ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Окт 12 2018


 Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 37-солаи сокини ш.Хуҷандро бо гумони қасдан расонидан зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.
 Бино ба итиллои маркази матбуоти ВКД ҶТ, номбурда, рӯзи 9.10.2018, тахминан соати 19:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо бародараш, марди 40-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 3 маротиба ба шиками ӯ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Панҷшанбе, Окт 11 2018


 Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ бо 1 фармони вежаи худ зертобеони худро, ки шаъну шарафи мақомоти милитсияро бо кирдорҳои ношоиста паст задаанд, аз кору аз сафи мақомоти милитсия озод кард.
 Бино ба иттилои Умарҷони Эмомалӣ, сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз он ҷумла бо фармони вазир сардори бахши кофтукоби ҷиноии шӯъбаи милитсия дар фурудгоҳи Душанбе Рустам Саъдиев низ барои саҳлангорӣ ва тирандозӣ ба тарафи ҳаммаслаки худ, ки пайомадҳои манфӣ овард, аз вазифа сабукдӯш карда шуд.
 Дар баробари ин сардорони ШВКД-ҳои шаҳрҳои Нораку Вахш низ иваз карда шуда, дар байни ҳайати шахсии шӯъбаи милитсия дар фурудгоҳи пойтахт ротатсияи кадрҳо гузаронида хоҳад шуд. Инчунин, чанд нафар аз кормадони дигари мақомоти милитсия, ки бо амалҳои нанговар амсоли мастӣ, қаллобӣ, латукӯби зан ва саҳлангорӣ роҳ дода буданд, аз кор озод карда шуданд.




Чоршанбе, Окт 03 2018


Имрӯз, тахминан соати 12:00-дақиқа, дар ҳаммомхонаи хусусии дохили бозори «Корвон»,  мансуб ба шаҳрванд Ризоев Шодибек Амиралиевич, дар вақти гузаронидани корҳои кафшергарӣ дар масоҳати 4 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад.
 Бино ба итиллои маркази матбуоти ВКД ҶТ, бо қабули хабар ба ҷойи ҳодиса Қисми Хадамоти оташнишонии бозори «Корвон» ва дигар ҷузъу томҳои СХДО ВКД ҳозир шуда, сӯхтор дар масоҳати аввалааш сари вақт хомӯш карда шуда, дар натиҷа ягон нафар зарар надидааст.


Панҷшанбе, Сен 20 2018


Бино ба итилои маркази матуботи ВКД ҶТ рӯзи 18.09.2018, соати 16:30-дақиқа, аз назди ҷӯйбори обгузари ҷамоати деҳоти Ифтихори н.А.Ҷомӣ, ҷасади писарбачаи хурдсол дарёфт гардид. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия маълум гардид, ки ҷасади дарёфтгардида писарбачаи 3-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи мазкур мебошад.
Номбурдаро санаи 12.09.2018, тахминан соатҳои 10:00-дақиқа, модаркалонаш, зани 58-сола, тариқи маҷбурӣ зинда, таги хоку лой намудааст, ки дар натиҷа хурдсол ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Панҷшанбе, Сен 20 2018


   Зимни гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок дар самти ба роҳ мондани интизомнокии нақлиёт дар ш.Хоруғ 3-адад воситаҳои нақлиёт бо оинаҳои сиёҳкардашудаи ғайриқонунӣ боздошт гардида, нисбати ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Дар рафти чорабиниҳои мазкур ҳамчунин воситаҳои нақлиёти берақами қайди давлатӣ, бо рақамҳои бегона ва худсоз, рақамҳои қалбакӣ боздошт ва нисбати чунин ронандагон ҷазои маъмурӣ тадбиқ карда шуд.
   Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, мувофиқи нақша-чорабинии ВКД ҶТ, аз ҷониби Раёсати БДА ВКД дар ҳамкорӣ бо кормандони ШБДА дар ВМКБ барои беҳтар ба роҳ мондани интизомнокии ҳаракат дар роҳ, дар ш.Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, рейдҳо дар самти нақлиёт гузаронида шуда истодаанд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама, ба тартиби муайян даровардани интизомнокӣ дар самти нақлиёт дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят буда, ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони ҷавон мебошад.

Панҷшанбе, Сен 13 2018

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбаччаи 15-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулшани н.Фархор бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
   Бино ба итиллои маркази матбуоти ВКД ҶТ, номбурда, 9.09.2018, тахминан соати 21:30-дақиқа, ҳангоми дар маъракаи тӯёнаи ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ноболиғ, писарбаччаи 15-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулшани ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол карда, бо дасту пояш якчанд маротиба ба бадани ӯ задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


саҳ 23 аз 83

Китобҳо

Flag Counter