ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июн 16 2016

Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико генерал Ҷозеф Вотел бо мақсади вохӯрӣ бо раҳбарони баландмақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Сафорати ИМА дар ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. 

Панҷшанбе, Июн 09 2016

Муфаттиши прокуратураи н.Бохтар Ҳ.Раҳимзода дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР гуфт, ки Мирзораҳимова Саломат Қурбоновна (с.тав.5.05.1973), зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Орҷоникидзе, ҷамоати деҳоти Заргари н.Бохтар ва  Мирзораҳимов Мирзохоҷа Абдураҳимович сокини ҳамин деҳот аз зиндагии якҷоя соҳиби 3 фарзанд шудаанд.

Панҷшанбе, Июн 09 2016

Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ду ҷавони дилдода сабру таҳаммулро пеша накарда, даст ба худкушӣ заданд.

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ иттиллоъ медиҳад, 7-уми июни соли 2016, тахминан соати 07:30-дақиқа, ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ ва духтари 16-солаи сокини ҳамин ноҳия, аз сабаби оне, ки волидайнашон барои оила барпо намудани онҳо бо сабаби ҳанӯз ноболиғ будани духтар розӣ нашудаанд, бо мақсади худкушӣ ба болои теппаҳои деҳаи Умеди ноҳияи мазкур баромада, ҳардуяшон даст ба даст карда, худашонро ба ҷарии баландиаш тахминан 100-метр партофтаанд.

Дар натиҷа духтари ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ҷавони 20-сола бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ дар беморхона, бистарӣ гаштааст. Тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад. 

СССР

 

 

Чоршанбе, Июн 08 2016

Чунин омори шоккунандаро Николай Бордюжа-гендиректори СПАД ё худ ОДКБ овардааст. Бордюжа мегӯяд, «беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои узви СПАД-Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Сурия, дар сафи террористони Давлати исломӣ меҷанганд!». Аксарияти инҳо шаҳрвандони Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Русия будаанд. Ва агар бигирем, ки Ӯзбакистон узви ин созмон нест, пас як омори хеле нигаронкунанда пешорӯямон мешавад.

Душанбе, Июн 06 2016

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ба заминҳои хоҷагии ёрирасони Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ташриф оварда, ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили аввалини заминҳои корами хоҷагии мазкур дар соли ҷорӣ оғоз бахшиданд.

Ҷумъа, Июн 03 2016

Шаҳноза Бойназарова ва Матлуба Қараева хонандагони синфи 9-и мактаби №44, дар ҷамоати деҳоти "Обшорон"-и н.Шаҳритус, ки рӯзи 10 май аз хонаашон фирор карда буданд, ҳар 2 пайдо шудаанд. Дар сӯҳбат бо СССР директори мактаб Маҳмадҷалилов Маҳмадрасул тасдиқ кард, ки хонандаи синфи 9 Матлуба бо дугонааш Шаҳноза бо маслиҳати пешакӣ фирор карда буданд. Шаҳноза баъдтар пайдо шуд. Бино ба гуфтаи Маҳмадҷалилов, рӯзи 31 май Матлубаро низ ёфтанд, вале худи Матлуба аз сӯҳбат бо СССР худдорӣ кард.

Баҳодур Уроқов,

СССР, Қӯрғонтеппа

 

саҳ 74 аз 83

Китобҳо

Flag Counter