14.08.1919. Оғози амалиёти Актюбински Артиши Сурх дар рафти ҷанги граждании Русия. Дар рафти ин амалиёт нерӯҳои фронти Туркистонии Артиши Сурх бо сарварии М.В.Фрунзе Артиши ҷанубии Колчакро торумор намуданд.
14.08.1930. Дар СССР КИМ ва ШКХ қарор «Дар бораи таълими ҳатмии умумии ибтидоӣ»-ро қабул намуданд. Тибқи ин қарор тамоми наврасони шӯравӣ бояд ба таври ҳатмӣ соҳиби маълумоти ибтидоӣ мегардиданд.
14.08.1945. Дар шаҳри Маскав байни Хитой ва СССР созишномаи дӯстӣ ва иттиҳод барои 30 сол баста шуд. Хитойро дар ин чорабинӣ ҳукумати Чан Кайши муаррифӣ мекард. Баъди чанде дар ин кишвар коммунистон ба қудрати сиёсӣ соҳиб шуданд ва ин созишнома бе эътибор дониста шуд.
15.08.1918. Русияи шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносибати дипломатии худро қатъ карданд. Рӯзи дигар артиши америкоӣ ба Владивосток дохил мешавад, ки маънои оғози мудохилаи низомии давлатҳои Антанта ба Русияи шӯравиро дошт.
15.08.1921. Дар Женева (Шветсария) зери роҳбарии баҳрнаварди маъруф Фритёф Нансен конфронси байналмилалӣ дар масоили ёрдам ба гуруснагони Русия оғоз гардид.
15.08.1991. Дар СССР, дар матбуоти давлатӣ лоиҳаи созишномаи нави Иттиҳод нашр гардид.
16.08.1938. Кумитаи иҷрояи Коминтерн қарор дод, ки Ҳизби коммунистии Полшаро пароканда гардонад. Сабаби парокандашавии ин Ҳизбро дар ҷосусони фашистӣ, ки ба ҳайати ҳизб дохил шуда буданд, донистанд.
16.08.1941. Дар СССР қарори №270 интишор ёфт. Дар ин қарор фаҳмонда мешуд, ки кадом сарбозони Артиши Сурх хоини давлат ба шумор мераванд.
16.08.1976. Дар кинопрокати шӯравӣ филми ҳаҷвии «Ирония судьбы, или С лёгким паром» аввалин бор намоиш дода шуд. Он низ яке аз филмҳои маъруфи СССР ба шумор меравад.
17.08.1961. Дар СССР системаи Муҳофизати гражданӣ (Гражданская оборона) таъсис дода шуд.
17.08.1974. Дар пойтахти Куба-шаҳри Гавана аввалин чемпионати ҷаҳон оид ба бокси ҳаваскорӣ (любителский) баргузор гардид, ки дар он боксчиёни СССР низ ширкат варзиданд.
17.08.1977. Киштии яхшикани атоми (ледокол)-и советӣ «Арктика» аввалин шуда ба Қутби яхбастаи шимолӣ расид.
17.08.1984. Дар СССР зани академик Андрей Сахаров-Елена Боннэр барои «тӯҳмат задан ба давлат» ба мӯҳлати 5 сол ба шаҳри Горкий бадарға гардид.
18.08.1918. Дар Русияи шӯравӣ Иттиҳоди умумирусиягии журналистони шӯравӣ таъсис дода шуд.
18.08.1968. Сарони давлатҳои созишномаи Варшава барои ворид кардани артиши ин давлатҳо ба Чехословакия ризоият доданд. Артиши шӯравӣ ба Чехословакия ворид ва ҳаракати зидди коммунистӣ дар он ҷо пахш карда шуд.
18.08.1976. Стансияи кайҳонии советӣ «Луна-24» ба сатҳи Моҳ фурӯд омад.
18.08.1991. Президенти СССР-Михаил Сергеевич Горбачёв дар Фороси Қрим аз ҷониби намояндагони ГКЧП ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.
М.Салимшо