Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/3-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дидан кардааст.
Вазорати корҳои дохилии ҶТ лоиҳаи нави Кодекси одоби корманди политсияро таҳия кардааст. Тибқи муқаррароти нав корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд бо сару риши тарошида ва намуди хуби зоҳирӣ ба кор ҳозир шавад. Дар баробари ин истифодаи ҳамагуна маснуоти заргарӣ (ғайр аз ангуштарини ақду никоҳ) ва холкӯб дар бадан манъ карда шудааст. Ҳамчунин тибқи ин Кодекс кормандони ҳифзи ҳуқуқ бояд аз истифодаи лексикони ҷиноятӣ зимни сӯҳбат бо ҳамкорон ва шаҳрвандон қатъиян худдорӣ намоянд. Ҳамчунин дар Кодекси одоби корманди политсия омадааст, ки "корманд уҳдадор аст, ки ба сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ бошад ва онро дар ҳаёт татбиқ намояд, бо амали худ обрӯ ва эътибори ҳокимияти давлатиро баланд бардорад, манфиатҳои давлатӣ ва сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намояд". Дар баробари ин дар Кодекси одоб гуфта мешавад, ки дар сурати ба сифати сардори шӯъба интихоб кор кардани хешу ақрабояш корманд бояд ба истеъфо равад. Ба кор ҷалб намудани хеши наздик ё ёру бародар қатъиян манъ карда мешавад. "Роҳбари мақомот набояд хешовандони наздики худро ба мансаби зери тобеи худ таъин кунад ва агар ба мансаб таъин карда шуда бошад, бояд ӯро аз мансаб озод намояд ё ба дигар мансаб гузаронад",-омадааст дар Кодекси одоб.
Дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 41 нафар ноболиғон даст ба худкушӣ задаанд, ки аз инҳо 14 нафар писар ва 27 нафарашон духтарон мебошанд. Ғарқшавии ноболиғон бошад, дар ин давра 50 ҳолатро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 16 нафар духтарон ва 34 нафар писарон мебошанд. Дар ин бора ба журналистон Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар рӯзи 11 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Бино ба иттиллои вазир, дар 5 моҳи авали соли 2016 аз тарафи ноболиғон 358 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 11 ҳолат кам мебошад.
- Худкушии ҷавонону наврасон омилҳои зиёд дорад, ки муҳимтарини он омилҳои иқтисодӣ, ичтимоӣ ва равонӣ мебошанд. Ин ҳолатҳо хеле нигаронкунанда буда айни замон мо ба клиникаҳои психологӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони равоншинос дар мактабҳо ниёз дорем, ки метавонанд барои паст кардани шиддати мушкилоти равонии ҷавонону наврасон мусоидат намоянд. Ҳоло вазорати маориф ва илми мамлакат барои дар мактабҳо ба кор қабул намудани равоншиносҳо тадбирҳои амиқ ҷуста истодааст ва дар ояндаи наздик чунин мутахассисон дар тамоми мактабҳои кишвар пайдо хоҳанд шуд, таъкид дошт Нуриддин Саид.
СССР
Сардори тафтишоти ШВКД ш.Қурғонтеппа Намоззода Хуршед бо хабарнигори СССР дар Хатлон гуфт, ки ҷавони 16-сола дар дасти падараш маблағи калонеро мебинад ва аз падараш хостааст, ки ба ӯ мошин бихарад.
1 манбаъ ба хабарнигори СССР дар сӯҳбат гуфт, ки дар кӯч.Кайҳоннавардони ш.Қурғонтеппа шаҳрванд А.Д. дари хонаашонро баста, аз модараш талаб кардааст, ки то $3000 ба ӯ надиҳад дари хонаро намекушояд ва хоҳарашро низ ба ӯ нахоҳад дод. Ҳине, ки модар барои муроҷиат ба сӯи ШВКД-и ш.Қӯрғонтеппа раҳсипор мешавад, А.Д. ба модараш занг зада гуфтааст, ки то маблағи гуфтаашро наорад рагҳои дасташро мебуррад, ё худкушӣ мекунад.
Баҳодур Уроқов
вилояти Хатлон
Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Дидбонгоҳи воҳидоти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ мавриди истифода қарор дод.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар