ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 19 Август 2020 09:45

Прокуратураи ноҳияи Ёвон, шикояти сокини ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Обшорон, деҳаи Обизмукӣ Бегмонов Сафаралиро оиди амалҳои ғайриқонунии сардори ШБДА ШВКД дар н.Ёвон, ки дар ҳафтаномаи «СССР» № 22 (611) аз 11.06.2020 таҳти сарлавҳаи «Ҷаримаҳои шахсии сардори БДА-и ноҳияи Ёвон» ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Санҷиши ҳолати мазкур нишон дод, ки кормандони фаврии ШБДА ШВКД дар н.Ёвон бо мақсади таъмини бехатарӣ ва риояи ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон тибқи хатсайр дар минтақае, ки ба онҳо вобаста карда шудааст, фаъолият мекунанд. Хатсайр ҳамарӯза иваз шуда, мутаносибан ҳудуди фаъолияти кормандон низ иваз карда мешудааст. 

Қобили қайд аст, ки дар асоси Нақшаи ҷойгиршавии постгоҳҳои доимоамалкунанда ва хатсайрҳои патрули БДА дар роҳҳои автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ  ва байналмилалидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2020 тасдиқ карда шудааст, постгоҳи доимоамалкунандаи БДА воқеъ дар 34,5 км аз н.Рӯдакӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даҳанаи н. Ёвон ташкил карда шудааст. 

М. Шарифзода, Прокурори н.Ёвон, 

мушовири адлияи дараҷаи 2

 

Чоршанбе, 19 Август 2020 09:42

Албатта, қазо вожаи динӣ аст, вале барои ҳамин давра бисёр мувофиқ. Шахсе суол додааст, ки муаллими синфҳои ибтидоӣ, ки синфи 4-ро месупораду боз синфи нави 1-умро мегирад, дар як давра чӣ гуна ин ду гурӯҳро сарришта мекунад? Ин мушкилӣ дар мактаби олӣ низ вуҷуд дорад. Фикр мекунам, бо сабаби пандемия дарсҳое, ки аз 30 апрел то охири май нагузашта будем, ҳамонҳоро аз 17 то 31 август гузарем, беҳтар аст. Зеро барвақт сар шудани дарсҳо ба хотири комил гардонидани барномаи таълимӣ буд.  Аз 1-уми сентябр тибқи анъана дарсҳо шурӯъ шаванд!

Саъди Маҳдӣ

Декани факултаи журналистикаи ДМТ

 

Чоршанбе, 19 Август 2020 09:35

Салима Сироҷова, сокини ш.Душанбе ба идораи редаксия тавассути телефони 238 55 56 занг зада гуфт, ки аз баъзе аз ронандагони микроавтобусҳои хатсайри №33 шикоят дорам.

   - 2 августи соли ҷорӣ буд. Тахминан соатҳои 17:30 аз гардиши назди бинои “Шарқи Озод” ба микроавтобуси хатсайри №33, рақами давлатиаш 2030 ТТ 05 нишастам. На ронанда намои зоҳирӣ дошту на кондуктори ӯ-ҳарду бо сарулибоси варзишӣ, риши расида, бе ниқоб буданду ронанда то метавонист бо суръати баланд мошин ронда, бо микроавтобуси дигари хатсайри мазкур-рақами давлатиаш 7474 ТТ 05 дар роҳ пойга ташкил мекард. Ин ронандаи сарҳуй намегузошт, ки ронандаи микроавтобуси дигар оромона ҳаракат кунад: ё пеши роҳашро мегирифт, ё дар истгоҳҳо аз оина сарашро бароварда, суханҳои қабеҳ мезад. Ба таъкиди ман дар бораи он, ки ҳатман ба роҳбарияти ҶСК “Автоколона-2927”, ки хатсайри №33 зери назорати он аст, дар робита ба ин кораш шикоят хоҳам кард, ҷавоб дод, ки “Ба куҷое хоҳӣ, шикоят кардан гир! Бисёр хуб мешавад, агар ба раиси автобаза хабар кашӣ!”. Умедворам раҳбарияти хатсайри №33 лаҷоми чунин ронандаҳои бадахлоқро хоҳад кашид! Душанбе ҷойи чунин ронандаҳо нест!

 

Чоршанбе, 19 Август 2020 09:00

Худойназар Тилавов-ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи ордени Шараф дараҷаи 2, занг задаву гуфт, Кохи Фарҳанги н. Шамсиддини Шоҳин, собиқ  Шӯрообод қомат меафрозаду иншооллоҳ, онро дар моҳи сентябр, ҷаноби Олӣ, мекушоянд ва агар ин Кохи бузург номи Ашӯр Сафарро мегирифт, ба вежа дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳай кори хуб мешуд. Зеро маҳз Ашӯр Сафар буд, ки 30 сол пеш мегуфт:

1 бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

Дар кишвари ғам базми тараб мешуда бошад?

Кӣ кард хато бешу кӣ овард бало пеш,

Бо ченнаки таърих ваҷаб мешуда бошад?

Бар ҷои ҳамин мамлакати сулҳҷудоям,

1 мамлакати сулҳталаб мешуда бошад?

Ин 1 ва аз сӯи дигар, Ашӯр Сафар, ки худ символи Кӯлоб буд, маҳз дар ҳамин ноҳия ба дунё омадааст. Ҳар қадаре менигарам, бартар аз Ашӯр Сафар касе ба чашм намехӯрад. Ӯ чароғи маҳофили удабои на танҳо вилояти собиқи Кӯлоб, ки тамомии Тоҷикистон буд, ки шоирони тавоное чун Қутбӣ Кирому Лоиқу Бозору Гулрухсор барои дидораш ба Кӯлоб ташриф меоварданд. Зимнан меарзад, ки ин Кох номи ӯро гирад. Мо метавонем!

 

Чоршанбе, 19 Август 2020 08:47

Ҷаноби навтоҷики амалдор, нахуст, шод шудам, ки бандаи гандаро ба ёд оварда, занг зада бо оҳанги амру ҳарфи хитоб фармудед:

   -Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шумо занг мезанем! Дар муддати 6 моҳ чанд маводи танқидие, ки дар саҳифаи матбуот ба чоп расондед, бо номгӯю нишондоди маъхазҳо худи ҳамин рӯз, фавран ба мо расонед!!! «Фармонро муҳокима не, балки иҷро мекунанд!” ва телефон хомӯш гардид.

 Ҷаноби соҳибкурсӣ, камбудиро гуфтан бадгӯӣ ё бахилӣ нест, оқил аз танқид хулосаи мусбат мебарораду ҷоҳил баракс. Ба умеди он ки вазъият, ҳолат ва шароит хуб шавад, ҷумлаҳои гилаомез, яъне танқидӣ менависам, мехоҳам, ки мулкам боз ободтар шавад. Дар навиштаҳоям ягон маротиба алфози фаҳшу баду ногуворро кор нафармудаам, яъне касеро ҷоҳил, муғамбир, мағрур, нохалаф, беадаб, нобакор ва ғайра нагуфтаам ва кӯшиш мекунам, ки минбаъд низ ҳарфи бадро ба забон наорам, вале бо дарду иллати рӯзгорамон ҳеҷ оштӣ шуда наметавонам. 

Шуморо беадаб намегӯям, фақат насиҳат мекунам, ки одоби муоширатро бояд риоя кард. Аввал, салом диҳед, ному насабро ба забон оварда, хешро шиносонед ва баъд ба сухан дароед. Фармони Шуморо иҷро накардам ва бахшиш ҳам намепурсам, зеро банда ҳисоботдиҳанда нестам, ин корро Шумо бояд мекардед, яъне тамоми саҳифаҳои матбуоти давриро ҳатман мунтазам бо диққат хонда, аз он ба мавзӯи худ мавод ҷамъ меовардед. Ба гумонам, аз болотар ба ҷанобашон амр шудааст, ки дар ҳамин мавзӯъ маърӯза ё гузорише таҳия кунанд. Шигифтии банда боз дар он аст, ки ҷавонони идоранишин худ ягон ҷарида, ба истилоҳи имрӯза “газета” мехонда бошанд? 

Бо умеди он ки лоақал “СССР”-ро мехондагистед, Ҳакималӣ Назаралиев, омӯзгор, мутахаллис ба Ҳаким Алӣ, деҳаи Ғуриёт, ш. Ҳисор, тел: 901015135

Чоршанбе, 19 Август 2020 08:44

Танзи миллӣ-1

Ин қадар риш чӣ маънӣ дорад?

Ғайри ташвиш чӣ маънӣ дорад?

Агар 200 сол сари ин мавзуъ баҳс кунем, ки риш асоси мусалмонӣ нест, ягон авомуннос намефаҳмад ва донистан ҳам намехоҳад. Зеро сарҳо холист. Сарҳое, ки ҳамоно гумбази «показухаи ислом» шудаанд. Ришро мо чунон вардор-вардор кардаем, ки илм, дониш, тамиз, адаб ва «конса до консов» ҳусн ва симпатияро низ қурбонии он, яъне чанд дона мӯйи таки фук сохтаем. Дигар муҳим нест, одам саводи диниву дунявӣ дорад ё на? Муҳим чанд мӯйи ифлоси бари гардану атрофи даҳон аст. Воқеан даҳоне, ки бо кадом «иллате» зерашро пашмбор кардаему болояшро тоза метарошем! Зеро акои «Бурут» дӯзахӣ ҳукм гирифтааст. Дар калла, ки ақл нест, намефаҳмем, ки чаро ҳамоно 1 мӯй аз боло дӯзах мебарадату аз поин биҳишт?! Савганд, агар чанд нео-мулло ҳукм кунад, ки мӯйи фалон ҷои бадан низ атрибутикаи биҳишт аст, фан-клубҳо дигар онро низ наметарошанд. Метарошанд? Ещё как наметарошанд! Зеро калла ҷои салла аст дигар, на ақлу тамизу фикру андеша:

1 нахӯд каллаву 10 ман дастор,

Ин каму беш чӣ маънӣ дорад?

Салла ё худ дастор хуш аст, ки кам шуда. Зеро каллаҳои каммағз дар пирӣ пояи ноустувор доранду гарданҳои фарбеҳ низ бори онро вардошта наметавонанд. Зимнан аз саллаҳои бузург ҳоло мардум ба кулоҳ-сафедакҳои хитоӣ гузаштаанд. Дигар тоқиҳои чоргула, чуст, чакан «вне моды!». 

Муллоӣ? Пас бояд тоқисафедак бошӣ. Зеро ин камхирадон дар мамолики қораи араб маҳз чунин кулоҳҳои хитойии арзонро сари арабу парабу прораб дида, фикр доранд, мусалмонӣ ҳам ин аст. Касе бовар надорад, 1 бор ҳини бозгашти ҳуҷҷоҷ фурудгоҳ равад: Ҳама (!!!) тӯпичаҳои сафедаки чиноӣ доранд. Ва мабодо аз Ҳаҷ бо тоқии чусти Самарқанду Хуҷанду Истаравшан ва ё наъузамбиллоҳ кулоҳи чакани кӯлобиву помирӣ омадӣ, муртад кофират мебароранд. На-мебароранд? Ме-бароранд, мебароранд. Ещё как мебароранд!

Гуфто зи сари ҳавопарастӣ:

Приходите ко мне в гости!!!

Клоссикҳои мо мисле, ки арабиро корбаст мекарданд дар ашъори хеш, ба мисли «…адир каъсан ва новилҳо»-и Ҳофиз, агар ба русӣ дасти тасаллут медоштанд, ҳатман ин забонро низ истифода мекарданд, чун дар 2 мисраъи боло. Вале 

имрӯз вожаҳои русӣ низ яке аз атрибутикаҳои кофаршавии мардум гаштааст! Ба вежа агар муллоӣ, мавъизагарӣ, эмомӣ, хатибӣ ва ё простой ҳоҷӣ, корбасти калимоти русӣ барои ту манъ аст. Айб аст! Табу!!! Стоп аст! Ва ин дар ҳоле, ки 100% до и после-муллоҳои мо маҳз ба забони русӣ ё ҳадди ниҳоӣ алифбои сириликасоси ин забон дарс гирифтаанду дониш ғунд овардаанд. Рӯиҳамрафта, аз касе пӯшида нест, ки «хӯроки аҳли байти мо аз нитоҷи…» рус аст, яъне беш аз 1 миллион тоҷик дар Русия кор кардаву чанд миллиони дигарро дар Тоҷикистон мехӯронанд. Яъне чӣ? Яъне забонаш кофириву пулу нонаш мусалмонӣ? Русӣ кофириву рус кофар бошад, пас ғуломияшро бас кунед, муздурияшро бас кунед, пулгирияшро бас кунед, нонашро нахӯред! Неъ! Мегирем, мехӯрем, бо пулаш масҷид месозем, хатми Қуръон мекунем, муллоҳоро сарҷамъ меорем, то русро кофир хонанду забонашро ҳаром…

Воқеан ҳам чанде пеш дар 1 маъракаи унс ва мазҳабӣ дар ҳузури чанде аз алломаҳои фиқҳи ҳанафӣ менишастам. Ва аз домулло Абдурраҳими Қазоқонӣ хушам омад, ки бе шакку тардид вожаҳои роиҷи урусиро корбаст мекард ва чунон мавъизаашро ширин менамуд бо ин калимот, ки писанди аҳли завқ гардидӣ. Зимнан пурсида мешавад, чаро вожаҳои русӣ бояд «кофирӣ» бошанд? Мантиқ куҷост? Магар русе мусалмон шуду русӣ ҳарф зад-кофир аст? Магар мо мусалмонтарем ва ё чечену доғистониву ингушу тотор, ки забони давлатияшон русист? Вале ба кӣ мегӯй? Ин ҷо риш ҳукмрон асту тоқии хитоӣ, на ақлу заковату мантиқ:

Бедил ин ҷо ҳама риш асту фаш аст,

Ин ҳама кеш чӣ маънӣ дорад???????

При чем тут фук? Манаҳро озод кунед, то суханатон, сӯҳбататон, фикратон озод бошад:

Ашки риёи зоҳидон рехт ба Хонаи Худо,

Қаҳба ба масҷид афганад тифли ҳаромзодаро!!!

Қаҳба медонед кист? Зани ғар, проститутка! Муллое, ки паси дину мазҳаб пинҳон шудаву афкори антибашарӣ-тифли ҳаромзодаашро миёни мардуми мусалмон мепартояд, то фитна ангезад, қаҳба аст, проститутка аст, ҷалабест, ки дар 2 олам рӯяш сияҳ аст.

Сахт гуфтам? Хуб кардам! Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, 13 Август 2020 16:56

Панҷшанбе, 13 Август 2020 16:49

саҳ 4 аз 9

Китобҳо

Flag Counter