Аҳтам Одинаев, узви Ихвон ал СССР аз н.Ховалинг меҳмони редаксия шуда, аз фаъолияти шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба гуфтаи Аҳтам Одинаев, вақте Рустами Эмомалӣ раиси ш.Душанбе таъин шуд бисёриҳо мегуфтанд, ки ӯ ҳоло ҷавон асту таҷрибаи кофӣ надорад, аммо воқеият чизи дигареро собит кард.
- Ман дер боз ба пойтахт наомада будам. Гашту гузорамро аз кӯчаи марказӣ шурӯ кардам. Идораҳоеро, ки дар ин кӯчаи марказӣ буданд ҳоло шинохта намешавад. Шаҳри мо воқеъан ҳам зебо ва кирои муаррифӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳоло дар пойтахт камбудиҳо ҳам ҳастанд. Дар Душанбе корхонаи КВД “Оби коррез” фаъолият мекунад. Хизматрасонии ин корхона ба аҳолӣ ғайриқаноатбахш буда, дар ин корхона ҳисобу китоби аниқ нест. Дар 4 ноҳияи шаҳр системаи электронӣ амал мекунад, ки онҷо операторҳо нишастаанд. Ин операторҳо бо назоратчиёни об ҳамкорӣ карда, нишондоди ҳисобкунакҳои барқро барзиёд ҳисоб карда, аҳолиро бе асос қарздор менамоянд.
Ҷамшед Сатторов, сокини ш. Ваҳдат, омӯзгори мактаби мусиқии бачагонаи № 1-и ш.Ваҳдат ба номи Фозил Солеҳов меҳмони идора шуда гуфт:
- Муддати 20 сол аст, дар ин омӯзишгоҳ дарс медиҳам. Дар яке аз шумораҳои газетаи СССР хондам, ки мудири шӯъбаи фарҳангӣ шаҳр Эркамоҳ Мирзозода, мактаби мусиқии бачагонаи № 1-ро садамавӣ унвон карда, инро сабаби кӯчонидани ин мактаб ба ҷои дигар медонад. Аммо ин фикр тамоман нодуруст аст. Ҷое, ки барои мактаби нав ҷудо кардаанд, дар наздикии бинои 4 ошёна қарор дошта, садои мусиқӣ истироҳати мардумро халалдор мегардонад. Аз тарафи дигар, Президенти ҶТ Эмомали Раҳмон борҳо дар баромадҳояш таъкид кардааст, ки ба муассисаҳои фарҳангии бачагона дар кишвар бояд таваҷҷӯҳе хосе дода ва ин биноҳо бояд тахрибу фурӯхта нашаванд. Мактаби мо садамавӣ нест, танҳо як ҷои бом мечакаду халос. Синфхонаҳоро бошад, муаллимон аз ҳисоби худ таъмир кардаанд. Мо дар мактаб 27 синфхона ва 2 толор (калон ва хурд) дорем. Аммо мактаби наве, ки барои мо ҷудо кардаанд, ҳамаги 14 синфхона дошта, толор ҳам надорад. Ин бино барои дарси мусиқӣ аслан шароит надорад.
Шарифамоҳ Шарифзода, сокини ш.Душанбе меҳмони идора шуда, дар бораи коррупсия ва ришва сӯҳбат кард.
- Коррупсия имрӯз чун заҳрпечак дар ҷомеа реша давонда истодааст. Ин падидаи номатлуб ба таъбире мисли вабои аср ҷомеаи муосири моро иҳота карда, ҳатто кӯдакони мо аз рузи аввали пой ба боғча ниҳодан ба фасод рӯ ба рӯ мешаванд. Чӣ дар мактабҳо ва чӣ дар донишгоҳҳо пулҷамъкунӣ ҳаст. Масалан дар донишгоҳ вақте, ки донишҷуйи камсавод медонад, ки бо харидани китоби дарсӣ аз устод бали баланд мегирад, ҳатман китобашро мехарад. Ва дигар табиист, ки донишҷӯ барои хондани китобҳои Айниву Икромӣ вақт надорад. Дар беморхонаю дармонгоҳҳо низ фасодкорӣ ҳаст, инчунин дар байни кормандони корхонаҳои хусусию давлатӣ ва аҳли қалам низ фасодкорию ришваталабон кам нестанд. Деҳотиён хуб медонанд, ки заҳрпечак алафест, ки ҳангоми ба растаниҳо печидан, онҳоро ҳалок мегардонад ва фасод айнан ҳамин корро бо ҷомеаи инсонӣ мекунад.
Заррина Абдулвоҳидова, сокини ш.Душанбе меҳмони идора шуда, гуфт, ки аз масъулони ҶДММ “Ёқут-2000”шикоят дорам.
- Соли 2018 бо Қарори раиси ш.Душанбе хонаи мо, ки дар суроғаи ш.Душанбе, к.Шевченко 75 ҷойгир буд, тахриб карда шуд. Қарор буд ҶДММ “Ёқут-2000” дар ин макон иншооти наве бунёд намояд. Мувофиқи ҳуҷҷат ширкати мазкур бояд ба ду соҳибмулк баробари ҳудуди хонаи мо хонаи дуҳуҷрагӣ медод, вобаста ба ин баҳси додгоҳӣ ҳам гузашт, вале ҶДММ «Ёқут-2000” ба ваъда вафо накард-заминро гирифту на хона дод ва на иҷорапулӣ. 3 сол мешавад, ки мани маъюби гурӯҳи 2-юм бо 1 кӯдаки ноболиғ дар ба дар гаштааму бехонаву бесарпаноҳам, зеро падару модарам барвақт вафот кардаанд. Чаро раҳбарияти ширкатии мазкур бар хилофи дастури шаҳрдории Душанбе заминро гирифта, хонаҳоро вайрон карда, ба соҳибонаш, аз ҷумла ман ҷуброн намепардозад?
Комрони Абдувалӣ, сокини пойтахт меҳмони редаксия шуда гуфт, ки имрӯз ба фикри банда, сабаби асосии бе аҳамияти зоҳир намудани мусофирон ва бе корт ба нақлиёт савор шудани эшон, дар сатҳи олӣ хизматрасонӣ карда натавонистани EXPRESS PAY мебошад.
- Ин ширкат мебоист аз рӯзи аввали ба фаъолият шурӯ карданаш камбудиву норасоиҳои худро пешбинӣ ва ислоҳ мекард. То мусофирон бе мамоният ва бо кайфияти дуруст битавонанд аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд. Инчунин аз ҷониби ронандагон низ масъулияти баланд эҳсос карда намешавад. Ронандаҳо, бояд то ҳадди имкон аз пардохтӣ ғайри нақдии ҳақи роҳкиро сарфи назар кунанд ва мусофиронро танҳо тавассути корт ба нақлиёт роҳ диҳанд. Ва агар ширкати мазкур имконияти ислоҳи камбудиҳоро надошта бошад, хубаш вазифаро бар дӯши дигар ширкат гузорад.
Саидмурод Мардонов, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик меҳмони редаксия шуда, дар бораи Зафар Нозимов ёд кард:
- Соли 1958 ман дар мактаби Маданӣ-равшаннамоии н.Кӯктош мехондам. Ҳамон сол дар ҷумҳурӣ фестивал баргузор гашту шуъбаи театршиносии мо 1 барнома аз ҳаёти колхоз ба саҳна гузошт. Дар ҳамон композитсия ман нақши раисро иҷро мекардам. Мо ҷои аввалро ишғол карда, 800 рубл мукофот гирифтем. Зафар Нозимов, ки суруди «Модарам»-ро бо рубоб хонда буд, ҷойи аввалро ишғол карда, ба филармонияи Тоҷикистон тавсия шуд. Шиносоии ман бо Зафар Нозим аз ҳамон вақт сар шуд. Ҳар боре, ки во мехӯрдем, вай маро «Ҳа, раис» мегуфту бо завқ механдид. Солҳо сипарӣ шуданд. Ман ба ш.Тошканд рафта, Донишкадаи санъат ва рассомиро тамом карда, омада, ба театри А.Лоҳутӣ ба кор даромадам, аммо Зафар Нозимов он замон ҳам маро «раис» мегуфт. Ман хонадор шудаму ӯ дар тӯям 1000 рубл дода, тӯямро обод кард.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар