ХАБАРИ ДОҒ

21.10.1917. Гарнизони ҳарбии Петроград ба Ҳукумати мувақатӣ хиёнат кард ва ба тарафи Кумитаи Ҳарбии Инқилобӣ гузашт. Инқилоби болшевикӣ рӯз ба рӯз наздик мешуд. Дар ин Кумита болшевикон нақши асосӣ доштанд ва бо тарафдории гарнизон ба осони қудратро дар пойтахти Русия ба даст гирифтанд.

 

21.10.1948. СССР ба СММ пешниҳод кард, ки тамоми силоҳи атомиро дар ҳамаи кишварҳо аз миён бибаранд. Аммо мутаассифона ғарбиён ин иқдоми одилонаи СССРро сарфи назар ва СММ ин пешниҳодро рад намуд.

21.10.1950. Намояндагони СССР ва иттифоқчиёнаш дар Прага (Чехословакия) нишасте доир намуданд. Ба ин нишаст, ки вазири корҳои хориҷии СССР-Вячеслав Михайлович Молотов сарварӣ мекард, СССР бо ҳамроҳии иттифоқчиёни худ ояндаи Олмонро баррасӣ намуданд.

22.10.1942. Артиши Сурх десанти немисию финиро, ки мехост ҷазираи Сухоро дар кӯли Ладога ба даст биёрад, торумор намуд. Кӯли Ладога ягона роҳе буд, ки тавассути он Ленинград бо озуқа таъмин мегардид.

23.10.1917. Дар Петроград ҷаласаи КМ Ҳизби Сотсиал-Демократи болшевикон доир шуд. Болшевикон дар шароити хосе қарор доштанд. Ҳукумати мувақатӣ дар Русия қариб пурра қудрати сиёсиро аз даст дода буд ва ин гурӯҳи на чандон калони инқилобигаро барои гирифтани ин қудрат, шароити аз ҳама хубе пайдо карда буд. Бо вуҷуди ин болшевикон ҳанӯз дудила буданд, лек Ленин, ки ба таври ногаҳонӣ дар ҷаласа ҳозир шуда буд, барои тасмими охирини болшевикон нақши ҳалкунанда бозид. Ҳизби болшевикон бо пофишории Ленин қарори «Шӯриши мусаллаҳона»-ро барои ба даст гирифтани қудрат дар Русия қабул намуд.

23.10.1956. Шӯриши зиддикоммунистӣ дар Венгрия. Мардуми барошуфтаи Будапешт зидди нерӯҳои шӯравӣ, ки дар ин кишвар мустақар буданд, шӯриданд. СССР ва иттифоқчиёнаш танҳо бо вуруди нерӯи иловагӣ ба ин кишвар тавонистанд, ин шӯришро саркӯб намоянд.

23.10.1966. Яке аз ҷосусони маъруфи шӯравӣ Ҷорҷ Блейк, ки дар Англия зиндонӣ буд, аз машҳуртарин зиндони ин кишвар «Уормвурд-Скрабз» гурехт. Ӯ ҳини фирор гулдастаи зебоеро дар пойдевори зиндонаш боқӣ гузошт, ки афроди зиёд, хусусан хабарнигоронро мафтун намуда буд.

23.10.1974. Дар Вена-пойтахти Австрия, ҷаласаи 75-уми Кумитаи Умумиҷаҳонии Олимпӣ баргузор гардид ва дар он Кумита қарор дод, ки Бозиҳои 22-и Олимпиро дар шаҳри Маскав баргузор намояд.

23.10.1991. Дар СССР Кумитаи Бехатарии Давлатӣ (КГБ) пароканда карда шуд. Тит кардани КГБ, ки асосан амнияти дохилӣ ва хориҷии низоми коммунистиро таъмин мекард, охирин зарба ба пайкари Ҳизби Коммунистӣ гардид.

24.10.1939. СССР бо Олмон созишномаи ҳамкорӣ баст ва тибқи он кишвари шӯроҳо ӯҳдадор шуд, Олмонро бо нафту ғалла таъмин кунад. Ҳатто субҳи 22 июн, ҳангоми ҳуҷуми немисҳо ба СССР, қатораҳои ғалла ва нафт озими Олмон буданд.

24.10.1990. СССР дар озмоишгоҳи атомии шимолии «Замини Нав» (Новая Земля), охирин озмоиши атомии худро анҷом дод.

25.10.1917. Шӯриши мусаллаҳонаи болшевикон дар Петроград. Ин шӯриш, ки бо инқилоби бузурги октябрӣ низ маъруф аст, 70 сол бо тантана дар собиқ СССР ҷашн гирифта мешуд ва бо солшумории нав ба 7 ноябр рост меомад.

25.10.1922. Соати 4-и рӯз қисмҳои Артиши халқи инқилобии Ҷумҳурии Шарқи Дур бо сарварварии И.Убаревич вориди Владивосток шуданд. Ишғолгарони охирин Русияро тарк карданд. Дар кишвари шӯроҳо ҷанги шаҳрвандӣ ба поён расид.

25.10.1990. Қазоқистон Декларатсияи соҳибистиқлолии худро ба имзо расонид. Ин Декларатсия миллати қазоқро дар Қазоқистон миллати асосӣ эълон намуд.

26.10.1936. Сталин дар ҷаласае, ки ба ифтитоҳи нависандагони шӯравӣ баргузор шуда буд, баромад карда нависандагонро «Муҳандисони рӯҳи инсонӣ» номид.

26.10.1976. КМ ҲК ва Шӯрои Вазирони СССР қарорро дар бораи зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот аз моҳӣ ва беҳтар кардани фурӯши он қабул намуданд. Тибқи ин қарор дар собиқ СССР рӯзи панҷшанбе, рӯзи моҳӣ эълон карда шуд. Дар ин рӯз дар тамоми ошхонаҳои кишвар танҳо моҳӣ мепухтанд.

27.10.1962. Бӯҳрони Кариб. Дар ин рӯз самолёти ҷосусии нерӯҳои ҳавоии ИМА дар болои Куба бо мушаки зиддиҳавоии СССР зада афтонда шуд. Сарнишини ин тайёра майор Рудолф Андерсон ба ҳалокат расид. 27 октябрро «шанбеи сиёҳ» низ меноманд, чун дар ин рӯз ҷаҳон аз ҳама наздиктар ба ҷанги атомӣ қарор дошт.

27.10.1990. Аскар Акаев ба мансаби президенти Қирғизистон интихоб гардид.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter