ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июн 12 2019

 

Чанде қабл дар ҷаридае нисбати Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистон матлаби муҳаққиқи тоҷик Ғафур Шерматов ба назар расид. Аз рӯйхати пешниҳодкардаи эшон танҳо Қарсибой Спатаевро нашнохтам. Ба шабакаҳои иттилоотӣ рӯ оварда, маълумоте мухтасар дар борааш дарёфтам. Спатаев (15.4.1918-26.11.1942) тирпуркунандаи миномёти батареяи 2-и дивизиони алоҳидаи 13-и савора-артиллерии дивизияи 61-и савора, корпуси 4-и савораи фронти Южний, сарбози қаторӣ. Дар Армияи Сурх аз марти 1942, дар армияи амалкунанда аз ноябри с.1942. Дар қисм ӯро ҳамчун сарбози диловар, боинтизом ва намунаи ибрат мешинохтанд. Дар муҳорибаҳо зидди фашистони истилогар дар ҷанубу ғарби Сталинград бо ҳамсилоҳон ҳуҷуми душманро зада гардонданд. 23.11.1942 дар ҳудуди колхози «Красный герой» бо оташи миномёт бо нишонгирии рост то 2 взводи пиёдагарди душманро маҳв намуд, ки он барои нигоҳдории мавқеи қисмҳои советӣ мусоидат кард.

Дар маҳали аҳолинишини Шарнутовский 26.11.1942 сӯи батареяи онҳо аз 3 самт 36 танк бо автоматчиёни немис ба ҳуҷум гузаштанд. Ӯ наҳаросида бо оташи нишонрас аз миномёт сарбозони душманро аз танкҳо ҷудо намуд. Мубориза нобаробар буд. Аз зарби тиру туфанг замину замон гӯё меларзид. Ҳангоме танки душман рахна зада, ба батарея хатар эҷод кард, ӯ минае дар бағал худро зери танк партофт. Бо қимати ҷони хеш оқибати муҳорибаро ҳал намуд. Бо фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР аз 17.04.1943 барои иҷрои намунавии супориши ҷангии фармондеҳӣ бар зидди фашистон ва нишон додани қаҳрамонӣ ва шуҷоат ба Спатаев (пас аз марг) унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд. Ӯро дар гӯристони бародарии шаҳраки Шарнути н.Сарпинскийи Ҷумҳурии Қалмиқистон дафн карданд. Дар зодгоҳи қаҳрамон ва мактаби № 7-и ш.Чимкент нимпайкараи ӯ гузошта шудааст.

Сешанбе, Июн 04 2019

Ҳукумати яҳудӣ

Инқилоби болшевикии Русияро бе тардид мешавад яке аз инқилобҳои аҷиби дунё номид. Инқилоб бо шиорҳои зиддиистисморӣ ва зиддияҳудӣ пирӯз шуд, лек 1 ҳукумати комилан яҳудиро сари кор овард. Аҷиб аст, аммо аз 22 нафар комиссари халқии аввалин ҳукумати болшевикӣ 17 тан яҳудӣ буданд. Теъдоди яҳудиҳо дар комиссариатҳои халқии ин ҳукумат низ аксариятро ташкил медод. Барои мисол, дар Комиссариати халқии бехатарӣ аз 5 масъул 4 кас яҳудӣ ва дар комиссариати корҳои дохила аз 64 масъул 45 нафар яҳудӣ, дар комиссариати умури молия аз 30 корманд 26 нафар яҳудӣ буданд. Дар ин раванд комиссариати корҳои хориҷа низ истисно набуд. Дар оғоз Лев Тротский ба ин комиссариати халқӣ сарварӣ мекард, аммо баъди чанде зимоми қудратро дар ин ҷо, яке аз олитарин узви ҳизби болшевикӣ Чичерин ба ӯҳда гирифт.

Геннадий Василевич Чичерин с.1872 дар вил.Тамбови Русия, дар оилаи ашрофзода (дворян) ба дунё омад. Дар кӯдакӣ ба мусиқӣ ва таърих рағбати зиёд дошт ва баъди хатми гимназия ба факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи Санкт-Петербург дохил шуд. С.1898 бо маслиҳати амуяш ба бойгонии Вазорати корҳои хориҷии Русия (ВКХ) ба кор даромада, дар навиштани таърихи ВКХ ширкат варзид. Тӯли фаъолият дар ин даргоҳ дониши хуби дипломатӣ гирифта, ба нозукиҳои кори 1 дипломат ба хубӣ ошно шуд. Маҳз ин ҳангом ӯ бо адабиёти инқилобиёни сотсиалист ошно шуда, ба ҳаракати инқилобӣ пайваст. С.1904 ба хориҷа рафта, мехост бо ҳаракати сотсиал-демократии Ғарб ошно гардад. Ӯ дар Олмон, Фаронса ва Англия зист ва бо инқилобиёни зиёде робита барқарор намуд. Ин кор боис шуд, зери назорати раёсати хориҷии пулиси рус қарор гирад ва ӯро акнун чун 1 инқилобӣ ошно кунанд.

Чоршанбе, Май 29 2019


Иштибоҳи навбатдор
28.05.1987, ҷавони 19-солаи немис Матиас Руст тайёраи варзишии худро назди девори Кремл фуруд овард. Парвози ӯ овозаҳоеро зиёде эҷод карда, ба системаи зиддиҳавоии СССР зарбаи сахт зад. Аламовар ин буд, ки ӯ дар Рӯзи сарҳадбонони СССР дар Маскав нишаст. Руст субҳи 28 май дар тайёраи варзишии "Cessna 172R" аз фурудгоҳи Хелсинкии Финляндия мебоист ҷониби пойтахти Шветсия-ш.Стокголм мепарид. Ба Хелсинки 1 рӯз пеш, аз ш.Гамбурги Олмон парида буд. Соати 13:10-и нисфирӯзӣ ба ӯ иҷозаи парвоз доданд ва ҷониби Стокголм парид. Баъди 20 дақиқа ба навбатдори фурудгоҳ дар боби идомаи парвозаш хабар дода, хайрухуш кард. Баъди ин дастгоҳи радиёии тайёраашро хомӯш ва ҷониби халиҷи Фин ҳаракат кард. Болои халиҷ тайёраро то баландии 80-100 метр поин овард ва бо ин аз назари радари навбатдор ғоиб шуд. Ӯ дар баландӣ парвозро идома дода ба хатсайри байналмилалии Хелсинки-Маскав наздик шуд. Системаи зиддиҳавоии шӯравӣ ҳанӯз дар назди марзи давлатии СССР тайёраи ӯро ошкор кард. Маълумот дар бораи тайёраи сарҳадшикан соати 14:31 дақиқа, ба дидбонгоҳи фармондеҳии баталёни радиотехникии бригадаи 4-и радиотехникӣ дар шаҳраки Тапа (ҳудуди РСС Эстония) ирсол карда шуд. Лек навбатдори дидбонгоҳ майёр Кринитский дар оғоз тайёраи ӯро вайронкунандаи марз эълон накард ва тавсифи объектро идома дод, то ин ки тайёра аз экрани радари баталёни ӯ берун шуд. Дар навбати худ ноиби навбатдор майёр Черних ва навбатдори бригадаи 4 подполковник Карпетс низ ба тайёраи сарҳадшикан аҳамияти ҷиддӣ надода, қарор доданд, то пурра аниқ кардани вазъ маълумотро ба боло надиҳанд. Дар ҳудуди фазои ҳавоии Эстония он ҳангом зиёда аз 10 тайёраи варзишӣ дар парвоз буданд ва ҳарбиён гумон карданд ӯ низ яке аз онҳост. Соати 14:28 дақиқа аён шуд, ки тайёраҳои авиатсияи мусофиркаш дар ноҳияи парвози Руст нестанд ва соати 14:29 навбатдори дивизияи 14-и зиддиҳавоӣ (ПВО) маълумотро дар бораи марзшикании ӯ ба боло фиристода, соати 14:45 дақиқа маълумот дар бораи парвози ӯ ба дидбонгоҳи фармондеҳии армияи ҷудогонаи 6-и зиддиҳавоӣ расонида шуд.

Чоршанбе, Май 22 2019


Корпуси ҷангафрӯз
17.05.1918 корпуси чехословакӣ, ки мебоист тариқи Владивосток ба Фаронса интиқол дода мешуд, дар Сибири Русия зидди болшевикон шӯрид. Ин амалкардро бештари муаррихон чун рӯзи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар меноманд. Тобистони с.1918 корпус дар якҷоягӣ бо дастаҳои зиддиболшевикии рус тавонист, манотиқи назди Волга, Урал, Сибиру Шарқи Дурро аз дасти болшевикон гирад ва ҳукумати Шӯроҳоро дар ин манотиқ барҳам занад. Он дар ҳудуди Русия ҳанӯз солҳои Ҷанги ҷаҳонии 1 аз ҳисоби асирони миллаташон чех ва словакӣ артиши Австро-Венгрия таъсис ёфт. Асирон розӣ шуданд зидди Олмон ва Австро-Венгрия ҷангро идома диҳанд. Дар навбати худ, Фаронса ҳам дар ҳудудаш Артиши мухтори чехословакиро таъсис дод. Фаронса чун иттифоқчии Русия маҳсуб меёфт, фармондеҳии корпуси чехословакии Русия ҳам 15.01.1918 ба зимаи фаронсавиҳо гузошта шуд. Корпус ба диди созмондиҳандагони он, мебоист дар муборизаи озодихоҳонаи кишвари худ ширкат меварзид ва ҳокимони Чехословакия умеди зиёд ба он доштанд. Он шабу рӯз 2 дивизияи корпус дар Украина ҷойгир буду онҳоро бояд ба Фаронса интиқол медоданд. Лек баъди оғози ҳуҷуми немисҳо дар Украина, корпуси чехословакӣ ба ҳудуди Русияи Шӯравӣ ақиб нишаст. 26.03.1918 дар ш.Пенза намояндагони корпус ва ШКХ РСФСР қарордоде ба имзо расид, ки тибқи он асирони собиқ бояд тариқи Владивосток ба Фаронса интиқол дода мешуданд. Баъди чанде қатораҳои пур аз ҷанговарони чеху словак роҳҳои оҳани Русияи шарқиро, аз Пенза то Владивосток пур карданд. Теъдоди ҷанговарони корпусро ҳам муаррихин гуногун мегӯянд. Дар маъхазҳои шӯравӣ ҳайъати корпуси чехословакӣ 40-45.000 ҷанговар муаррифӣ шудааст.

Чоршанбе, Май 15 2019


Чекистон ва сарбозони ҷангалӣ
16.05.1942 Артиши олмонӣ яке аз бузургтарин амалиётҳои зиддипартизанӣ "Барони лӯлиҳо"-ро амалӣ кард. Партизанҳо воқеан дарди сари сахте барои немисҳо дуруст карданд. Баъди ишғоли манотиқи зиёди СССР артиши олмонӣ ба муқовимати сахт дар ақибгоҳи худ дучор шуд. Партизанҳо, ки худро сарбозони ҷангалӣ меномиданд, ногаҳ ба душман зарба зада, зуд дар ҷангал руст мешуданд. Бештари мо филмҳои партизанҳоро дидаем ва ҳамаи онҳо партизанҳоро муборизони мардумӣ, ки барои муқобила бо фашистон дар ҷангалҳо таҷаммӯъ карда буданд, тасвир мекунанд. Аммо дар асл қазия ранги дигар дошт. Ин ҳаракат баъди чанде барои артиши олмонӣ дарди сари азим ва маҳз аз ҷониби чекистони шӯравӣ роҳандозӣ шуд. Тамоми амалиётҳои ҷосусиро зидди Олмон дар солҳои ҶБВ, раёсати 4-и НКВД амалӣ мекард. Баъди оғози ҷанг то моҳи август вазифаи асосии чекистон наҷот додани қисмҳои дар муҳосирамондаи Артиши Сурх буд, лек амалиётҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд. Дар марҳалаи 2-ум чекистон дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии ҳизбӣ, ба фиристодани гурӯҳҳои тахрибкор ба ақибгоҳи душман оғоз карданд. Ин дастаҳои тахрибкор партизанҳо ном гирифтанд. Ба ҳар даста афсарони таҷрибадор ва радистҳо ҳамроҳ карда шуданд. Аввалин дастаҳои партизанӣ маҳз аз ҳисоби кормандони раёсати 4-и НКВД таъсис дода шуданд. С.1942 дар НКВД Ситоди марказии ҳаракати партизанӣ созмон дода шуд. Раёсати 4 тамоми имконияти мавҷударо дар ихтиёти Ситод қарор дод. Ин раёсат нақши муҳимеро дар таъмини пинҳонии ҳаракати партизанӣ дар Белорусия, Украина ва ҷамоҳири Назди Балтик ифшо намуд.

Чоршанбе, Май 08 2019


Таслими Рейхи саввум
Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз муҳимтарин рӯйдод дар таърихи собиқ СССР (Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ) ба шумор мерафт ва онро ҳамасола шукӯҳманд ҷашн мегирифтанд. Заминасози ин рӯз амалиёти Берлинии Артиши Сурх (АС) шуд, ки 23 рӯз (аз 16 апрел то 8.05.1945) идома ёфта, чун бузургтарин муҳорибаи Ҷанги Ҷаҳонии 2-юм шинохта шудааст. Ба АС дар ин амалиёт маршал Георгий Жуков фармондеҳӣ мекард. 8 май дар музофоти Берлин миёни сардори ситоди сарфармондеҳии олии вермахт фелдмаршал В.Кейтел, ҷонишини Сарфармондеҳи олии АС маршал Жуков ва маршали нерӯҳои ҳавоии Англия А.Теддер Санад дар бораи таслими бечунучарои Олмони фашистӣ ба имзо расид. 9 май, соати 2:10 дақиқаи шаб ровии машҳури шӯравӣ Юрий Левитан аз радио Санади таслим ва қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР дар мавриди эълон кардани 9 май чун Рӯзи Ғалабаро қироат намуд. Баъд аз ба имзо расидани Санад боқимондаҳои артиши олмонӣ силоҳҳоро ба замин гузоштанд. Дар Курляндия 189.000 аскару афсар ва 42 генерал, дар болооби дарёи Висла гурӯҳи 75.000-нафара бо 12 генерал таслим шуданд.

Шикасти Вермахт
Рӯзи ғалаба яке аз ҷашнҳои асосӣ дар собиқ СССР ва нишондиҳандаи шарафмандии мардуми шуравӣ будӣ. Ба касе ҳам пӯшида нест, ки маҳз СССР ва нерӯҳои мусаллаҳаш бори азими муқовиматро зидди Рейхи 3-ум ба танҳоӣ бардоштанд. Маҳз АС камари Вермахти олмониро шикаста, душмани ишғолгарро то даруни хонааш ронд. 26.04.1965 бо қарори Раёсати Шӯрои Олии СССР дар қаламрави кишвар 9 май рӯзи истироҳатӣ эълон шуд. Пештар 9 май дар тамоми кишварҳои Созишномаи Варшава ва Югославия чун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешуд, лек баъди пошхурии Блоки шарқӣ ҳукуматдорони нав аҳамияти таърихии ин рӯзро ба таври дигар маънидод мекунанд.

саҳ 32 аз 60

Китобҳо

Flag Counter