ХАБАРИ ДОҒ

Қабри Темури лангро кушоданд

  • Чоршанбе, Июн 15 2016

17.06.1991. Дар нишасти пӯшидаи Шӯрои Олии СССР раиси вақти КГБ-Владимир Крючков гуфт, ки қаламрави кишвар аз ҷосусони ЦРУ-и Амрико пур шудааст. 

20.06.1918. ШКХ (СНК), ки органи ҳукуматӣ дар Русияи шӯравӣ маҳсуб меёфт, бо қарори худ саноати нафтии кишварро миллӣ кунонид. Аз ин ба баъд истихроҷу фурӯши нафт пурра ба ихтиёри давлат гузашт.

20.06.1945. «Байрақи ғалаба» барои ширкат дар Паради ғалаба ба Маскав оварда шуд. Ин байрақро 9 май сержантҳо Кантария ва Егоров ба болои Рейхстаги Берлин ҳамчун рамзи Олмони фашистӣ барафрохта буданд.

21.06.1941. Ба Артиши олмонӣ фармони махфии амалиёти ҷангӣ зидди СССР дар рӯзи 22 июн дода шуд. Дар ҳудуди СССР дастаҳои диверсионии немисҳо ба амалиёти худ шурӯъ карданд. Флоти баҳрии Олмон бошад ба минагузории даромадгоҳи халиҷи Фин оғоз кард.

 

21.06.1941. Дар Самарқанд мақбараи Темури лангро кушоданд. Тибқи баъзе аз пешгӯиҳо баъди чанд соати ин амалкард ҶБВ оғоз гардид.

22.06.1941. Субҳи ин рӯз Артиши олмон бе эълон ба СССР дарафтод. Бо амалиёти «Барбаросса» ҶБВ оғоз ёфт ва онро метавон сахттарин имтиҳони давлати шӯроҳо номид. Ин ҷанг баъди нутқи радиоии Сталин, ки дар он роҳбари СССР калимоти «Бузург» ва «Ватанӣ»-ро истифода бурд, бо номи ҶБВ маъруф шуд. Олмон зидди СССР нерӯи азими ҳарбӣ-3 гурӯҳи армияҳо (181 дивизия, аз ҷумла, 19 дивизияи тонкӣ, 14 дивизияи моторикунонидашуда ва 18 бригада)-ро фиристод. Ҳамагӣ дар ин амалиёт аз ҷониби Олмон 5,5 млн аскар, 3712 тонк, 47260 тӯпу миномёт, 4950 тайёраи ҷангӣ ширкат кард. Инчунин дар ин ҷанг иттифоқчёни Олмон-Итолиё, Венгрия, Руминия, Финляндия, Словакия ва Хорватия ширкат доштанд. Артиши Сурх (АС) дар оғоз ба шикасти сахт дучор шуд. Аввали задухурди сахттарин дар қалъаи Брест ба вуқӯъ пайваст, ки қариб 1 моҳ идома ёфт. Дар наздикии Брест немисҳо аввалин бор дар рафти ҷанги ҷаҳонии дуввум дучори муқобилаи шадид шуданд. Аслан дар оғоз касе гумон надошт, баъди чунин зарбаи шадид СССР метавонад истодагарӣ кунад. Дар муҳорибаҳои наздимарзӣ АС талафоти азим дод. Дар соли аввали ҷанг танҳо талафоти тайёраҳо 10.000 ададро ташкил дод. Немисҳо бошанд 3000 тайёра талаф доданд. То 1.12.1941 Артиши олмонӣ Латвия, Литва, Белорусия, Молдова, Эстония, қисми зиёди РСФСР ва Украинаро ишғол намуд ва ба масофаи 850-1200 км ба дохили СССР ворид шуд. СССР дар оғоз муҳимтарин марказҳои саноатӣ ва ашёии худ, мисли ҳавзаи саноатии Донбасс, ҳавзаи истеҳсоли оҳани Криворожск ва манотиқи озуқавории ҷануби Украинаро аз даст дод. Шаҳрҳои калони саноатии Минск, Киев, Харков, Смоленск, Одесса, Днепропетровск ба душман вогузор шуда, миллионҳо шаҳрванди шӯравӣ зери юғи асорати фашистӣ монданд. Бо ин вуҷуди мушкилот дар сахттарин шароит АС тавонист пешравии артиши немисҳоро дар наздикиҳои Ленинград, Маскав ва Ростови лаби Дон боздорад. «Барбаросса»-и немисҳо ба нокомӣ анҷомид. Зимистони соли 1941 дар назди Маскав ба АС муяссар шуд, ки аввалин шикастро ба немисҳо ворид кунад ва онҳоро ба ақиб ронад. Ҷанги хонумонсӯз 5 сол идома ёфт. Ахир АС бо ҷонбозиҳои зиёд дар назди Сталинград ва Курск рафти ин ҷангро тағир дод ва аз соли 1943 ба баъд немисҳо танҳо ақибнишинӣ мекард. Дар соли 1944 АС хоки СССРро пурра аз немисҳо озод кард ва ҷанг ба Аврупо кӯчид. Умуман, ҶБВро асоситарин марҳалаи ҷанги ҷаҳонии 2 номидаанд. Барҳақ, АС дар шикасти Олмони фашистӣ нақши ҳалкунанда бозид. Мардуми зиёди Аврупо маҳз ба шарофатии ҷонбозиҳои АС аз юғи асорати фашистӣ озод шуданд. Дар ин ҷанг СССР талафоти азими ҷонӣ ва молӣ дод. Наздики 27 млн шаҳрванди шӯравӣ, ки миёнашон ҳамватанони мо низ кам нестанд, ҷони худро барои ин ғалабаи пуршукӯҳ аз даст доданд.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter