ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Апр 04 2016

Полковники милитсия  Раҷабзода Кароматулло Сайфулло, ки бо номи «Капитан Клосс» на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар тамоми ҷумҳурӣ машҳур аст, бо 1 фармони вижаи Вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз 30 марти соли 2016 муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин гашт.

Душанбе, Апр 04 2016

2 апрели соли ҷорӣ дар вазорати корҳои дохилӣ маҳфили ёдбуди собиқ кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ, собиқадорони мақомот, кормандони ғайриштатӣ, дружиначиёни ихтиёрӣ, хешу табору наздикони кормандони фавтида ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Ҷумъа, Апр 01 2016

Директори филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар н. Шамсиддин Шоҳин Содиқов Қиматшо Ҷангиевич, бо маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси шӯъбаи муҳосибии ҳамин бонк Асадов А.Ҳ. ва дигар кормандони ҳамин филиал бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакию бардурӯғ, яъне шартномаҳои қарзӣ ба номи як қатор сокинони н.Шӯрообод қарз ҷудо карда, бо ин роҳ маблағи 37036 доллари ИМА, 65 657 рубли русӣ ва 70000 сомониро аз они худ намуда ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд. 

Ҷумъа, Апр 01 2016

20 нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишии «Амали гурӯҳи фаврии аксуламал бо истифодаи моддаҳои кимёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ҳастаӣ»-ро, ки аз ҷониби Барнома оид ба мусоидат алайҳи терроризм (Барномаи АТА) маблағгузорӣ мегардад, бомуваффақият хатм намуданд.

Панҷшанбе, Март 31 2016

Аз додгоҳи ноҳияи Носири Хусрав гуфтанд, ки Мафтуна Чориева ва хонаводаи ӯ бояд баъди ҳукми додгоҳӣ, ки бо моддаи 8 Қонун дар бораи танзими анана ва ҷашну маросимҳо, ки шахси воқеъӣ мебошад, бояд аз 100 то 1200 нишондиҳандаи ҳади ақал, ки муодилаш 1200 сомонӣ мебошад бояд пардохт кунад. 

Душанбе, Март 28 2016

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе аз 700 халта «Суперфосфат» дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ҷилавгирӣ кардааст.

саҳ 81 аз 83

Китобҳо

Flag Counter