ХАБАРИ ДОҒ

Рафтуомади Аслонов ва Набиев

  • Душанбе, Сен 26 2016

23.09.1980. Дар СССР дар шаҳри Северодвинск калонтарин киштии ҷангии зериобӣ «Акула» ба об фароварда шуд.

23.09.1991. Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори манъи фаъолияти Ҳизби Коммунистиро бекор намуд. Қадриддин Аслонов аз вазифа сабукдӯш гардид ва ба ҷои ӯ Раҳмон Набиевро рӯи кор овард.

 

25.09.1943. Смоленск аз асорати Олмонӣ озод карда шуд. Ин шаҳр баъди даргириҳои шадид, тобистони соли 1941 ба тасарруфи немисҳо даромад ва зиёда аз 2 сол немисҳо дар ин шаҳр хӯҷаинони комилҳуқуқ ба ҳисоб мерафтанд. Тирамоҳи соли 1943 ба Артиши Сурх муяссар гардид, ки дубора Смоленскро аз немисҳо озод кунад.

25.09.1986. Раёсати Шӯрои Олии СССР, майори милиса Л.Телятников, лейтенантҳо Кибенко ва Правикро барои қаҳрамониашон дар бартараф намудани садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил бо унвони олии қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ кард. Садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил яке аз калонтарин садамаҳо дар собиқ СССР ба шумор меравад, ки хисороту талафоти ҷонии зиёде ба бор овард. Аз ҷумла, 2 лейтинанти қаҳрамон низ дар натиҷаи ин садама ҷони худро аз даст доданд.

26.09.1921. Русияи шӯравӣ аз мамолики дигари дунё даъват кард, то ба гуруснагони Поволже кӯмак расонанд. Кишвари шӯроҳо, ки ҷанги хунинеро пушти сар намуда буд ба вазъияти душворе гирифтор гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ харобиҳои зиёде ба бор овард. Дар кишвар гуруснагии шадид ба вуқӯъ пайваст. Вазъият дар Поволже аз ҳама муташанниҷтар буд. Болшевикон ба танҳоӣ наметавонистанд ин қазияро ҳал кунанд ва ба кӯмаки беруна сахт эҳтиёҷ доштанд.

26.09.1968. Рӯзномаи «Правда» матлаберо нашр намуд, ки бо «доктринаи Брежневӣ» баъдан маъруф гардид. Мутобиқи ин ҳуҷҷат, Маскав танҳо истиқлолияти нисбии кишварҳои ҷаҳони сотсиалистиро қабул дошту халос.

26.09.1983. Подполковники артиши шӯравӣ Станислав Петров ҷанги атомии миёни СССР ва ИМАро бартараф намуд. Дар ин рӯз системи муҳофизатии атомии СССР дучори ишкол гардид ва хабари бардурӯғи ҳуҷуми атомии ИМАро ба СССР пахш кард. Аммо подполковники зирак ба ин хабар бовар накард ва СССР аз задани зарбаи ҷавобӣ худдорӣ намуд.

26.09.1990. СССР қонуни озодиҳои диниро қабул намуд. Дин дар кишвари шӯроҳо дигар афюни халқ ба шумор намерафт.

27.09.1977. Дар СССР нерӯгоҳи атомии Чернобил аввалин қувваи барқи худро истеҳсол намуд.

27.09.1990. СССР шомили ташкилоти байналмилалии пулис-«Интерпол» гардид.

28.09.1925. Дар СССР фармон дар бораи «Милисаи коргару деҳқонӣ» ба имзо расид. Солҳои тӯлонӣ кормандони вазорати корҳои дохилаи СССР ин рӯзро чун иди касбии худ ҷашн мегирифтанд.

29.09.1941. Куштори бераҳмонаи мардум аз тарафи немисҳо дар Бабий Яр. Дар муддати 2 рӯз артиши олмонӣ дар ҷангалзори Бабий Яр (наздикиҳои Киев) 60.000 одамро қатли ом кард. Аксарияти ин афродро яҳудиҳо, лӯлиҳо, сокинони осоиштаи Киев ва асирони артиши сурх ташкил медоданд.

 

М.Салимшоев 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter