ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Нояб 21 2018


Кори мастона
19.11.1942 Артиши Сурх ба ҳуҷуми ҷавобии худ, дар рафти муҳорибаи Сталинград оғоз намуд. Ин амалиёт Уран ном гирифт ва дар натиҷа армияи 6-уми фелдмаршал Паулюс ба муҳосира гирифта шуд. Ин муҳориба бузургтарин набард миёни нерӯҳои СССР аз 1 тараф ва артиши Рейхи 3-ум аз сӯи дигар дар рафти ҶБВ ба шумор меравад. Инчунин дар ин ҳарб нерӯҳои мусаллаҳи Руминия, Италия ва Венгрия низ аз ҷониби артиши немисӣ ширкат варзида буданд. Набард барои Сталинград 17.07.1942 оғоз ва 2.02.1943 поён ёфт. Муҳорибаи Сталинградро бисёриҳо хунинтарин даргирӣ дар таърихи инсоният муаррифӣ кардаанд ва тибқи оморҳои расмӣ, талафоти ҳарду тараф дар ҷанг аз 2 млн нафар зиёд аст. Ҳуҷуми тобистонаи Вермахт "Фалл Блау" ном дошта, Фюрери олмонӣ дар оғоз мехост Қафқозро тасарруф карда, СССРро аз манобеи нафтиаш маҳрум созад. Аммо дар рафти амалиёт Гитлер ақидаашро дигар карда, армияи 6-уми саҳроии Паулюс ҷониби Сталинград роҳ гирифт. Номгузории амалиёт низ хеле аҷиб ба назар мерасад.

Чоршанбе, Нояб 14 2018


Атаман
С.1944 хадамоти ҷосусии шӯравӣ навори сӯҳбати собиқ комиссари халқии корҳои хориҷии СССР Максим Литвиновро бо яке аз мухбирони амрикоӣ ба даст овард. Дар рафти сӯҳбат ӯ рӯирост Сталин ва низоми шӯравиро зери танқиди сахт қарор дода, аз амрикоиҳо даъват кард, ки дар сарнагунии ин низом саҳм гузоранд. Кори Литвинов хиёнати ошкор буд, аммо бо вуҷуди ин Сталин аз ин хиёнат сарфи назар кард ва ӯ танҳо ба нафақа фиристода шуд. Максим Литвинов ё ҳамон Меер-Генох Моисеевич Валлах дар оилаи тоҷири яҳудӣ ба дунё омад. Мисли садҳо яҳудитабори дигар аз овони ҷавонӣ ба ҳаракати инқилобӣ ҳамроҳ шуда, с.1898 ба сафи РСДРП пайваст. Нашриётеро таъсис дода, ба нашри варақаҳо ва китобчаҳои инқилобӣ пардохт. С.1901 Валлахро ҳабс ва дар зиндони Лукянови ш.Киев зиндонӣ карданд.

Чоршанбе, Нояб 07 2018


Тасхири Қасри Николай
7 ноябр (25 октябр бо тақвими кӯҳна) нерӯҳои инқилобӣ қасри Зимистона (қароргоҳи собиқи Николайи 2), охирин такягоҳи ҳукумати муваққатро дар Петроград пурра ба муҳосира гирифтанд. Ҳамлаи ҳалкунанда мебоист соати 18:00 оғоз мешуд, лек болшевикон натавонистанд ҳамаи нерӯҳоро то ин муддат дар назди қаср ҳозир кунанд. Бо вуҷуди ин ба таъхир андохтани ҳамла низ ба фоидаи болшевикон анҷом ёфт. Қисмате аз муҳофизони қаср, вақте диданд ҳамлае сурат нагирифт, сангарҳои худро тарк карда, аз қаср берун рафтанд. Соати 20:00 комиссари КҲИ Г.Чудновский бо талабномаи нав ба қасри Зимистона ҳозир шуд, лек намояндагони ҳукумат онро рад карданд. Соати 21:00 нерӯҳои инқилобӣ ба тирборони Қасри зимистона оғоз намуданд.

Панҷшанбе, Нояб 01 2018


Фабрикаи мармелад
Октябри с.1943 дар лагери консентратсионии Собибор шӯриши маҳбусон сар зад, ки афсари шӯравии яҳудитабор Александр Печерский сарварӣ мекард. Лагер дар ҷанубу шарқи Полша (назди деҳаи Собибор) воқеъ буда, дар чаҳорчуби амалиёти "Рейнхард" таъсис дода шуд. Баъди тасхири Полша немисҳо онро ба "генерал-губернаторӣ" табдил дода, пеш аз ҳама қарор карданд, ҳудуди "генерал-губернаториро" аз аҳолии яҳудитабор пок кунанд. Амалиёти поксозии оммавии яҳудиён "Рейхнау" ном гирифт. Аслан маҳбусони лагерҳои консентратсионӣ мебоист асоси рушд ва гулгуншукуфии Рейхи 3-ум мегаштанд. Тамоми назария, идеоложӣ ва иқтидори иқтисодии Рейхи 3 дар истифодаи нерӯи кории бепул ба нафъи немисҳо бунёнгузорӣ шуда буд, лек яҳудиён, лӯлиҳо ва як қатор нажодҳои дигар дар ин амр низ истисно буданд ва мебоист пурра нест карда мешуданд. Теъдоди маҳбусони лагерҳо бошад то ҳол дақиқ муайян нашудаанд. Тибқи баъзе маълумотҳо, теъдоди маҳбусони тамоми лагерҳои консентратсионии дар Олмон ва Аврупои Шарқӣ бунёд шуда, 16 млн нафарро ташкил медод.

Чоршанбе, Окт 24 2018


Оби тоза
18.10.1941 дар пойтахти Япония-шаҳри Токио яке аз маъруфтарин ҷосусони шӯравӣ Рихард Зорге ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ аз феврали с.1932 то октябри с.1941 ба ҳайси намояндаи хадамоти ҷосусии ҳарбии шӯравӣ (ГРУ) дар Япония кор мекард. Ҷеймс Бонди шӯравӣ тавонист дар кишвари самурайҳо гурӯҳи муташаккили ҷосусиро созмон диҳад, ки ба он журналист Ходзуми Одзакӣ, радист Макс Клаузен, Юранко Вукелич ва рассом Ётоку Миягӣ шомил мешуданд. Ӯ ба боварии сафири Олмони фашистӣ, дар Япония даромада, ҳатто ба мушовири ӯ табдил ёфт. Бо ин кор ӯ на фақат маълумоти бисёр арзишмандро меёфт, балки ба раванди ҳаводиси муҳими сиёсӣ низ таъсир мегузошт. Зорге барҳақ зиндагии бисёр тазоддеро пушти сар кард. Ин коммунисти немис баъди он, ки ҲК дар Олмон мамнӯъ шуд, ба СССР омада, узви Комминтерн ва ба сафи муборизон барои ғалабаи ҷаҳонии коммунизм шомил шуд.

Панҷшанбе, Окт 18 2018


Табартақсими болшевикӣ
Октябр дар таърихи Тоҷикистони шӯравӣ моҳи бисёр муҳим аст.  Маҳз дар ин моҳ таъсиси 2 ҷумҳурии шӯравии тоҷикон рост меояд. 14.10.1924 тоҷикон соҳиби ҷумҳурии шӯравии мухтор шуданд. 16.10.1929 бошад РСС Тоҷикистон таъсис дода шуд. Баъд аз ғалабаи болшевикон дар Осиёи Миёна ҷамоҳири халқӣ-шӯравии Бухоро ва Хоразм таъсис дода шуданд. Дар шимоли инҳо бошад Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Туркистон қомат афрохта буд. Лек ин вазъ роҳбарияти болшевикиро қонеъ намекард ва сентябри с.1924 ба ниҳодҳои олии ҳокимияти давлатӣ дар ОМ аз Маскав дастур дода шуд, ки тақсимоти миллӣ-маҳаллиро дар минтақа амалӣ созанд. Бо ин мақсад 27.10.1924 Сессияи 2-уми КМИ СССР қарори тақсимоти миллӣ-маҳаллиро ба тасвиб расонид ва барои пиёда кардани тақсимот комиссияи хосе таъсис дод. Ба комиссия яке аз болшевикони собиқадор И.Зеленский роҳбарӣ мекард. Роҳбарияти ҷамоҳири шӯравии ОМ низ даст ба кор шуданд ва дар натиҷа ин ҷо як муборизаи тезутунди гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ сар зад.

саҳ 37 аз 60

Китобҳо

Flag Counter