ХАБАРИ ДОҒ

27.06.1929.Ҳукумати шӯравӣ қарори махсусеро қабул кард, ки тибқи он тамоми маҳбусони мӯҳлати ҳабсашон аз 3 сол боло аз зиндонҳо ба лагерҳои меҳнатӣ гузаронида мешуданд. Системаи азими ГУЛАГ дар СССР тадриҷан роҳандозӣ мешуд.

 

27.06.1936.КМИ ва ШКХ СССР бо қарордоди худ қатъи абортро дар қаламрави кишвари шӯроҳо манъ кард. Ин қарордод ноябри соли 1955 аз нав бекор карда шуд.

27.06.1945.Иосиф Сталин сарфармондеҳи Олии Артиши Сурх ва роҳбари аввали СССР бо унвони генералиссимус қадрдонӣ гардид.

28.06.1933.Дар Маскав амалиёти ниҳодҳои НКВД барои дастгир ва берун кардани лӯлиҳо аз қаламрави шаҳр оғоз шуд. Дар 1 муддати кӯтоҳ тамоми лӯлиҳои пойтахти кишвар аз шаҳр берун карда шуданд.

28.06.1940.Артиши Сурх ба қаламрави Бесарабия ва Буковинаи шимолӣ, ки то ин ҳангом ба ҳайъати Руминия шомил буданд, дохил шуд. СССР дар ин манотиқ Ҷумҳурии шӯравии Молдоваро таъсис дод.

28.06.1941.Дар СССР бори аввал аз радио суруди маъруфи «Ҷанги муқаддас» (Священная война) садо дод. Ин суруд, ки мазмуни баланди патриотӣ дошт, рӯҳияи ҷангии мардуми шӯравиро чандин дараҷа боло бурд.

28.06.1948.Бюрои хабарии ҳизбҳои коммунисти ва коргарӣ Иттиҳоди коммунистони Югославияро аз узвияти ин ташкилот хориҷ кард. Сабаби асосии ин кор норозигии Броз Тито (роҳбари ҲК Югославия) бо сиёсати пешгирифтаи Иосиф Сталин гардид. Инчунин созишномаи дӯстӣ ва ҳамкории байни СССР ва Югославия низ бекор карда шуд.

28.06.1988.Конфронси 19-и ҲКИШ дар Маскав ба кори худ шурӯъ кард. Бо ин конфронс тағйиротҳои сиёсӣ дар СССР оғоз ёфтанд.

28.06.1991.Дар 46-умин нишасти иҷлосияи Шӯрои Ҳамёрии Иқтисодӣ (СЭВ), ки дар Будапешт доир гардид, аъзои ин ташкилоти бонуфуз бо баёнияи махсус ин ташкилотро аз миён бардоштанд.

29.06.1957.Дар Маскав, дар пленуми ғайринавбатии КМ ҲКИШ собиқадорони ин ҳизб Маленков, Молотов, Каганович ва Шепилов ҳамчун мухолифони дохилии ҳизб муаррифӣ ва аз тамоми мансабҳои давлатиашон барканор шуданд. Роҳбари нави ҲК-Н.С.Хрушёв бо ин роҳ аз мухолифони асосиаш халос мешуд.

29.06.1975.Дар Донишкадаи энергияи атомии ба номи Курчатов калонтарин дастгоҳи термоядерӣ дар ҷаҳон «Токмак-10» роҳандозӣ шуд.

30.06.1956.Дар матбуоти даврии СССР қарори КМ ҲКИШ дар бораи «шахсиятпарастии Сталин» нашр гардид. Нашри ин қарор дар ҷомеаи шӯравӣ ва куллан дар ҷаҳон таҳаввулоти азиме ба вуҷуд овард.

30.06.1991.Дар Симферополи Қрим маҷлиси тоторҳои қрим истиқлолияти тоторҳоро эълон кард ва аз тамоми аҳолии нимҷазира даъват кард, то дар сохтмони Қрими нав бо онҳо ҳамкорӣ кунанд.

1.07.1918.Ҳукумати шӯравӣ коргарони эътирозкунандаро душманони мардуми меҳнаткаш эълон намуд. Аз ин пас дар СССР барои солҳои тӯлонӣ коргарон аз ҳуқуқи эътирозу корпартоӣ кардан маҳрум гардиданд.

1.07.1987.Дар СССР қонун дар бораи «корхонаҳои давлатии СССР» қабул шуд, ки ба корхонаҳо озодии бештари фаъолият медод ва онҳоро ба худмаблағгузаронӣ мегузаронид. Бо ин қонун дар СССР давраи дуюми бозсозӣ оғоз ёфт.

1.07.1988.Дар СССР қонун «Дар бораи кооператсия» қабул шуд, ки он ҳаракати кооперативиро дар кишвар роҳандозӣ карда, дар ояндаи начандон дур кооперативҳо дар СССР ба «иқтисоди соягӣ» табдил ёфтанд, ки миллионҳо рубли давлатиро аз муомилаи озод берун карда, зарари ҷиддӣ ба иқтисоди кишвар расониданд.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter