ХАБАРИ ДОҒ

Аз парвози МИГ-29 то қатли Бухарин

  • Чоршанбе, Сен 28 2016

30.09.1928. Дар рӯзномаи «Правда», ки асоситарин нашрияи Ҳизби болшевикӣ ба шумор мерафт, мақолаи Николай Бухарин-«Қайдҳои иқтисодчӣ» рӯи чоп баромад. Бухарин дар ин мақолаи худ, сиёсати иқтисодии Сталинро сахт зери танқид гирифт. Сталин ба касе чунин густохиро намебахшид ва дере нагузашта Бухарин бо ҷурми хиёнат ба ватан кушта шуд.

 

1.10.1941. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав вохӯрии сеҷонибаи намояндагони ИМА, Англия ва СССР доир гардид. Ин вохӯрӣ 3 рӯз идома дошт ва дар натиҷаи он ИМА ва Англия ӯҳдадор шуданд, ки ба СССР дар ҷанг бо Олмон кӯмак кунанд. Ин кӯмак, ки бо «Ленглиз» маъруф аст, асосан аз лавозимоти ҷангӣ, аслиҳа ва хӯрокворӣ иборат буд. Танҳо соли 1944 вақте тақдири ҷанг аллакай ҳал шуда буд, ИМА ва Англия ба ҷанги зидди Олмон пайвастанд.

2.10.1987. Дар телевизиони Марказии СССР аввалин барномаи «Взгляд» пахш гардид. Ин барнома, ки зодаи бозсозии горбачёвӣ буд, дар ҷомеаи онрӯзаи шӯравӣ аз маҳбубияти хосе бархӯрдор гардид.

3.10.1929. СССР бо Бритониёи Кабир муносибати дипломатиашро барқарор намуд.

3.10.1968. Аввалин парвози тайёраи мусофирбари «Ту-154». Ин тайёра, ки дар ОКБи Туполев сохта шуда буд, то ба ҳол яке аз асоситарин тайёраҳои мусофирбар дар хатсайрҳои ҳавоии собиқ СССР ба шумор меравад.

3.10.1993. Дар Маскав муқовимати тарафдорони президенти Русия-Борис Николаевич Елсин ва тарафдорони Шӯрои Олии ин кишвар ба даргириҳои ошкоро мунҷар шуданд. Дар ин рӯз тарафдорони Шӯрои Олӣ ҳалқаи муҳосираи Кохи Сафед (бинои ШО Русия)-ро рахна ва бинои ҳокимияти шаҳрро ишғол намуданд. Ин даргириҳо оқибат бо ғалабаи Елсин ва пароканда шудани Шӯрои Олӣ ба поён расид.

4.10.1957. Дар СССР аввалин радифи маснӯи Замин ба кайҳон бароварда шуд. Ин аввалин ғалабаи кишвари шӯроҳо дар тасхири кайҳон буд.

4.10.1991. Роҳбарони Ҷумҳуриҳои СССР (ғайр аз ҷамоҳири назди Балтик) Созишномаи ҳамкориҳои иқтисодиро ба имзо расониданд.

5.10.1991. СССР аввалин Созишномаи ҳамкориро бо Бунёди Байналмилалии Асъор (МВФ) ба имзо расонид.

5.10.1993. Президенти вақти Русия-Борис Елсини майзада бо қарори махсуси худ фаъолияти ҳамаи аҳзоб ва ВАО-и мухолифинро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон кард.

6.10.1975. Футболбозони Динамои Киев аввалин шуда, дар байни тимҳои футболи шӯравӣ Ҷоми Аврупоро ба даст оварданд.

6.10.1977. Аввалин парвози қиркунандаи МиГ-29. Ин қиркунанда яке аз беҳтарин тайёраҳои ҷангӣ дар дунё маҳсуб меёфт ва борҳо бартарии худро дар набардҳои осмонӣ собит намуд.

7.10.1944. Дар шаҳри Думбартон-Окс (ИМА) конфронси сарони кишварҳо доир гардид. Дар ин конфронс, ки намояндагони СССР, ИМА, Англия ва Хитой ҷамъ омада буданд, қарор дода шуд, ки Лигаи Миллатҳо бо Созмони Миллали Муттаҳид ҷойгузин карда шавад.

7.10.1966. Роҳбарияти СССР баъди муташанниҷ гардидани муносибатҳояш бо Чин тамоми донишҷӯёни чиниро аз қаламрави кишвари шӯроҳо берун кард.

7.10.1977. Дар СССР Сарқонуни нав, ки бо Конститутсияи брежневӣ маъруф аст, қабул карда шуд. Ин саввумин ва охирин Сарқонун дар таърихи 70-солаи кишвари Шӯравӣ ба ҳисоб меравад.

 

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter