21.05.1919. Шӯрои Комиссарони Халқӣ (СНК) Декрети махсусеро қабул кард, ки тибқи он китобҳои нашргардида пешакӣ сензура мешуданд ва инчунин кушодани чопхонаҳои хусусӣ дар қаламрави кишвар манъ карда шуд.
21.05.1961. Дар СССР аввалин репортажи телевизионии бозии тими миллии футбол аз хориҷи кишвар баргузор шуд. Тими миллии СССР бо Полша бозӣ мекард.
21.05.1991. Аз 21 то 25 май дар Маскав Анҷумани 4-и вакилони мардумии РСФСР доир гардид. Дар Анҷуман Қонун дар бораи Президенти РСФСР қабул карда шуд. РСФСР дар симои Елтсин соҳиби Президент гардид.
22.05.1936. Дар СССР бо бозии дастаҳои «Динамо» ва «Локомотив» аввалин чемпионати СССР оид ба футбол ифтитоҳ ёфт.
22.05.1972. Президенти ИМА-Ричард Никсон аз СССР дидан кард. Никсон аввалин раиси ҷумҳури ИМА буд, ки бо боздиди расмӣ ба СССР омад.
23.05.1930. Дар СССР рӯзномаи «Комсомолская правда» бо аввалин ордени Ленин мукофотонида шуд.
23.05.1953. Дар тӯли 48 соат дар Литва қариб 37.000 деҳқон ба ҷурми дохил нашудан ба колхозҳо ҳабс ва бадарға шуданд. Ин амалиётро нерӯҳои НКВД амалиёти «Баҳор» номиданд.
23.05.1963. Роҳбари инқилобиёни Куба Фидел Кастро ба унвони Қаҳрамони СССР сарфароз гардонида шуд.
24.05.1918. Киштии ҳарбии амрикоии «Олимпия» ба халиҷи Колск дохил ва мудохилаи ҳарбии ИМА дар шимоли Русия ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид.
24.05.1937. Маршал Михаил Николаевич Тухачевский яке аз беҳтарин ва ҷавонтарин сарфармондеҳони Артиши Сурх аз Ҳизби Коммунист хориҷ карда шуд ва Сталин розигии худро барои ҳабси маршал ба роҳбарияти НКВД дод. Миша ва 1 гурӯҳи дигари афсарони болорутбаи Артиши Сурхро дар ҷосусӣ ба нафъи Олмон гунаҳкор донистанд.
24.05.1977. Пленуми КМ ҲКИШ (КПСС) лоиҳаи Сарқонуни нави СССРро тасдиқ кард ва ба Раёсати Шӯрои Олии СССР тавсия дод, ки ин лоиҳаро барои баррасии умумихалқӣ гузоранд. Ин 4-умин ва охирин Сарқонун дар таърихи СССР ба шумор меравад ва бо Сарқонуни Брежневӣ маъруф аст. Маҳз дар ин Сарқонун нақши роҳбарикунандаи ҲКИШ расман эътироф гардид.
25.05.1922. Дар шаҳри Петроград аввалин ташкилоти пионерӣ созмон дода шуд.
25.05.1956. Бо қарори Раёсати Шӯрои Олӣ дар СССР аз 1.06.1956 барои коргарони аз 16 то 18-сола рӯзи кории 6 соата ҷорӣ карда шуд.
25.05.1989. Дар Маскав Анҷумани 1-уми вакилони мардумии СССР ифтитоҳ ёфт. Дар Анҷуман Михаил Сергеевич Горбачёв Раиси Шӯрои Олии СССР интихоб шуд.
26.05.1947. Дар СССР бо қарори ҳукумати кишвар ҳукми қатл аз миён бардошта шуд. Ин қонун ҳамагӣ 3 сол идома ёфта соли 1950 дар СССР аз нав ҷорӣ шуд.
26.05.1987. Дар СССР қонун дар бораи кооперативҳо қабул гардид. Ин қонун мебоист ба рушди соҳибкории хусусӣ дар кишвар мусоидат мекард. Аммо дар амал кооператсия ба 1 иқтисоди соягӣ (теневая экономика) мубаддал гашт ва барои СССР пасомадҳои чандон хубе надошт.
26.05.1991. Дар Гурҷистон интихоботи президентӣ барпо шуд ва Звиад Гамсахурдиа пирӯзӣ ба даст овард.
М.Салимшо