ХАБАРИ ДОҒ

27.05.1934. Дар СССР унвони «Устоди хизматнишондодаи спорт» ҷорӣ карда шуд. 

27.05.1945. Дар наздикиҳои шаҳри Лин (Австрия) англисҳо ба иттифоқчиёни шӯравиашон корпуси казакии русро таслим карданд. Ин корпус, ки аз 37 генерал, 2200 афсар ва 30.000 казак иборат буд, аз Италия барои пайвастан бо Артиши Озодихоҳи Рус (РОА, Армияи генерал Власов) ҳаракат мекард ва ба англисҳо таслим шуд. Дар СССР ҳамаи казакҳо раҳсипори ГУЛАГ гардиданд.

27.05.1977. Гимни давлати (Суруди миллӣ)-и СССР тасдиқ карда шуд. Ин гимн то пошхӯрии СССР, яъне то соли 1991 арзи вуҷуд дошт.

28.05.1918. Озарбойҷон худро соҳибистиқлол эълон кард ва Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон таъсис дода шуд. Аммо ин ҷумҳурӣ баъди чанде аз ҷониби болшевикони озарӣ аз миён бардошта шуд.

28.05.1958. Дар СССР бо қарори Шӯрои Вазирон «Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи СССР» (ВДНХ) таъсис дода шуд.

 28.05.1987. Дар рӯзи сарҳадчиён, соати18:45 дақиқа, дар майдони Сурхи Маскав тайёраи варзишии «Сессна-173П» фуруд омад. Тайёраро шаҳрванди Олмони Федералӣ (ФРГ) Матиас Руст идора мекард. Руст ба хабарнигорон ва мақомоти шӯравӣ изҳор кард, ки бо сафари дӯстона ба СССР парвоз кардааст. Парвози бе мамониати Руст бесалоҳиятии пурраи нерӯҳои зиддиҳавои (ПВО)-и СССРро нишон дод. Роҳбарияти ПВО аз вазифаҳояшон гирифта шуданд.

29.05.1923. Дар СССР Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар таъсис дода шуданд.

29.05.1960. Дар СССР аввалин шумораи ҳафтаномаи «Футбол» нашр гардид. Ин аввалин нашрияи махсуси ба футбол бахшидашуда дар кишвар буд. Аз соли 1967 ҳафтанома «Футбол-Хоккей» ном гирифт.

30.05.1918. Комиссари халқии корҳои хориҷии Русияи шӯравӣ-Георгий Чечерин таъйин гардид. Чечерин дар ин вазифа Лев Тротскийро ҷойгузин кард.  

31.05.1938. Ҳавонаварди шӯравӣ Антон Губенко дар фазои Хитой аввалин тарани ҳавоиро ба амал овард. Ин аввалин тарани ҳавоӣ дар таърихи авиатсияи шӯравӣ ба ҳисоб меравад.

1.06.1931. СССР бо ИМА созишномаи ҳамкорӣ баст, ки мутобиқи он муҳандисони амрикоӣ дар сохтмони 90 заводи металлургӣ дар СССР ширкат мекарданд. Умуман, дар ибтидои солҳои 1930 дар индустриаликунонии кишвар мутахассисони зиёди хориҷӣ, аз ҷумла, аз ИМА ширкат варзиданд. Тоҷикистони мо низ дар ин раванд истисно набуд ва филми маъруфи киносозони тоҷик «Одам пӯсташро иваз мекунад» маҳз ба ҳамин мавзӯъ бахшида шуда буд.

1.06.1933. Дар СССР заводи тракторбарории Челябинск сохта ба истифода дода шуд. Хусусияти муҳими завод дар ин буд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ тракторҳо ба тонкҳо мубадал мегаштанд.

1.06.1936. Дар СССР хатсайри парвози Маскав-Владивосток ифтитоҳ ёфт. Ин дарозтарин хатсайри ҳавоӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мерафт ва парвоз бо фуруд омадан дар миёни роҳ дар 4 шабонарӯз анҷом мегирифт.

1.06.1965. Нависандаи шӯравӣ-Михаил Шолохов барои асари худ «Дони ором» бо ҷоизаи Нобелӣ мукофотонида шуд.

2.06.1955. СССР бо Югославия муносибати дипломатиашро барқарор намуд. Ин муносибатҳо соли 1948 дар натиҷаи ихтилофи Иосиф Виссарионович Сталин бо роҳбари Югославия-Броз Тито қатъ гардида буданд.

2.06.1062. Дар шаҳри Новочеркаск баромадҳои зиддиҳукуматии коргарон ба амал омад, ки ҳадафи эътироз аз баланд бардоштани нархҳо дар кишвар буд. Ин баромадҳо аз ҷониби нерӯҳои ҳарбии шӯравӣ пароканда карда шуданд.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter