Санаи 22.09.с.2016, тахминан соати 11:00-дақиқа, марди 47-солаи сокини шаҳри Истаравшан дар хонаи истиқоматии хешихуд, бо ҳамсари 26-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 17 маротиба ба узвҳои бадани завҷааш задааст.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медихад, дар натиҷа зани ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат мерасад. Айни замон гумонбари ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Бояд қайд намоем, ки дар муддати 1 ҳафтаи охир ин 2-юмин хабари куштори ваҳшатнок дар ин шаҳр буда дар оғози ҳафтаи равон мақомоти милитсияи шаҳри Истаравшан ҷавонзанеро боздошт намуд, ки дар куштори 2 кӯдаки хурдсол даст дорад. Гумонбаршаванда шаҳрванд Мавлудаи Зиёдулло, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан дар 1 ҳолат писари хоҳаршӯй ва дар ҳолати дигар духтарчаи бародари худро, ки 1,5 ва 2 сола буданд, бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.
СССР
Шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд. "Хабарнигори фаврӣ" метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber,WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии + 992 939 222 111 ва почтаи электронии ВКД ҶТ Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд",-омадааст дар хабарномаи хадамоти матбуоти ВКД ҶТ. Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи ирсолкунандаи хабар кафолат дода мешавад. Беҳтарин навор ё хабари фаврӣ аз ҷониби комиссияи вежа бо маблағи пулӣ ва мукофот қадр карда мешавад. "Хабарнигори фаврӣ" ҳангоми пешниҳоди навори беҳтарин аз тарафи комиссияи ВКД ҶТ баҳодиҳӣ шуда, бо тӯҳфаҳои қимматнок ва маблағҳои пулӣ мукофотонида мешавад. Ҳамчунин шахсоне, ки дар ҷамъбасти семоҳа навори беҳтарин ирсол кардаанд, новобаста аз тӯҳфаи гирифтаашон дар озмунҳои пештара, аз нав қадрдонӣ карда мешаванд.
Дирӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи «Калкан»-и Ташкилоти байналмилалии полиси зидди ҷиноятӣ (Интерпол) вохӯрӣ дар мавзӯи «Ҷангҷӯёни террористии хориҷӣ: таҳдидҳо ва масъулиятҳо» ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи 13 кишвари дунё иштирок доштанд.
07.09.с.2016, тахминан соати 01 ба 02.00-дақиқаи шаб 3 нафар шахсони номаълуми ниқобпӯш, бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр бо истифода аз ашёи ба силоҳи оташфишон ва олотҳои халандаю бурранда монанд, ғайриқонунӣ вориди хонаи истиқоматии марди 49-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа шуда, ӯ ва аъзоёни оилааш: ҳамсари 49-сола, писари 17-сола ва духтари 15-солаашро мавриди лату кӯб қарор дода, дасту пойҳояшонро баста, аз дохили ҳуҷраи хоби онҳо як адад сейфи оҳанин, ки дар дохилаш 48000-доллари амрикоӣ пули нақд дошт, тасарруф намуда, бо истифода аз автомашинаи тамғаи “Хонда СР-В”, ки ба соҳиби хона тааллуқ дошт, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар назди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ бо дастгирии Сафорати ИМА Маркази муқовимат бо хариду фурӯши одамон бунёд ёфта рӯзи 1.09.2016 маросими кушодашавии он баргузор гардид.
Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи омӯзиш ва баррасии ҳуҷҷатҳои тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи гумрукии ба мақомоти гумрук пешниҳодшуда маълум карда шуд, ки тибқи декларатсияи транзитии дохилӣ, тавассути воситаи нақлиёти боркаш рақами қайди давлатиаш 8944 МR3158 аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба унвони ҶДММ «Ҳоҷӣ Аслон» ба маблағи 19 995 доллари ИМА ба миқдори 21 732 кг мевагӣ (себ, нок, аплесин, ананас, анор, манго) ба қаламрави гумрукӣ ворид карда шудааст. Дар асоси дастури роҳбарияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва муроҷиати ҶДММ «Ҳоҷӣ Аслон» азназаргузаронии гумрукии моли ба қаламрави гумрукӣ воридшуда ва қабули низоми гумрукии «Нобудкунӣ» нисбати моли воридшуда анҷом дода шуд.
Чуноне ки сомонаи расмии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, ҳангоми интиқоли мол - ананас ба миқдори 4 200 кг ва манго ба миқдори 825 кг бинобар сабаби вайрон шуданашон, дар асоси хулосаи аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, истифодаи минбаъдаи мевагии мазкур номумкин буда, сертификати мутобиқат дода нашудааст.
Ҳайати гуруҳи корӣ бо иштироки кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, намояндагони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, сармутахассиси назорати савдо ва намояндаи ҶДММ «Ҳоҷӣ Аслон», ананас ва мангоро бо вазни 5 025кг дар партовгоҳи ноҳияи Рудакӣ несту нобуд ва безарар гардониданд. Моли мазкур таҳти низоми гумрукии «Нобудкунӣ» барасмияти гумрукӣ дароварда шуд.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар