ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 05 Август 2020 08:14

"Сари замин"

Саразм қадимтарин шаҳрнишинии мардуми таҳҷоии Осиёи Миёна ба шумор меравад ва онро бар ҳақ метавон падари шаҳрҳои тоҷик унвон кард. Саразм таърихи куҳан дорад ва олимон пайдоиши онро ба ҳазорсолаҳои IV ва III-и пеш аз милод рабт медиҳанд. Номгӯӣ Саразм ҳам аз қадимии таърихи он гувоҳӣ медиҳад ва забоншиносон маънои онро чун "сари замин" тарҷума ва маънидод кардаанд.                   

Бисёре аз мувварихин бар ин назаранд, ки Саразм пойтахти минтақаи таърихии Вароруди Осиёи Миёна, ки онро бостоншиносон "Самарқанди қадим" номгузорӣ кардаанду он пешгузаштаи Самарқанди муосир мебошад, ба шумор меравад.       

  Ин шаҳри қадимӣ дар 15 километрии Панҷакенти имрӯза, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон воқеъ гардида, ба тамадуни биринҷии Бохтари-Марғелонӣ дохил мешавад. Мавқеъияти мусоиди ҷуғрофиёӣ ба руши иқтисодии Саразм мусоидат намуд. Кӯҳҳои атроф, ки аз захираи табии бой буданд, сокинони Саразмро ба таври фаровон аз канданиҳои фоиданок ва маъданҳо таъмин мекарданд ва дарё бошад имкони коркарди ин маъданҳоро фароҳам месохт. Ин шароити муфид Саразмро ба яке аз марказҳои асосии истеҳсоли мис, қалъагӣ ва қурғошим дар Осиёи Миёна табдил дод. Саразм бо меъёрҳои асри биринҷӣ як шаҳри азим ба шумор рафта дар он наздики 10 ҳазор одам сукунат доштанд. Дар ҳудуди ҳазорсолаи IV ва III бошад, Саразм чорроҳаи асосии тиҷоратӣ ва фарҳангии Шарқи қадим гардид. 

Табари биринҷӣ

Қарнҳои тӯлонӣ Саразм зери замин пинҳон буда, кашфи "падари шаҳрҳои тоҷик" ба даҳаи 70-уми қарни ХХ рост меояд. Дар солҳои 70-уми қарни пор, дар Тоҷикистони шӯравӣ маъракаи азхудкунии заминҳои нав роҳандозӣ гардида, дар минтақаи ҷойгиршавии ин шаҳри қадимӣ низ корҳои азхудкунӣ бурда мешуданд. Сокинони маҳаллӣ бисёр вақт аз зери замин ашёи қадимӣ монанди кӯзаҳои сафолин, олоту афзоли биринҷӣ, ашёи заргарӣ ва ғ. ро пайдо мекарданд, аммо бо сабаби ноогоҳии худ аз ин бозёфтҳо касеро хабар намекарданд. Танҳо соли 1976 яке аз сокинони деҳаи Ғурач, Ашуралӣ Тайлонов ба корманди пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент Абдуллоҷон Исоқов бобати табари биринҷии 6 сол пеш пайдо кардааш қисса мекунад. Бостоншиноси пуртаҷриба Абдуллоҷон Исоқов, баъди дидани табари биринҷӣ дарҳол дар минтақаи мазкур корҳои кофтукобиро ба роҳ мемонад ва баъди чанде дар ҷои кофтукоб, боқимондаҳои сохтмонӣ, қитъаҳои сафолин ва гилии наққошишуда ва ашёи дигари қадимӣ, ки ба давраи неолит ва биринҷӣ таалуқ доштанд, пайдо гардиданд.

Чоршанбе, 05 Август 2020 08:07

 

Чоршанбе, 05 Август 2020 08:01

Ин ки Хуҷанди бостонӣ на танҳо маркази сиёсиву маъмурии 1 вилояти бузургтарини Тоҷикистони азиз, ки қалби шаҳрҳои Осиёи Марказист, ҳақиқати бидуни баҳс аст. Зеро Хуҷанд (суғ. kwc'nth (xučant(a) > Xuǰand)) таърихи бештар аз 3000-сола дорад ва дар олам бо номҳои гӯшнавози «Тирози ҷаҳон», «Арӯси даҳр» маъруфу машҳур буда, ҳанӯз дар асрҳои 6-4 то мелод (!) тавассути Роҳи абрешим Осиёро бо Аврупо мепайваст! Саразм низ яке аз шаҳрҳои антиқаи вилояти Суғд аст, ки бо ташаббус, маблағгузорӣ ва дастгирии бевоситаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин шабу рӯз аз 5500 солагии ин «Модари шаҳрҳо» ва ҳамзамон 700 солагии Қутби Маърифат ва Қуввати илму ирфону адаб-Шайх Камоли Хуҷандӣ ҷашн мегирем, ки муборакамон бод!

Роҷеъ ба ҷавонмардонагии Суғди бостонӣ ҳамин ҳарф кофист, ки сокинонаш бо Искандар панҷа нарм кардаву Қутайба ибни Муслимро дар Фарғона қатл сохтаву Чингизхонро зӯри бозӯи Темурмаликона нишон додаву Императории Русияро бо шӯриши соли 1916-и хеш дучори бӯҳрон ва шикасти баъдӣ кардаанд. Вале бубояд гуфт, ки дар 2 марҳалаи ахири мавҷудияташ, вилояти Ленинобод, ки ҳоло аз он Суғд ном мебаранд, даврони тилоӣ ба сар дошт. СССР чун давлат Ленинободро хеле такмилу таҳрик ва ба авангардҳои РСС Тоҷикистон ва Осиёи советӣ табдил дод. Ҳамин 1 далел кофист, ки аз 1 корхонаи он, дар соли 1981 беш аз  53 млн қуттии консерв баровард, ки ин миқдор бо тамоми консерви корхонаҳои Россия (1913) баробар буд!

Дар солҳои Истиқлолият вилоят боз ҳам рушд карда, ба зеботарин ва бузургтарин минтақа дар Осиёи Миёна табдил ёфт. Ба вежа тайи 2 соли ахир Суғд бо суръати кайҳонӣ рушд мекунад. Биёед ба омори 6 моҳи соли 2020 рӯ оварем:

-Ба буҷет 1 млрд. 84,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли гузашта 74,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷониби саноатчиёни вилоят ба маблағи 6,5 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбати соли 2019 афзоиш ба 114,4% баробар аст. Дар ин давра ба миқдори 571,8 ҳазор тонна семент ва 695,9 ҳазор тонна ангишт, 252,5 ҳазор тонна орд ва 2.740,2 тонна равғани растанӣ истеҳсол шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 2 млрд. 114,5 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид. 

Шумораи фавқ-шумораи вежа аст ва пурра ба бурду бохти вилояти Суғд ва тамомии шаҳру навоҳии он бахшида шудааст. Дар оянда «спец-номер» ё худ шумораҳои вежаи мо дар бораи дигар шаҳру навоҳии кишвар низ нашр хоҳанд шуд. Гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 9 аз 9

Китобҳо

Flag Counter