ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Июл 30 2018

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вил.Хатлон дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳангоми тафтишот 21 780 606 сомониро ошкор кард. Зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсат гуфт, ки ҳангоми тафтишу санҷишҳои молиявӣ ба маблағи умумии 21 780 606 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд. Аз он 2 909 141 сомонӣ хараҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ, 1 606 057 сомонӣ камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, 3 002 551 изофанависӣ дар ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмонӣ, 275 242 зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, 6 970 961 талафи воститаҳои пулию молӣ, 7 036 652 маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпушнамудаи андозҳо мебошанд.

 

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

 

Ҷумъа, Июл 27 2018

Имрӯз, тақрибан соатҳои 11-и рӯз дар бинои вокзали роҳи оҳани пойтахт сӯхтор ба амал омад. Сӯхтор дар муддати 20 дақиқа хомӯш гашта, дар ин вақт наздики 80 метри квадратӣ, аз ҷумла чанд курсии барои нишасти мусофирон гузошта шуда, дар толори асосии вокзал зарар дид.
Бино ба иттилои Умарҷони Эмомалӣ, котиби матбуоти ВКД ҶТ, нисбати ин ҳодиса парванда боз гардида, тафтишот оғоз шудааст. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҷумъа, Июл 27 2018


Дар нишасти матбуотии РВКД дар вил.Хатлон Солеҳзода Искандар ба ин суоли журналистон, ки «оё полковник Маҳмуд Худойбердиев ҳоло ҳам дар Ӯзбекистон пинҳон аст?» гуфт:
-Тибқи иттилои мо, ҷанговароне, ки с.1997 якҷо бо Маҳмуд Худойбердиев фирор карда буданд, аксарияташон дар Русия ба соҳибкорӣ машғуланд. Айни замон худи Маҳмуд аз Ҷумҳурии Узбекистон берун шудааст ва маълумоти дақиқ надорем. Мувофиқ бо баъзе маълумотҳои дарёфтшуда, ӯ дар давлати Туркия аст. Агар дар Ӯзбекистон мешуд ҳамон лаҳза тариқи ВАО паҳн мешуд…

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, Июл 25 2018


Рамазон Раҳимзода хост парвандаи ҷиноятии куштори Ҳувайдо таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта шавад. 
Дар робита ба ҳодисаи куштори тифли Тоҷик Ҳувайдо Тиллозода вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ҷиҳати таҳти назорати қатъӣ гирифтани рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, сари вақт ошкор кардани ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткор барқия ирсол намуд.
Бино ба итиллои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ расида, оид ба куштори ваҳшиёнаи Ҳувайдо Тиллозода, духтари панҷсолаи тоҷик дар шаҳри Серпухови вилояти Москва, рӯзи 23 июли соли равон аз ҷониби Сарраёсати Кумитаи тафтишотӣ оид ба вилояти Москва аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 105 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия оғоз гардидааст. Дар ин самт чорабиниҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ВКД Федератсияи Россия идома доранд.

Чоршанбе, Июл 25 2018


 Прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло дар нишастӣ матбуоти афзуд, ки дар 6 моҳи соли 2018 1008 парвандаи ҷиноӣ нисбати 1196 оѓоз гардида, ба додгоҳ фиристонида шуд.
Прокурор афзуд, ки 328 парвандаи ҷиноятӣ дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, таҳлили амалияи ҷазодиҳӣ нишон дод, ки ба ҷазоҳои маҳрум аз озодӣ 424 нафар, ба корҳои ислоҳӣ 106 нафар, ҷарима 377 нафар, корҳои ҳатмӣ 67 нафар ашхос кашида шудаанд. Ҷиноятсодиркунии ноболиѓон дар 6 моҳи соли ҷорӣ 130 (58)-ро ташкил медиҳад.
 Чун солҳои қаблӣ бештар аз ҳама ҷинояти дуздии амволи ѓайр 98 (41) адад, авбошӣ 10 адад, ѓоратгарӣ 1 адад, алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонӣ дошта 1 адад, расондани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ  2 адад ва 15 ҳолати боқимонда дигар намуди ҷиноятҳоро ташкил медиҳанд.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Панҷшанбе, Июл 19 2018


Маҳмадулло Идиев, лейтенанти калони ШКД- н.Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ) ба “Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ”, ки боиси марги Толибҷон Дӯстов, 1 сокини 50 солаи ин ноҳия шуда буд, айбдор мешавад. Ӯ бо шарти берун нашудан аз маҳали зист дар озодӣ қарор дошт ва парвандааш дар додгоҳ баррасӣ мешуд.    Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон рӯзи 19-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ӯ бо баҳонаи беморӣ ба мурофиаи додгоҳӣ ҳозир нашуд ва баъдан маълум шуд, ки фирор кардааст. Маълум нест, ки ӯ дар хориҷи кишвар ва ё дохили Тоҷикистон пинҳон шудааст.
Додситон гуфт, ҳоло расман ин корманди милиса дар ҷустуҷӯ қарор дорад ва эҳтимол нисбаташ барои фирор парвандаи иловагӣ боз карда шавад. Моҳи июли соли гузашта кормандони милиса дар н.Дӯстӣ Толибҷон Дӯстовро дар яке аз тарабхонаҳои н.Шаҳритус ба гумони даст доштан ба гардиши маводи мухадир боздошт карданд ва ӯ баъдан дар боздоштгоҳ ҳалок шуд. Пайвандонаш иддао карданд, ки ӯ аз шиканҷа фавтидааст. Мақомот ҳолати шиканҷаро дар марги ӯ рад карда, нисбати Маҳмадулло Идиев бо моддаи 316 (қисми 3, банди “а”)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” – айб эълон намуданд.                                       

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

саҳ 26 аз 83

Китобҳо

Flag Counter