ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Авг 09 2018


   Саидзода Шоҳрух Абдуфатоҳ, подполковники милитсия, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида ҷиҳати пайваста баланд бардоштани савияи дониш, такмил додани малакаю маҳорати касбии кормандони самти оперативӣ, омӯзиши қонунҳои амалкунанда ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба Раёсати ВКД дар ВМКБ сафар намуда, бо зертобеони худ вохӯрд.
   Бино ба иттилои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ расида, дар ҷараёни сафар натиҷаҳои фаъолияти хизматии Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар ВМКБ ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур дар давоми нимсолаи аввали соли 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастуру супоришҳои роҳбарияти вазорати корҳои дохилӣ ба онҳо расонида шуд. Ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолият ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
    Дар рафти сафари хизматӣ сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД подполковники милитсия Саидзода Ш.А. бо шароити хизматӣ ва фаъолияти ҳайати шахсии кофтукови ҷиноятии РВКД дар ВМКБ аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, зимни вохӯрӣ ба онҳо васоили варзишӣ ва 5 адад компютер супорид.

Панҷшанбе, Авг 09 2018


   Дар доираи корҳои ободониву зебогардонӣ ва бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтори алафҳои хушки канори роҳҳои автомобилгарду дар зери дарахтони гуногуну буттаҳои ороишӣ буда, тибқи талаботи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он бо иштироки бевоситаи сардори Сарраёсат генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода, инчунин аскарони қисмҳои низомии Раёсати қушунҳои дохилии ВКД ба ҳашари дастаҷамъона баромада, алафҳои хушки канори роҳҳои автомобилгард ва дар зери арчазорҳои назди Наврӯзгоҳи пойтахту Қасри миллат бударо пурра тоза карданд. Ҳамчунин тавассути нақлиётҳои оташнишонӣ арчазорҳо ва гулу буттаҳои ороиширо шодоб намуданд.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, агар яке аз сабабҳои ҳодисаҳои сӯхтори ҷангалзорҳо, боғу бустонҳо ва алафҳои хушки талу теппаҳову оромгоҳҳо таъсири ҳарорати гармии аз меъёр зиёди боду ҳаво бошад, сабаби асосии дигари он ин риоя накардани меъёр ва оддитарин талаботҳои қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор аз тарафи роҳбарону масъулони онҳо мебошад. Зеро ҳамасола, баҳри пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор, аз тарафи мутахассисони Мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор сари вақт, ба роҳбарону масъулони тамоми корхонаву иншоот ва хоҷагиҳои шакли моликияташон гуногун, амрномаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо маҷмӯи чорабиниҳои зиддисӯхторӣ ва муҳлатҳои муайяни иҷроиши он супорида мешаванд. Вале, бинобар сабаби дидаву дониста бемасъулиятӣ зоҳир намудани баъзе аз роҳбарону масъулони корхонаву иншоот ва хоҷагиҳои шакли моликияташон гуногун ба талаботи қонуну қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва сари вақт иҷро накардани чорабиниҳои зиддисӯхторӣ, ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ба амал омада, боиси хисороти зиёди моддӣ мегарданд.

Ҷумъа, Авг 03 2018


   Ҳар рӯз шурӯъ аз соати 12:00 сардорони раёсатҳову шӯъбаҳо ва хадамотҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии кишвар дар боғи Ғалабаи пойтахт пиёдаравӣ намуда, бо ин вазни худро кам мекунанд. Хатсайри барои милисаҳои фарбеҳ пешниҳод шуда аз 5 то 7 км масофа дошта, милисаҳо онро бояд дар муддати то 45 дақиқа дар 2 самт-рафтубаргашт тай намоянд. Пиёдаравиро, ки маъмулан бо машқҳои гуногуни варзишӣ алоқаманд мешавад, бо навбат муовини аввал ва муовинони дигари вазири корҳои дохилӣ роҳбарӣ менамоянд.
   Ин амал ба хотири кам кардани вазни кормандони мақомоти милиса, хосса роҳбарону афсарон, ки вазнашон беш аз 90 кило аст, роҳандозӣ шуда, акнун милисаҳо ба ҷойи хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ роҳгардӣ мекунанд.

СССР

Ҷумъа, Авг 03 2018


   Кевин Коверт, Кордори муваққатии сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни суханрониаш дар мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории милитсия бо ҷомеа», ки дар толори калони ВКД ҶТ баргузор гашт, гуфт, ки ҳодисае, ки ба наздикӣ рух дод, ин чеҳраи аслии Тоҷикистонро нишон намедиҳад.
   - Ин Тоҷикистоне нест, ки ман ӯро мешиносам ва дӯст медорам. Аъзои оилаи ман, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд, дар амн ва бехатаранд ва хушбахт ҳастанд. Фавран ошкор шудани ин ҷиноят натиҷаи фаъолияти кормандони милитсия ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятист. Ҳамкорӣ миёни мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷҷмъият зарур аст. Танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ мо метавонем алайҳи ифротгароӣ ва тундгароӣ мубориза барем., - таъкид дошт Кевин Коверт.
   Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки пеш аз ҳама вобаста ба ҳодисаи мудҳишу ғайриинсонӣ, ки якчанд рӯз пеш нисбати шаҳрвандони хориҷӣ рух дод ва 2 шаҳрванди Амрико, 1 шаҳрванди Швейтсария ва 1 шаҳрванди Нидерландия ба ҳалокат расиданд, ба намояндагони Сафорати ИМА ва Иттиҳоди Аврупо изҳори тасаллият менамояд.
   - Дар тамоми ҷаҳон ба вуқӯъ омадани чунин ҳодисаҳо ҳамаи моро водор месозад, ки бояд муттаҳид шавем. Ин ҷинояти мудҳиш дар муддати кӯтоҳ бо дастгирии ҷомеа ва мардум кушода шуд, ки ин аз тақвият ёфтани ҳамкории милитсия бо мардум шаҳодат медиҳад, иброз дошт Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар сӯҳбати худ бо ҳозирин.
   Бояд қайд намуд, ки  Мизи мудаввар ба амалисозии ислоҳоти милитсия бо дастгирии САҲА ва дигар шарикони иҷтимоӣ ва таъсис додани Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди ВКД ва РВКД-ҳо дар тамоми шаҳру вилоятҳо бахшида шуда, дар он аз 54 минтақаҳои ҷумҳурӣ аъзоёни 29 Шӯроҳои ҷамъиятӣ иштирок доранд.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Чоршанбе, Авг 01 2018


Ҳамин ҳоло мухбири СССР-Ҷамила Ҳусейнова аз шаҳри Исфара ба СССР телефонӣ хабар дод, ки тадобири шадиди амниятӣ дар тамоми ҷодаҳои Исфара ва ҳам дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд пурзӯр шудааст. Ба гуфти Ҷамила, Тӯхтаева  - ҳамсари Юсупов Аслиддин зодаи ҷамоати Лаккони Исфара будааст. Юсупов, ки дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии, воқеъ дар Лаккон хизмат кардааст, ҳамон ҷо бо Тӯхтаева шинос шуда, оила барпо кардааст. Аммо, ба гуфти мухбири СССР, Тӯхтаева ғайб задааст ва мақомот ӯро дар Исфара ва Норак ҷустуҷӯ доранд.

Душанбе, Июл 30 2018

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти хабарии имрӯза (30.07.2018) гуфт, ки “дар робита ба ҳалокати 4 сайёҳи хориҷии велосипедсавор дар ноҳияи Данғара тамоми фарзияҳо – садама, куштор, ғоратгарӣ ва ҳамаи фарзияҳои дигар ба пуррагӣ санҷида мешаванд ва тафтишот маълум мекунад, ки ин садама буд ё ҳамлаи террористӣ? Алъон мушаххас кардан намешавад, ки ин чӣ навъи ҷиноят аст...”.

Вазир гуфт, афроди дохили мошин баъд аз зер кардани сайёҳони хориҷӣ, бо корд ба онҳо ҳамла карданд. Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳи велосипедронҳои хориҷӣ шаҳрвандони Амрико, Нидерландия, Швейсария ва Фаронса мебошанд ва зоҳиран ин ҳамлае буд, ки аз пеш тарҳрезӣ шудааст. Рамазон Раҳимзода гуфт: “Ҷои буду боши онҳо дар роҳ муайян карда шуда, чорабинии дастгиркунӣ амалӣ карда шуд. Яке аз онҳо дастгир карда шуд яке дигар ҳангоми боздошт муқобилияти мусалаҳона нишон дода. Дар ҷои ҳодиса несту нобуд карда шуд. Се нафари дигар дар ҷустуҷу қарор доранд.”

 

Хотиррасон мекунем, ки 29.07.2018, соати 15:30 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар н.Данғара 2 сайёҳ аз Амрико, 1 нафар аз Голланд ва якеи дигар аз Швейтсария кушта шуда, 2 сайёҳи дигар ҷароҳат бардоштанд. Вазир гуфт, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса 1 бригадаи фаврии иборат аз намояндагони вазорати дохила, кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ таъсис ёфта, ҷараёни тафтиш таҳти назорати шахсии президент Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

 

саҳ 25 аз 83

Китобҳо

Flag Counter