ХАБАРИ ДОҒ

27.08.1959. Дар СССР қарор дар бораи «Мукофотонидани беҳтарин хатмкунандагони макотиби миёна бо медалҳо» ба имзо расид.

28.08.1941. Раёсати Шӯрои Олии СССР қарор дар бораи «Кӯчонидани немисҳои навоҳии Поволжье»-ро қабул намуд. Немисҳо ҳангоми таъсисёбии СССР дар соҳилҳои Волга ҷумҳурии автономии худро таъсис дода буданд. Аммо баъди ҳуҷуми Олмон ба СССР ин шаҳрвандони шӯравӣ якбора ба душманони СССР табдил ёфтанд ва ҳамагӣ ба Осиёи Миёна ва Қазоқистон кӯчонида шуданд.

 

29.08.1938. Дар СССР таълими ғоибона дар макотиби олӣ ҷорӣ карда шуд. Ин системаи таълимӣ то ба имрӯз дар бештари ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳод, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба таври васеъ истифода мешавад.

29.08.1939. Дар СССР бо қарори махсуси Бюрои сиёсии КМ ҲК(б) 4000 коммунистон ба ҳайси коркунони сиёсӣ (политработник) ба сафи Артиши Сурх сафарбар шуданд. Ин кормандони сиёсӣ, ки бо комиссарон маъруф буданд, дар фаъолияти Артиши Сурх нақши басо муҳим дошта, такягоҳи асосии ҲК дар артиш ба шумор мерафтанд. Беҳуда набуд, ки пас аз сари қудрат рафтани коммунистон ҳукуматдорони нав оҷилан ин рутбаро дар Артиши Шӯравӣ бекор намуданд.

29.08.1949. СССР дар озмоишгоҳи атомии Семипалатински Қазоқистон аввалин бомбаи атомии худро бо муваффақият озмуд. Воқеан, ин кор барои тӯли умри абарқудрати шӯравӣ нақши фавқулодда муҳим дошт. Агар ба СССР ин кор дар кӯтоҳтарин муддат муяссар намешуд, ИМА ва иттифоқчиёнаш дер ё зуд кишвари шӯроҳоро ҳадафи бомбҳои атомии худ қарор медоданд. Нақшаҳои ин амалиёт низ аллакай тарроҳӣ шуда буданд.

29.08.1991. Дар ин рӯз фаъолияти озмоишгоҳи атомии Семипалатинск дар Қазоқистон қатъ карда шуд.

30.08.1935. Дар шаҳри Маскав кунгураи 7-уми Комминтерн доир шуд ва тактикаи навро бо номи «фронти ягона» қабул намуд. Қарор дода шуд, ки коммунистон дар якҷоягӣ бо сотсиал-демократҳо бар зидди фашизм мубориза баранд.

30.08.1963. Барои аз миён бардоштани хатари ногаҳонии ҷанги атомӣ миёни СССР ва ИМА «хатти доғи алоқа» миёни Маскаву Вашингтон барқарор карда шуд.

31.08.1926. Дар шаҳри Пағмони Афғонистон дар қароргоҳи тобистонии Амонуллохон байни СССР ва Афғонистон созишномаи дӯстӣ, бетарафӣ ва ба ҳамдигар ҳуҷум накардан ба имзо расонида шуд.

31.08.1989. Дар РСС Молдавия забони молдаванӣ забони давлатии ин кишвар эълон гардид ва ба ҳуруфи лотинӣ гардонида шуд.

1.09.1939. Бо ҳуҷуми Олмон ба Полша ҷанги ҷаҳонии 2 оғоз ёфт. Ин ҷанг яке аз хунинтарин ҷангҳо дар таърихи инсоният ба шумор меравад, ки талафоти зиёди ҷониву молӣ ба бор овард. Танҳо СССР дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 27 миллион шаҳрвандони худро аз даст дод. Харитаи сиёсии дунё баъди анҷоми ин ҷанг комилан дигаргун гардид. Қисмати азими Аврупо ба лагери сотсиалистӣ мубаддал гашт ва солҳои тӯлонӣ ин 2 ҷабҳа (сотсиалистӣ ва капиталистӣ) барои соҳиб шудан ба қудрати ҷаҳонӣ бо ҳам даргир буданд.

1.09.1973. Амалиёти террористӣ дар Мавзолейи Ленин. Террорист ба дохили Мавзолей граната партоб намуд, аммо ҷасади доҳии меҳнаткашон зараре надид ва танҳо чанд нафар аз зоирони мақбараи доҳӣ куштаву захмӣ гардиданд.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter