “Корти миллӣ” бо асъорҳои миллии ду кишвар, мусоидат хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки (НМКП) «Мир» миёни давлатҳои ИДМ нақши муҳим дорад. 

   Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С. низ зимни сӯҳбат таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо дар масоили иқтисодиву иҷтимоӣ бо Низоми миллии кортҳои пардохтии (НМКП) «Мир» барои Тоҷикистон муҳим буда, имзои Созишномаи ҳамкориро дар самти муомилоти ғайринақдӣ ва дастгирӣ намудани шаҳрвандони ҳарду кишвар барои бемамоният анҷом додани амалиётҳои пулӣ бо кортҳояшон дар ҳудуди давлатҳои ҳамсоя, хело осон ва қулай мегардонад. Директори генералии (НМКП) «Мир» Владимир Комлев иброз дошт, ки Низоми миллии кортҳои пардохтии (НМКП) «Мир» дорои имкониятҳои технологияҳои пешрафта мебошад, ки пас аз имзои Созишнамаи ҳамкорӣ шарикони мо аз давлатҳои дӯст, дар баробари имкониятҳои муосири истифодаи амалиётҳои кортӣ, инчунин мавқеи худро миёни дигар давлатҳои шарики (НМКП) «Мир» ҳифз менамоянд. Дар хотима ҷонибҳо аз вохӯрӣ, изҳори қаноатмандӣ намуда, танҳо хостори ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намудани ҳамкориҳоро дар ҳамаи самтҳои афзалиятноки соҳа, зарур донистанд. 

Маркази матбуоти БДА  ҶТ «Амонатбонк»

 

саҳ 7 аз 12

Китобҳо

Flag Counter