ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июл 13 2017


Таркиш аввал 30.01.2017 ва такроран моҳи феврал дар кӯч.С.Айнии ш.Қурғонтеппа, ки ҷони 1 нафарро рабуда буд, аз сӯи мақомоти расмии вилояти Хатлон дигаргуна шарҳ дода шуд. Ҳасанбой 67-сола, посбони Литсейи тамоюли техникии Қурғонтеппа на худро таркондааст, на қасди суиқасд ба ҷони худ доштааст. Ин ҳодиса аввал дар миёни бисёриҳо ангезаи суиқасд ё худтаркониро боло карда буд, чун ин мард дар бағалаш зери ҷома 1 шишаи арақ дошт, ки дар камераҳои назоратӣ зоҳир шудааст ва дар бағал чизеро нигоҳ доштанаш низ сабт шудааст. Бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки ин марди 67-сола худро таркондааст. Ҳатто овозаҳое буд, ки ин мард мехостааст ҷои дигареро битарконад, вале ба мақсад нарасида, лавозимоти тарканда дар дасташ таркида, дар наздикии бинои Прокуратураи гарнизони ҳарбии ш.Қурғонтеппа ҷон додааст.
Имрӯз, 12 июл зимни нишасти хабарӣ Насрулло Маҳмудзода-додситони вилояти Хатлон дар робита ба ин таркиш афзуд, ки хулосаи тафтишот аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин аст, ки ин ҷиноят ошкор ва дар натиҷа нисбати 5 нафар парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Ба 2 нафари онҳо сокинони шаҳри Қурғонтеппа аз деҳаи Зарбдор-бародарон Шарифҷони Зокир ва Раҷабҷони Зокир, Файзиев Равшан, Амирхоҷаи Рустам, Саидов Саъдӣ бо моддаҳои 104, қисми 2 , 172 ,195 ва 307 айб эълон карда шуда, ҳоло парванда дар баррасии Суди олӣ қарор дорад.


Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Сешанбе, Июл 11 2017

Дар 5 моҳи соли 2017 аз тарафи ноболиғон 304 ҷиноят содир гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 ҳолат камтар аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёдшавии ҷиноят дар байни ноболиғон дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда, он 131 ҳолатро ташкил медиҳад.
Бино ба иттиллои Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ, бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаи байни хонандагон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои динӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар якҷоягӣ бо вазорати корҳои дохилӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шуда, амалӣ гардидани он зери назорат қарор гирифтааст.

СССР

Сешанбе, Июл 11 2017

Шоми сешанбеи 4 июл дар ҳудуди н.Восеи вилояти Хатлон як гурӯҳи ҳаводорони «Давлати Исломӣ» (ДИ), ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон будаанд, безарар гардонида шуданд.

Душанбе, Июл 10 2017

Судяи суди ноҳияи Панҷ Қурбонов Тоҷиддин бо гумони гирифтани пора аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастгир карда шудааст. Баъд аз боздошт шудани судяи суди ноҳияи Паннҷ шаби 21 ба 22 июн иттифоқан ҳамон рӯз хонааш дар маркази ноҳияи низ Панҷ низ ба коми оташ рафт.
1 манбаъи мӯътамади СССР дар сӯҳбат гуфт, ки доманаи сӯхтор васеъ набуда то омадани  хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия он аллакай аз ҷониби ҳамсояҳо хомӯш карда шудааст. Шоҳидон ва ҳамсоягоне, ки  бо Қурбонов Тоҷиддин рафту омад доштан мегӯянд, ки пеш аз ба коми оташ рафтан, ҷиҳози пурқиммат, аз қабили телевизор, яхдон ва дигар ашёҳои гаронбаҳо пайдо карда нашудааст. Аз ин рӯ, дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия нисбат ба ин ҳодиса парванда боз шудааст ва мавриди таҳқиқ қарор дорад. Гуфта мешавад, ки оташ аз болои кат диван-е, ки дар 1 кунҷи хона буд, сар задааст ва метавон гуфт, ки сӯхтор сохта аст, зеро ягон нишонаи расиши кутоҳи барқӣ дар ноқилҳо ба мушоҳида намерасад.
Манобеи СССР афзуд, ки 4 нафар сокинони ноҳияи мазкур ва 1 нафар сокини шаҳри Ваҳдат, ки дар кофтуков қарор дорад, аз боздошти Қурбонов Тоҷиддин огаҳ буданд. Онҳо дар набудани касе ба хона даромада чизҳои қиматбаҳоро ғорат карда, оташ задаанд.
Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 июн бо судури 1 фармон Тоҷиддин Мирзо Қурбониёнро "бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон озод кард.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

Панҷшанбе, Июл 06 2017


Шоми сешанбеи 4 июл дар ҳудуди н.Восеъи вилояти Хатлон 1 гурӯҳи ҳаводорони «Давлати Исломӣ», ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон будаанд, безарар гардонида шуданд.
Тибқи иттилои расида, ин гурӯҳ иборат аз 7-нафар буда, ҳамагӣ аз пайвандони полковники юғӣ, Гулмурод Ҳалимов будаанд. Гуфта мешавад, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ тайи як амалиёти фаврӣ, ҳамин гурӯҳи ҳаводорони ДИ-ро аз ҳудуди шаҳри Душанбе таҳти назорат гирифта, аз пайяшон то ҳудуди ноҳияи Восеъ, дар масофаи наздик ба 200 км поида омадаанд. Дар ин ноҳия, пеш аз фаромадани торикӣ, дар мавзеи Хоҷа Муъмин, ки наздик ба марзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст, гурӯҳи мазкурро ба иҳота гирифта, даъват ба таслим гаштан кардаанд. Вале эшон ин даъватро қабул накарда, ба муқовимат даромадаанд. Дар натиҷаи задухӯрди кӯтоҳ 4 тан аз гурӯҳи фирорӣ, ки тибқи хабари ғайрирасмӣ 3 нафарашон бародарони хунии Гулмурод Ҳалимов будаанд, ба ҳалокат расида, 3 каси дигар, ки низ аз табори ҳамин фармондеҳи ДИ унвон мешаванд, асир гаштаанд. Субҳи рӯзи дигар асиронро ба шаҳри Душанбе интиқол доданд. Гумон меравад, ин гурӯҳи наздикони Гулмурод Ҳалимов, ки дар сар ҳавои ДИИШ-ро доштаанд, бо нияти гузаштан ба марзи Афғонистон ва аз он ҷо ба Ироқу пайвастан бо Ҳалимов, нақшаи пешакӣ анҷом додаанд. Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз нақшаи эшон пешгирӣ намуда, дар мавзеи наздисарҳадӣ онҳоро безарар гардониданд.


Аслиддин Достиев,
СССР, Кӯлоб

Чоршанбе, Июл 05 2017

Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 49-солаи сокини н. Ҳамадонӣ муроҷиат намуда шикоят кардааст, ки рӯзи 27.06.2017 ҳангоми оббозӣ карданаш дар лаби канали шаҳраки Москваи ноҳияи мазкур шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз кисаи шимаш 2800-сомониро дуздида аз, ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонписари 18-солаи сокини шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

СССР


саҳ 45 аз 83

Китобҳо

Flag Counter