16.10.1927. Ҳукумати СССР эълон намуд, ки дар кишвари шӯроҳо тадриҷан рӯзи кории 7 соата ҷорӣ мегардад.
16.10.1929. Таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон. Ин аввалин давлати миллии тоҷикон баъди суқути Сомониён ба шумор меравад. Гарчанд, то истиқлоли воқеӣ миллати ҷафокашидаи тоҷик ҳанӯз 62 соли дигар масофа дошт.
17.10.1961. Дар Маскав пойтахти СССР Анҷумани 22-юми Ҳизби Коммунист доир гардид. Анҷуман то 31 октябр идома дошт ва дар он Барномаи 3-юми Ҳизби Коммунист баррасӣ ва қабул гардид. Барномаи нав, ки баёнгари сиёсати пешгирифтаи ҲКИШ ба ҳисоб мерафт, яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими ин Ҳизб маҳсуб меёбад. Тибқи ин Барнома мардуми Шӯравӣ мебоист соли 1980 аллакай ба коммунизм мерасиданд.
17.10.1968. СССР ва иттифоқчиёни аврупоиаш қарор доданд, ки нерӯҳои мусаллаҳи худро аз ҳудуди Чехословакия бароранд. СССР ва иттифоқчиёнаш нерӯҳои худро баъди шӯриши зиддикомунистӣ дар Чехословакия вориди ин кишвар намуда буданд. Шӯриш дар Чехословакия пахш карда шуд ва ин нерӯҳо дигар дар ин ҷо ниёзи мондан надоштанд. Бо вуҷуди ин қисмате аз нерӯҳои Артиши Шӯравӣ то ба охир дар қаламрави Чехословакия боқӣ монданд.
18.10.1921. Дар Русияи шӯравӣ бо Декрети махсус Ҷумҳурии автономии Қрим таъсис дода шуд. Бештари аҳолии ин мухторияти навро тоторони қримӣ ташкил медоданд. Соли 1945 баъди ҶБВ Сталин ба хотири хиёнати тоторҳо ин ҷумҳуриро ба вилоят табдил дод ва Хрушёв бошад соли 1954 Қримро ба Украина ҳадя намуд.
18.10.1941. Рихард Зорге, ҷосуси маъруфи Шӯравӣ дар пойтахти Япония шаҳри Токио ба ҳабс гирифта шуд.
18.10.1944. Артиши Шӯравӣ дар рафти ҶБВ вориди Чехословакия гардид.
18.10.1991. Охирин нишасти Раёсати Шӯрои Олии СССР. Кишвари шӯроҳо нафасҳои охирини худро мекашид. Дар ин нишасти охиринашон аъзои ШО муносибатҳои дипломатии СССРро бо Исроил барқарор намуданд. Ин муносибатҳо соли 1967 баъди он, ки Исроил ҷанги навбатиро дар Шарқи Наздик оғоз карда буд ва сафорати СССР дар Тел-Авив мавриди ҳамла қарор гирифт, қатъ гардида буданд.
19.10.1956. СССР бо Япония баёнияи муштаракеро содир карданд, ки мутобиқи он СССР ва Япония аз ҳолати ҷанг бо ҳам, берун меомаданд ва муносибатҳои дипломатиашонро барқарор мекарданд. Мутобиқи ин баёния СССР ӯҳдадор шуда буд, ки баъди бастани созишномаи сулҳ 2 ҷазираи силсилаҷазираҳои Курил- Хабомая ва Шикотанро ба Япония баргардонад, аммо ин созишнома то ба охир ба имзо нарасид.
20.10.1929. КМВКП(б) оғози коллективикунонии умумиро дар қаламрави СССР расман эълон кард ва колхозҳо ба фаъолияти пурсамари худ оғоз намуд.
20.10.1944. Артиши Шӯравӣ дар рафти ҶБВ дар ҳамдастӣ бо партизанҳои югославӣ пойтахти ин кишвар шаҳри Белградро аз немисҳо озод карданд.
20.10.1991. Президенти Русияи тозаистиқлол Борис Николаевич Елсин Вазорати корҳои хориҷии СССРро пароканда кард ва ба ҷои он Вазорати корҳои хориҷии Русияро таъсис дод.
М.Салимшоев