ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Май 16 2016

Барои 1 «лайк» Ҷаҳонгир Қурбоналиеви 23-сола аз н.Ёвон ва ҳамзамон ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Ҷабҳат-ан-Нусра" ва нигоҳ доштани навору адабиёти таблиғотии гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ, ба 9 сол зиндон маҳкум шуд. Дар аввали соли ҷорӣ 14 нафари аз н.Ёвонро ба гумон тамошои наворҳо ва расмҳои дорои хусусияти ифротӣ боздошт шуда буданд.

Чоршанбе, Май 11 2016

Аз рӯзи 12 май марҳилаи нахустини расонидани кӯмакҳо ба оилаҳои аз офатҳои табии зарардидаи шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ аз ҷониби ташкилоту созмонҳои хориҷӣ оғоз хоҳад гардид.

Чоршанбе, Май 11 2016

Дар дар н.Рушони ВМКБ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Анвар валади Раҳматшо бо маводи мухаддири навъи ҳашиш бо 3 кг 770 гр ва таппончаи макаров ва кастет ба даст афтид.

Душанбе, Май 09 2016

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ва ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ - аъзоёни ташкилоти террористии ба ном «Давлати Исломӣ» боздошт гардиданд, ки қасди анҷом додани амалҳои терррористиро дар рӯзи 9-уми май - ҷашни Ғалаба дар шаҳри Москва ва инчунин дар шаҳри Душанбе доштанд.

Душанбе, Май 09 2016

Як манъба дар додгоҳи вилоти Хатлон дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР қайд намуд, ки алайҳи ин чаҳор нафар шаҳрванд, ки аввали соли 2016 боздошт шудаанд, тибқи 2 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон -- 307, қисми 2 ва 187, қисми 2, яъне даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, парванда боз шудааст.

Панҷшанбе, Май 05 2016

 

4 сокини ҷамоати "Обшорон"-и ноҳияи Ёвон ба далели ба даъватҳои ифротгароён дар шабакаи "Одноклассники" "класс" гузоштан, боздошт шудаанд.

саҳ 76 аз 83

Китобҳо

Flag Counter